16:45:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мусиқӣ-роҳи алтернативии сулҳсозӣ

Марина Варнер, романнавис ва мунаққиди Британияи Кабир, дар мақолае бо сарлавҳаи «Замоне, ки ҳанӯз нарасидааст», ба фаъолияти оркестри симфонии «Девони Ғарбӣ- Шарқӣ», ки бо ташаббуси сиёсатшиноси маъруф Эдвард Саид ва композитору дирижёр Даниел Баренбойм ташкил шуда, ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ «Роҳи алтернативии сулҳсозӣ»-ро тавассути мусиқии симфонӣ пешниҳод намудааст, таҷдиди назар меандозад. Гап дар сари он аст, ки оркестр иборат аз мусиқачиёни араб ва яҳудӣ буда, барои ҳалли низоъи Фаластин ва Исроил созмон дода шудааст.

1-musiqi 2222Мутаасифона, ба гуфти Марина Варнер чунин усули сулҳсозӣ дар ҷаҳони имрӯз ҳанӯз шинохта нашудааст ва консертӣ оштӣ, ки муаллифони барнома дар назар доштанд, дар Исроил иҷро нагашт. Илҳоми сиёсатшинос ва фарҳангшинос Эдвард Саидро аз мероси Гёте, Марина Варнер чунин арзёби менамояд: «Аз лирикаи Гёте, кашфиётҳои ӯ бармеояд, шоир аз санъат ва фарҳанги гузаштаи Шарқ ғизои маънавӣ мебардорад, на аз қолабҳои фикриву фаъолиятҳои дафтарҳои давлатӣ». Ба назари муаллиф, шинохтани фарҳанги дигар дар халлоқияти Гете алайҳи миллатчигии Наполеон равона шуда буд. Вале ҳанӯз ҳам ин бемории умумиҷаҳонӣ дар вуҷуди башарият қавист ва бинобар ҳамин, замони сулҳофарини тавассути санъати мусиқии баланд, ба назари муҳаққиқ ва нависанда ҳанӯз фаро нарасидааст.

Бо вуҷуди таҳлили ниҳоят хубу гуворои муҳаққиқи англис, мақолаи ӯ аз камбудиҳо низ холӣ нест. Аввалан, ин ки муаллиф сарчашмаҳои аслии Гётеро муайян накардаааст. Дуюм ин ки репертуари оркестри симфонии Саид ва Баренгейм низ маълум нашуд. Оё маҷмӯаи асарҳое, ки ин ду шахси барҷаста барои арабҳо ва яҳудиҳои имрӯза интихоб карданд, аз сарчашмаҳои мусиқии ин ду халқ бардошта шудаанд ё худ мутлақо аз мусиқии классикии аврупоӣ иборатанд? Ин масоилро бояд равшан мекард.

Вале бояд гуфт, ки назарияи созандагии Аврупо дар шинохтани фарҳангҳои дигар аз замони Гёте инҷониб хело ва хело коҳид ва асри 19 ва аввали асри 20-и Аврупо, хусусан, Бритониёи Кабир, ҳамчун замони буҳрони афкори адабӣ шинохта шудааст. Парадокс дар ин аст, ки барқарор намудани қувваи эҷодӣ дар Аврупо бо замони колониализм ва истифодаи ниҳоии арзишҳои фарҳангии Шарқи Наздик, аз ҷумла Осиёи Миёна, сахт пайвастааст. Ошкор намудани чунин ҳақиқат яке аз равандҳои муҳимми мактабҳои илмӣ-тадқиқотии замони шӯравӣ буда, имрӯз такмил ёфта истодааст. Вале баргардем ба мусиқӣ ва алалхусус, мусиқии симфонӣ ҳамчун яке аз олотҳои муҳимми барқарор намудани сулҳи ҷаҳонӣ.

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Симфонияи 7-уми Шостакович дар ҷаҳони имрӯза табаддулоте ворид кард. Маълум гашт, ки мусиқии симфонӣ қодир аст на фақат ваҳдати мардум ва бад ин васила дар онҳо руҳияи сулҳдӯстиро бедор кунад, балки ӯро қувваи илоҳӣ бахшида, аз чорчӯбаҳои забонӣ, динӣ ва ҳатто фарҳангӣ- миллӣ озод намуда, барои ташаккули назарияи умумибашарӣ ва ҷаҳоншаҳрвандӣ мусоидат намояд. Агарчи назарияи ҷаҳонӣ хоси шуарои замони классики форсу тоҷик аст, мусиқии симфонии тоҷик фақат дар нимаи дуввуми асри ХХ ба вуҷуд омад.

Аввалин пажуҳишгоҳи муосири илмӣ-тадқиқотии мусиқӣ дар Самарқанд дар соли 1926 бо ташаббуси Абдурауфи Фитрат бунёд гашт. Вале аз як тараф баҳсҳои мафкуравиву миллатчигӣ ва аз тарафи дигар рафтори дағалонаи болшевикон барои рушди он пажуҳишгоҳ монеъаи ҷиддӣ гашта, худи Фитрат  дар соли 1937 ба ҳабс гирифта дар соли 1938 кушта шуд.

2-musiqi 2222Барқарор намудани ҷараёни ташаккулёбии мусиқии муосири Авроосиёии Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷик, баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум оғоз  шуда бошад ҳам, бунёди фазои мусиқии симфонии тоҷик ба солҳои 50-60-уми асри гузашта рост меояд. Аввалин достони симфониро бо номи «Сегоҳ» Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Ю.Тер-Осипов офариданд ва баъд аз онҳо асари «Бузрук»ва чанд достони симфонии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ ба миён омад, вале ташкили худи оркестри симфонии филармонияи давлатӣ ба номи устод Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ марбут аст.

Соли 1956 Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ раиси Иттиҳоди Композиторони Тоҷикистон интихоб мешавад. Ҳамзамон ӯ аъзои раёсати Иттиҳоди Композиторони Шӯрави интихоб гашта, то он дам чандин маротиба депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Бинобар ҳамин, тамоми кушишу ғайрати ташкилотчигӣ ва робитаҳои эҷодии худро барои ташкил кардани оркестри симфонии миллӣ сафарбар менамояд. Дар натиҷа 18 апрели соли 1957 аввалин консерти  мусиқии симфонии тоҷик дар толори Консерваторияи давлатии ба номи П.И.Чайковский баргузор мегардад.

Бори аввал дар таърихи мусиқии тоҷик асарҳои симфонии композиторон, аз ҷумла, рапсодияи Фозил Солиев, кантатаи Шарофиддин Сайфиддинов «Тоҷикистон», достони симфонии Яқуб Сабзанов «Ёдбуди Рӯдакӣ», сюитаи Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, арияҳо аз операҳои тоҷик садо медиҳанд. Саҳме, ки композиторони тоҷик дар фазои мусиқии симфонии умумишӯравии он замон гузоштанд, аз тарафи муҳаққиқони русу дигар миллатҳои шӯравӣ баланд арзёбӣ гашта буд.

Умуман, мусиқии симфонии тоҷик дар саҳти умумишӯравӣ ҳамеша ба баҳои баланд сазовор мегашт ва чунин обрӯву эътибори халқи мо дар канори халқҳои Руссия ва Аврупо аҳамияти умумиҷаҳониро касб мекард. «Симфонияи мақомҳо»-и Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ дар соли 1978 дар иҷрои оркестри ҷумҳуриявии симфонии филармонияи давлатии  тоҷик ва оркестрҳои кишварҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла оркестри Театри калони СССР, бо муваффақият иҷро шуда, ҷоизаи дуввуми умумииттифоқиро дар ҳамон сол соҳиб гашт. Аммо агар чунин муваффақиятҳо дар кишваҳои дигари собиқ шӯравӣ дар сатҳи миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат муаррифӣ мегаштанд, дар Тоҷикистон он замон чунин муваффақияти композитори шинохта қадр нагашт.

Бо вуҷуди он, маъруфияти асарҳои симфонии устод Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ дар сатҳи умумишӯравӣ ба насли дуввуму сеюми композиторони тоҷик, Фаттоҳ Одинаев, Саидҷон Ҳамроев, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Фируз Баҳор, Толиб Шаҳидӣ, Талабшо Сатторов таъсири амиқе гузоштанд.Агарчи дар баробари муваффақиятҳои композиторон, артистон, режисёрони касби, рақобат ва муқобилати байнифарҳангӣ дар фазои муштараки шӯравӣ тезу тунд мегашт, пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дурнамоҳои нави ҷаҳонӣ гаштани мусиқии симфонии тоҷикро  мекушод.

Дареғо, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба чунин дастовардҳо зарбаи сахт расонид. Садҳо мусиқачиён ва ҳунармандони варзида кишварро тарк карданд. Заиф гаштани фазои фарҳангӣ шубҳаҳои ниҳоии пештараро,аз қабили «чӣ даркор мусиқии аврупоӣ» ва оё «опера санъати миллист» ва ҳоказо зинда кард. Аз талафотҳои иқтисоди ҷанги шаҳрванди, пеш аз ҳама, санъати касбӣ талафоти ҷонкоҳе дид.

3-musiqi 2222Вале баробари ба итмом расидани ҷанг ва ба имзо расидани Сулҳи тарафайн, бунёди заминаи ҳуқуқӣ-қонунии фарҳанги миллӣ шӯруъ шуд. Агарчи оркестри симфонии филармонияи тоҷик парешон гашт, консерваторияи давлатии миллӣ ба номи Талабшо Сатторов фаъолияти худро оғоз бахшид. Робитаҳои мустақими мусиқичиёни касбӣ бо ҷаҳони паҳновар имконпазир гашта, имкониятҳои нав ба нав пеш меоварданд. Мутаасифона, адами иттилооти дуруст оид ба рушду инкишофи афкори симфонии опера ва балети тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ, таваҷуҳи ҷаҳониёнро ба санъати муосири мусиқии тоҷик хело боздошт.

Вале имрӯз вазъият ба тези таъғир ёфта истодааст. Муҳаққиқони соҳаҳои мусиқии симфонии опера ва балети тоҷик дар Аврупо ва ИМА ташаккул ёфта истодаанд. Аммо набудани оркестри симфонӣ ва асарҳои назаррас бунёди фазои муштараки муҳаққиқони тарафайнро нигоҳ дошта истодааст. Илова бар ин адами кадрҳои забондон барои рушди робитаҳои касбӣ монеъаи дигар аст.Бинобар ҳамин, барқарор намудани оркестри симфонии миллӣ ва тарбияи кадрҳои забондон дар соҳаи мусиқишиносӣ талаботи нави ҷаҳони имрӯза аст. Ногуфта намонад, ки дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оркестрҳои хуби симфонӣ вуҷуд доранд, ки нишонаи замонавӣ будани фарҳанги мусиқии онҳост. Кайҳо вақте расидааст, ки оркестри муштараки симфонии халқҳои Осиёи Марказӣ ташкил шуда, таконе барои барқарор намудани ҳуввияти миллӣ минтақавӣ бахшад.

Чунин оркестр хусусан дар соли оянда, соли 2014, барои таҳкими сулҳи минтақавӣ зарур аст, зеро соли оянда қушунҳои НАТО аз Афғонистон бароварда мешаванд. Бисёр мутахассисон соли 2014-ро замони имтиҳони сулҳсозӣ ва сулҳофаринии кишварҳои ин минтақа мешуморанд. Оркестри муштараки симфонии халқҳои Осиёи Марказӣ метавонист ҳамчун қувваи алтернативии сулҳсоз барои ҳамдигарфаҳмӣ, аз дохил ва пурқувват намудани робитаҳои байниминтақавӣ аз хориҷ хизмат кунад. Бо чунин амал мо метавонистем ба Аврупо паём диҳем, ки вақти эҷоди сулҳ тавассути санъат расидааст.

Барқарор намудани оркестри симфонӣ дар Тоҷикистон соли оянда боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки соли 2014 ҷашни 100-солагии устоди барҷастаи мусиқии симфонии тоҷик, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, баргузор мегардад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба идораҳои дахлдор дастуре доданд, ки ба ин санаи муборак барномаҳои худро пешниҳод намоянд.

Шояд Филармонияи давлатӣ барномаи барқарор намудани оркестри симфонии миллиро пешниҳод менамояд?

Мунира Шаҳидӣ, мудири осорхонаи ҷумҳуриявии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, раиси бунёди байналмилалии фарҳангии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, аъзои ШҶ дар назди Президенти ҶТ, махсус барои «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi