22:01:39 17-уми Августи 2025 сол

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти содирот баррасӣ гардид

Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти содирот 12 август зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва намояндаи навтаъйини тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Рибас баррасӣ гардид.

1 russia tajikistan 5645124548Дар мулоқот инчунин масъалаи таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешниҳод гардид, ки барои сохта, ба истифода додани маркази муштарак ширкатҳо ва бонкҳои ҳавасманди Федератсияи Русия ҷалб карда шаванд.

Намояндаи тиҷоратии Русия барои мусоидат ба дарёфти маблағгузорӣ бобати татбиқи ин иқдом изҳори омодагӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияти васеи содироти маҳсулоти кишоварзии барвақтию мавсимӣ ва молҳои саноатӣ буда, дар ин самт барои ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги савдои Русия ҳавасмандӣ зоҳир менамояд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ