14:21:10 02-уми Майи 2026 сол

Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Италия

11 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Фаррух, бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Италия Пападия дэ Боттини (дар қароргоҳи ш. Тошканд) мулоқот баргузор намуд.

1 muloqot bo safiri iatlia 126545112Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили рушди ҳамкории дуҷониба, густариши муносибатҳои минтақавӣ ва ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҷонибҳо омодагии комил барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобила ва амалӣ намудани созишномаҳои мавҷударо доранд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо изҳори омодагӣ карданд.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ