19:04:51 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ду ҳикоя: «Руҳи маҳвнашаванда», «Кулбаи хушбахтиҳо»

Аветик Исаакян 1875-1957, нависандаи арман

«Руҳи маҳвнашаванда»

Дар қаъри биёбон, дар он ҷое, ки танҳо дар шабҳои ором шавшуви ороми оби Фурот шунида мешуд, хаймаҳо истода буданд. Дар ин хаймаҳо даҳҳо арманиҳо-пирон, занҳо ва кӯдакони аз қатли оми даҳшатбор раҳоёфта чой гирифта буданд. Либосҳои фарсудаи ямоқӣ тани онҳоро пӯшонида, дар умқи чашмони онҳо тарсу ҳарроси абадӣ ҳувайдо буд, чун мардуми тасодуфан ва ғайриоддӣ аз марг халосёфта. На табассуме, на шодие, танҳо каме шӯълаи умеду орзуе дар марвориди чашми онҳо гармӣ мебахшид ва ба рӯи онҳо паҳн мегашт.

***

navisanda-45898989Офтоби сӯзон аз пагоҳӣ аз осмон оташи худро фурӯ мепошид ва саҳар низ мисли нимарӯзӣ беҳад тафсон буд. Дар дуриҳои дур, дар атроф ранги зардчатоб парешон буда, ба мисли девораҳои мисин дар уфуқ ҷой гирифта буданд. Мӯйсафедону пиразанҳо, беморону бемадорон дар гӯшаи хаймаҳо нишаста,чашмонашонро пӯшида, дудмонаи дудкашҳои ороми хонаҳои аз даст дода ва гулбоғҳои шукуфони худро ба ёд меоварданд. Рӯзона дар атрофи хаймаҳо бадавиҳои ваҳшӣ дуздона сайру гашт намуда, назар меандохтанд, ки аз дасти қотилон оё духтарони соҳибҷамоле раҳо наёфтаанд, шабона бошад хомӯшии чун мазористони биёбонро танҳо улоси кафторҳо, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо мегаштанд, вайрон мекард. Одам ва ҳайвон,чи таззоде, ки аз мардуми мавриди қатли ом қароргирифта боқӣ монда буд.

***

Саҳарӣ. Занони бармаҳал пиргашта дар сояи хаймаҳо истода, матоъҳоро бо дастони харобгашта дошта,чизеро медӯхтанд. Бо ҳолати таҳқиромез онҳо аз арабҳо кореро пурсида ба хотири як пора нони сиёҳ барои аҳли оила иҷро мекарданд. Занон бо тамоми қуввату ғайрати боқимонда кор мекарданд. Дар назди хаймаҳо кӯдакон, духтарону писарбачаҳо-ҳама қисмати шуми худро фаромӯш карда бозӣ мекарданд. Гоҳ-гоҳ овози хандаи онҳо баланд мешуд. - Бачаҳо, машғул шавед !... - шунида шуд садое аз дохили хаймае.

Даст ба даст дода, ба яке аз хаймаҳо ду писарбача давида рафтанд. Калониаш дувоздаҳсола ва хурдиаш ҳафт-ҳаштсола буданд. Бачаҳо худро ба оғӯши модарашон партофтанд. Ин зани бадбахт шавҳар ва ду фарзандашро аз даст дода буд: шавҳар ва писари навҷавонашро полисҳои турк ба худ бурда, духтарашро курдҳо дуздида буданд. Модар фарзандонро навозишкорона, маҳин бӯсида, ба писари хурдӣ муроҷиат кард: Ягненҷони ман, чизеро, ки ман ҳоло менависам хон: мебинем канӣ ту ҳарфҳоро хуб мешиносӣ, зеро ту бояд навиштанро омӯзӣ. Агар хуб хонӣ, ман ба ту хурмо медиҳам. Бо ангушти ишоратӣ модар дар болои рег сатрҳои зеринро нақш кард:«Худоё падари мо ва хоҳару бародари моро наҷот бахш». Писарбача бо ҳиҷо навиштаро хонд.

- Офарин, шодии ман… Модар писарчаро бӯса карда, ба ӯ чанд дона хурмои хушк дод.

- Акнун хозир кӯшиш куну навис:

Хурмоҳоро хоида писарбача бо даст дар рӯи рег чизеро наққошӣ кард. Бародари калонӣ бошад дар ин муддат ибораи дарозеро навишт.

- Ту чиро навиштӣ, Вазгенҷони мехрубони ман,- пурсид модар. Ӯ ба онҷо чашм дӯхта хонд:

-Гайринасрониҳо падар, бародар ва хоҳари моро асир гирифта бурданд. Мегӯянд, ки онҳоро куштаанд. Ман ба ин боварӣ надорам. Вақто, ки мо ба хона барегардем, онҳоро зинда ва тансиҳат дар  хона хоҳем ёфт….

-Албатта, меҳрубони ман, албатта, изҳор дошт модар. Ӯ бо душворӣ ашки чашмонашро нигоҳ дошта, бачаро бӯсид. Ӯ дигар мадори дарсгӯӣ надошт. Ба бачаҳояш модар хурмо ва пораи нони сиёҳ дода, онҳоро озод кард.

-Акнун раведу бозӣ кунед. Шом, Вазгенҷони ману шумо Инҷилро хоҳем хонд. Ту бояд онро хуб донӣ, то дӯстонатро ба тааҷҷуб оварӣ. Вақте, ки ба хона бармегардем, падарат мебинад, ки ту бефоида вақтатро нагузаронидаӣ ва шод хохад шуд. Бачаҳо шодон аз хайма берун тохтанд. Модар аз паси онҳо нигоҳ карда, оҳи бадарду талхе кашид ва ашконашро тоза намуда, бо худ гуфт:-Албатта, вақте, ки мо ба кишвари озодгаштаамон бармегардем, мо азизонамонро зиндагашта дармеёбем, албатта меёбем...

-Аз баъзе модарони бадбахти арманӣ ягон китобе боқӣ намонда буд, танҳо Инчил. Реги биёбон барои бачаҳои арманиҳои дардкашида ҳам китоб буду ҳам дафтар, дар биёр ҳолатҳо ҳам кафану ҳам мазор.

«Кулбаи хушбахтиҳо»

Осиёби фақиронае дар соҳили рӯди зумуррадранг қарор дорад. Дар назди дари он, зери сояи маҷнунбеди сабз оромона осиёбон чубуқашро қулоб кашида, дар паҳлуяш завҷааш менишаст, ҳамон ҷо дар пайроҳа писараки зебои онҳо намудор гашт. Маҷнунбед оромона меларзид ва маҳин - маҳин ба назар гӯё афсонаи қадимаро оиди рӯзҳои гузашта таконда ба осиёб нақл мекард.

***

Боре писарак дар думболаи шабпараке аз хонаашон хело дур рафта, дар мобайни буттаҳо роҳгум зад. Ӯ аз як теппа гузашта, баъд аз дигарӣ гузашта, баъдан пайроҳаеро, ки ба сӯи хона мерафт, гум кард ва ба лаби роҳе нишаста ,талх гиря намуд. Аз ин роҳ корвон мегузашт. Яке аз роҳгузарон писари гирёнро дида дилаш ба ӯ сӯхт ва ӯро ҳамроҳаш гирифт. Ин одам фарзанд надошт ва ба хона баргаша писаракро писархонд кард. Писарак ба воя расид.

Ҳама ин навраси боистеъдодро дӯст медоштанд, лекин ӯ ҳама вақт афсурдахотир буд, ҳама вақт ошуфта. Шомгоҳон, вақто, ки ӯ дар айвони зебои рӯ ба сӯи боғе, ки ҳама вақт дарахтонаш меларзиданд ва фаввораҳои обаш мавҷ мезаданд, менишаст ба андеша, фикри ҷаҳони дигаре ғутавар мегашт. Мисли хоби дур хотираҳояш гоҳ пайдо мегаштанду, гоҳ ғайб мезаданд. Ба хотири навҷавон осёби фақиронаи соҳили рӯди зумуррадгун омада, он рӯзу шаб ба гӯшаш афсонаи кадимаи маҳинро мисли овони кӯдакиаш қироат мекард.

У онҳоеро, ки зери сояи маҷнунбеди сабз нишаста буданд, ба хотир овард. Якеро бо фикру андеша, бо чубуқи дудбарор дар дандонҳояш, дигареро бо ашки шашқатори чашмонаш, дар дуриҳои дур….

-Чаро шумо ин қадар ошуфтахотиред, писарам?- суол медод падараш.

-Ба ту чӣ намерасад? Агар ту духтареро дӯст дошта бошӣ, ба ман гап зан .Мумкин туро дигар чиз ғамгин месозад?...

Падари меҳрубон бо мақсади шод кардани писараш ҷашн барпо кард. Шӯълаи рахшони машъалҳо хонаро мунаввар сохта, духтарони соҳибҷамол навҷавонро иҳота намуда, хуррамона гуфтугӯ намуда механдиданд. Лекин навҷавон боре пинҳонӣ аз хона баромад ва дар ҳавои туманолуд аз назарҳо пинҳон шуд ва дигар барнагашт.

***

Ӯ дар ҷойҳои гуногун муддати зиёде сайру саёҳат намуд. Пурсид, кофт ва ахиран яке аз шомгоҳҳон осиёби фақиронаеро дар соҳили рӯди зумурадгун дид. Аз мӯрии кулбаи фақирона, дуд ба деворҳои осиёб зада паҳн мегашт. Навҷавон ба кулба наздик шуда, оҳиста бо эҳтиёт ба тиреза нигоҳ кард.

Дар кулба одами пирсоле чӯбчаашро дар даҳон мехоид. Кампири фартуте бо дастони коқу харобе ба рӯи миз дастурхон паҳн мекард. Вақто, ки онҳо ба тановули хӯроки нисфирӯзӣ нишастанд, кампир пораи нонро, дар гӯшаи миз гузошта изҳор кард:

- Ин ҳақи писараки ман.

 - Эҳ занак, чанд сол боз ту ҳақи писаратро ҳамин хел ҳар рӯз ҷудо мекунӣ,  вале рӯзи дигар маҷбурӣ, онро боз ба роҳгузарон садақа кунӣ! Писари мо дигар барнамегардад…

-Худо медонад, ин дар зери боми кӣӯҷой гирифта бошад, кадом модари бегонае ӯро парасторӣ мекунад. Мумкин аст  писари он модар низ дар куҷое сарсон бошад, ман ҳақе ба ӯ хоҳам дод, ҳақи писарамро….

Дар ин ҳолат навҷавон ба кулба ворид мешавад ва бо ашки чашм модару падарро ба оғӯш мекашад.

-Писари мо, писари мо нидо бароварданд пиронсолон, ашки шодиро резонда. Шӯълаи оташи меҳр забона мезанад, шодона аланга мезанад, ба кулбаи хушбахт равшанӣ мебахшад… Осиёб нарм - нарм тук-тук намуда, афсонаи пешинро ширин-ширин чун замони тифлӣ, чун давраи тиллоии кӯдакӣ нақл мекунад.

Тарҷумаи Варқаи Зайниддин, узви ИЖ-и ҶТ, Аълочии матбуоти ҶТ, ш. Қӯрғонтеппа

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi