Мулоқот дар Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон
Ахири ҳафтаи гузашта дар толори маҷлисҳои Институти забон, адабиёти тоҷик ва шарқшиносии АИ ҶТ бо ибтикори Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон мулоқоти Абдулғафури Левол, раиси Маркази таҳқиқоти минтақавӣ ва стратегии Академияи Улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Абдураҳмон Салим, раиси Маркази таҳқиқоти илмӣ-академикии ҶИА, ки барои ширкат кардан дар як конференси илмӣ дар робита бо мавзӯи Афғонистон дар Тоҷикистон ҳузур доштанд, бо аъзои раёсати Анҷуман ва намояндагони аҳли зиёи кишвар баргузор гардид. Қосимшо Искандаров, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон меҳмононро хайра мақдам гуфт ва аз ҳамкориҳои фарҳангии ҳарду кишвар ёдовар шуда зарурати инкишофу рушду онҳоро таъкид намуд.
Абдулғафури Левол асосан дар бораи таърихи робитаҳои фарҳангии Афғонистону Тоҷикистон сухан гуфт ва аз он ниҳодҳои фарҳангии Афғонистон ёдовар шуд, ки дар таблиғи илму фарҳанги Афғонистон дар минтақа нақши муҳимеро бозӣ карданд. Барои мисол ӯ аз Музеи миллии Афғонистон ёд кард, ки дар солҳои 50-уму 60-уми асри гузашта баъди музейҳои миллии Мисру Ироқ дар Шарқ бузургтарин осорхонаи бозёфтҳои ашёи бостонӣ ба шумор мерафт ва ёдгориҳоии муҳими таърихии минтақа дар он нигоҳ дошта мешуд.
Мутаассифона, беш аз 30 соли нооромиҳое, ки кишварро ба гирдоби бадбахтиҳо кашидаанд, ба симои ин ниҳоди маърифатӣ-фарҳангӣ низ нақши манфии хешро боқӣ гузоштаанд. Бадбахтона, ҳазорҳо номгӯй экспонатҳои нодир ё аз байн рафта ва ё ба яғмо бурда шудаанд. Вале имрӯз кор дар ин ниҳод низ дар дигар соҳаҳо ба сӯи беҳбудӣ дар ҷараён аст.
Дар навбати худ Абдураҳмон Салим ҳозиринро бо вазъи кунунии сиёсии Афғонистон ошно кард. Ба қавли ӯ давраи беш аз 12 соли мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон ба ин кишвар имконият дод, ки то андозае дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ рушду нумӯ кунад. Сохтори давлатдорӣ таҳким ёфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ қавӣ ва пойбарҷо гардиданд. Матбуоти ҳақиқатан ҳам дар минтақа аз ҳама озод ба вуҷуд омад. Дар иқтисодиёт ҳам пешравиҳо назаррасанд.
Дар баробари бунёди роҳҳои хеле ҳозиразамон ба манотиқи гуногуни кишвар инчунин корхонаҳои саноатӣ низ сохта мешаванд. Мардум тадриҷан бо ҷои кор низ таъмин мегардад. Абдураҳмон Салим баъди соли 2014 дар Афғонистон боқӣ мондани як теъдод нирӯҳои амрикоӣ ва хориҷиро як амри зарурӣ донист ва ибрози умедворӣ кард, ки Луи Ҷиргае, ки пагоҳ, яъне 21-уми ноябр дар Кобул Созишномаи Афғонистону ИМА-ро дар хусуси ҳамкориҳои минбаъдаи низомӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ин масъаларо ба нафъи мардуми Афғонистон ҳал хоҳад кард.
Як иддаъ аз олимону донишмандон ва журналистони тоҷик, ки дар ин мулоқот ҳузур доштанд, дар баробари посух гирифтан ба суолҳо инчунин фикру андешаҳои хешро барои беҳтар шудани ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон иброз доштанд.
«Рӯзгор»