18:20:49 19-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Базми интизорон

Базмороии устод Бозор Собир дар Душанбе ногаҳон овоза шуд. Шоми 22 ноябр мо ҳам рафтем, ки ташнагии хештан бишканем. Шоири 75-солаи тоҷик бо рӯйи кушода пешорӯйи мардум омад:

bozor-sobir-2256666Даҳон аз ханда лабрези диловез,

Ҷаҳон аз ханда лабрези диловез!

Ба гуфти худаш:

Дубора чаҳ-чаҳа сар шуд,

Дубора қаҳ-қаҳа сар шуд!

Устоди гиромиро 3 сол боз надида будам, ҳайратзада менигаристам:

 Дидамаш аз пушти ӯ риши тунук,

Дидамаш аз пушти ӯ риши хунук!

Ошнои кӯҳнаи ман буд ӯ азиз!

Бо зангӯлаи овозаш дилам сӯйи мактаби азиз бол мекушояд...

Овози дилнавозаш аз банди ҷигар чунон меомад, ки роҳати дунё кардем. Дар шаршараи диловези овозаш ҳазор дил овезонаю мо масти тамошоем.  

Фаввораи шеър мепарад ай дилаше,

Фаввораи шеър медарад ҳай дилаше!

Фаввораи шеъру нозанин чашмбарӣ,

Фаввораи шеъру нозанин чашмпарӣ!

Ҳар касе дар гулистон масти тамошо гашта бошад, аз ӯ хубтар касе намедонад мастии моро.

Ҳавои обшоронай диловез,

Навои обшоронай диловез!

Дил асте дар ҳаво масте,

Дил асте дар наво масте!

Ҳаво дар ӯ лавои чашма гулбезай

Наво дар ӯ лавои чашма гулрезай!

Ҳаво дар ӯ лавои нозанин мебеза гул, дидӣ?

Наво дар ӯ лавои нозанин мереза гул, дидӣ?

Шоирон, садаспа чӣ ки, агар ҳазораспа даванд, ба гарди роҳаш намерасанд!

20 соли расо дарбадарӣ кард! Дар ёди Ватан фарёду фиғони дилаш хунрезу хунхез ба гардун мерафт...

Дидем ҷафиданои дил ай дурӣ,

Дидем кафиданои дил ай дурӣ!

Ай дур ҷафиданои дилша дидем,

Ай дур кафиданои дилша дидем!

Рагҳои ҷафидаи дилаш печида,

Рагҳои кафидаи дилаш печида!

Кардем тамошои ҷафидан ин сӯ,

Кардем тамошои кафидан ин сӯ!..    

Оташи шеър дар дили шоир аланга мезад. Баски дили чок-чокаш аз шеър меҷӯшиду мерӯшид, намедонист аз куҷо бигирад. Як даҳон аз як ҷаҳон шеър чӣ мегирад? Гоҳ аз худ, гоҳ аз дигарон мехонд. Бисёрии шеърҳои хондагиашро мо кайҳо хондаву дар параи дил баҷо карда будем...

Эй, дил ба ҳавои суханаш масти тапидан,

Эй, дил ба навои суханаш масти лапидан!

Дастон ба ҳаво масти шапидан,

Мастон ба наво масти шапидан!

Чӣ солҳо, ки ай сари мо бигзашту чунин дидор надидем. Саҳнаро як шоири пир медиҳад як дунё ҷавонӣ! Ҷавоние, ки ҳама орзуяшро дар дили хеш мепарварем. Ҷавоние, ки ормонаш дар ду дунё аз дил намеравад... Бо ёдҳои ширин майда-майда базм нозанин таспида рафт:

Назма часпонданша бин,

Базма таспонданша бин!

Базма таспиданша бин,

Назма часпиданша бин!

           Нозанин таспидано,

Нозанин часпидано!

Нозанин таспондано,

Нозанин часпондано!

Ҳунармандони азизи мардум Ибодуллои Машрабу Саидқул Билол бо созу навои хештан дар дамгириҳои устод гулхани базмро ранги дигар меафрӯхтанд.

Боз навбати устод мерасид, ӯ аз дарёи шеъраш дона-дона гавҳар берун меоварду мегуфт:

-Дидед? Шеър ҳамин хел мешавад, аз ин беҳ намешавад!

Устоди арҷманд мехонду аз пушти парда танобашро мекашиданд. Дигар ба дили худ гапзаданит мемонанд? Худаш ҳам рӯйи рост гуфт:

-Эй мардум, лаҷоми маро ай ин сӯ Низом Қосиму ай он сӯ Ибодуллои Машраб мекашанд!

-Оре, нав дар даст афтодаӣ, эй мусофир! Обхӯрит намемонанд!

Ин овози Забардаст буд, ки ҳуши моро парешон кард.

Чун оҳанги хайрбодӣ навохтанд, кайфпарон шудем. Ташнагии чандинсола ношикаста бархостем.

Дами дар бонуи ошноеро шукуфта дидам, гуфт:

-Интизори Бозорем. Ку биёяд, ягон сурат бигирем.

Ба ӯ ташнаи дидор гуфтам:

-Рафтем, дигар Бозор Собир дар сад сол аз чунин дар на медарояд, на мебарояд! Ӯ роҳи дигар дорад, аз дари партовӣ рафт, кайҳо ҷояшро гирифт!

Бонуи нозанин ороставу пероста монду ман ба раҳи худ шудам...

Дар ҳамон чаҳ-чаҳазаданҳои дили устод кам-камак дили мо ҳам чунин чаҳ-чаҳа зада буд:

Мӯҳота сафед карда бад омадие,

Рӯҳота сафед карда бад омадие!

Дидем сафед карданои мӯра,

Дидем сафед карданои рӯра!

Ҳе, ӯта сафед кардани мӯҳоте,

Ҳе, ӯта сафед кардани рӯҳоте!

Ҳайҳот! Сафед кардани мӯҳоте,

Ҳай ҳот сафед кардани рӯҳоте!

Ай рӯйи ту пеш мерасад риш ба чашм,

Ай рӯйи ту беш мерасад риш ба чашм!

Дидем тунук чӣ рангае риши хунук,

Дидем хунук чӣ рангае риши тунук!

Шеъри ту чароғи нозанини дилаё,

Шеъри ту фароғи нозанини дилаё!

Пирона сухан бигӯ, ки раҳ бикшоӣ,

Пирона сухан бигӯ, гираҳ бикшоӣ!

Пирона сухан бигӯ, ки дар дил шина,

Пиро, на сухан бигӯ, ки дар гил шина!

Пирона сухан бигӯ, ки ҳайрон гардем,

Пиро, на сухан бигӯ, ки вайрон гардем!

 Сайёд Ғаффор, барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi