03:49:09 16-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Мастер ва Маргарита" бидуни ҳузури Олга Кабо ба Душанбе омад

Намоиши "Мастер ва Маргарита",  машҳуртарин асари драмавии муосир, ки аз рӯи романи ҳамноми адиби шинохта ва муҳоҷири рус Михаил Булгаков омода шудааст, аз рӯйдодҳои нишотовари ҳаёти фарҳангии ҳафтаи гузаштаи пойтахти кишвар буд.

master i margarita 454545Дар оғоз танҳо як намоиши он дар театри опера ба балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар дошта шуда буд. Вале баъдан бо талабу дархости мухлисон ва ҳаводорони театр намоиши такрории он низ баргузор шуд. Аммо ғайричашмдошти мухлисони театр иҷрокунандаи нақши асосӣ Олга Кабо, ки қаблан эълон шуда буд ба Душанбе меояд, наомад. Ӯро дар намоишнома Наталя Гончарова иваз кард.

Гуфта шуд, ки Олга Кабо дар арафаи сафар ба Душанбе ба Порис рафтааст. Ин дар ҳолест, ки аксари мухлисон ба 150 сомонӣ барои тамошои ҳунари Кабо чипта дастрас карда буданд.  

Театри мустақили Маскав ҷавонтарин муассисаи фарҳангии пойтахти давлати Русия буда, соли 2003 бунёд шудааст ва аввалин мавсими театрии худро 15 ноябри ҳамон сол маҳз бо намоишномаи "Мастер ва Маргарита" оғоз кардааст. Гирд омадани ҳунармандони варзидае чун Олга Кабо, Владимир Филатов, Наталя Гончарова, ҳунарманди мардумии Русия Владимир Стеклов, Михаил Гудошников, Валентин Мелник, Мирослава Войтенко ва Александр Любченко театрро якбора шӯҳратманд кард.

Тибқи иттилои коргардон, Ҳунарманди мардумии Русия Валерий Беляквич "Мастер ва Маргарита" аз замони рӯи саҳна омаданаш беш аз 700 маротиба дар саҳнаҳои театрҳои гуногуни ҷаҳон намоиш дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки барномаи театр зарфи ин даҳ сол лабрез аз намоишномаҳои ҷолибе, аз қабили  "Дили сагона", "Декамерон", "Вий", "12 курсӣ" шудааст, ки ҳар кадом ҷойгоҳу мавқеъи шоиста дар рушди санъати театрии Русия доштаанд.

Худи романи "Мастер ва Маргарита" сарнавишти аҷиб дорад. То охирин соли ҳаёти муаллиф он номи ягона надошт ва Булгаков пайваста дар раванди таълиф исми онро дигар мекард ва инро ба ҳампешагону ҳамнишинонаш дар муҳоҷират хабар медод. Ҳарчанд он як асари хеле машҳури Булгаков мебошад ва аллакай вориди хазинаии тиллоии фарҳанги ҷаҳонӣ шудааст, вале асари нотамом ҳисобида мешавад. Адиб кори онро соли 1929 сар кардааст.

Вале баъдан аввалин дастнависи онро бо дастони худаш нобуд сохтааст. Соли 1931 бошад дубора ба навиштаи асар оғоз кардааст. Дар замоне, ки кори он идома дошт, Булгаков наметавонист номи ягона ва муносиберо барояш интихоб кунад. Аз ин ӯ дар оғоз он "Романи фантастикӣ" ва "Кулоҳ бо перо" ҳам номида мешуд. Танҳо соли 1937 ба он "Мастер ва Маргарита" ном гузошта шуд. Аммо Михаил Булгаков онро ба итмом нарасонд ва то охири умраш ҳарчанд болои он кор кард, вале муяссар нагардид, ки аз поёни роман пайғом диҳад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi