06:30:49 16-уми Июли 2025 сол

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд

Дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот анҷом доданд.

1 muloqoti rustami emomali volodin 325541221Зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Думаи давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори итминон карданд, ки ин робитаҳо барои ба зинаҳои баланд баровардани сатҳи шарикии бисёрҷонибаи ду давлат мусоидат менамоянд.

Дар самти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус, дар бахшҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёту телекоммуникатсия, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зарур дониста шуд.

Масъалаҳои танзими муҳоҷират ва тавсеаи равобити фарҳангию гуманитарии байни ду кишвар аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла масоили рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ