15:48:21 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Дилбар Умарова ҳеҷ гоҳ пир намешавад"

Дилбар Умарова аз зумраи симоҳои мондагори театру синамои тоҷик аст. Ин бонуи саропо ҳунару зебоӣ соли 1971-ум Донишгоҳи санъати театрии ба номи Луначарскии Маскавро хатм карда ва аз он айём то ба имрӯз дар театру синамои тоҷик нақшҳои зиёде офарида.

1-dilbar-umarova 545445Ӯро бинандаи тоҷик хеле хуб мешиносаду дӯсташ медорад. Дилбар Умарова дар зиёда аз 40 филми бадеӣ нақш бозида ва филмҳои "Қиссаи зиндони Павиак", "Вақте ки осиё бозмонд", "Зане аз роҳи дур", "Боз як шаби Шаҳрзод", "Сароби ишқ", "Дарди ишқ" ӯро маҳбуби дилҳо гардонида. Вақте хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман барои ҳамсуҳбат шудан бо маликаи саҳнаи театри тоҷик - Дилбар Умарова ба театри академии ба номи Лоҳутӣ рафт, ҳунарпешаи дӯстдоштаи Шумо бо ҷамъе аз ҳунармандон барои спектакли наве тамрин мекарданд. Баҳман мунтазир монд то онҳо корашонро ба анҷом расонанд ва баъди итмоми тамрин бо Дилбар Умарова суҳбате анҷом дод, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Ман чанд муддате шоҳиди тамрини Шумо будам. Шумо бо устод Фирӯз Умаров ва чанд ҳунарманди дигар саҳнаеро аз намоиши "Духтари саркаш" таҳия менамудед, ки воқеан аҷиб буд. Шумо дар ин саҳна ба театр кам омадани тамошобинро бо кинояву танз зикр мекардед ва шояд воқеан вазъи имрӯзи театрҳои моро дар назар доштед. Ва маҳз дар ҳамон лаҳза ба сари ман суоле омада буд, ки аслан Дилбар Умарова сабаби таваҷҷуҳи андаки ҷомеаи имрӯзро ба театр дар чӣ медида бошанд?

- Ҳоло замона чунон тараққӣ кардааст, ки дар ҳар хонадон телевизион ҳаст, DVD ва компютер ҳаст. Мағозаҳои дискфурӯшӣ ҳам чунон зиёд шуда, ки мардум ҳама гунна филми дилхоҳашонро осон дастрас намудаву метавонанд дар хона, дар нармкурсӣ роҳат тамошо кунанд. Шояд ҳамин бошад як сабаби аслии оне, ки тамошобин ба театр камтар меояд.

-Агар технологияи муосир ҷойи театрро гирифта, пас оё театр имрӯз то ҷойе рисолаташро аз даст додааст?

-На. Зеро агар сардафтари адабиёти тоҷик Рӯдакӣ бошаду падари таърих Ҳеродот ва ё нафари дигаре асосгузор ё саромади илм ё шохаи дигар, модари тамоми санъатҳо ин театр аст. Таърихи театр аз даври қадимтарин, аз замони Софоклу Еврипид оғоз мешавад. Давроне, ки на синамо буду на техникаву телевизион, танҳо театр буд ва санъати асил ҳам аз театр сарчашма гирифтаву дар театр рушд кардааст.

Ба мо ин суолро бисёр медиҳанд, ки "чаро мардум кам ба театр меоянд?". Ростӣ, аз ин гуна пурсиш хушам намеояд. Зеро агар худи Шумо ба театри мо омадаву дар намоишномаҳои мо ҳузур дошта бошед, медонед, ки агарчӣ толори мо пуропур набошад ҳам, лекин ҳамеша тамошобин ҳаст. Хушбахтона, имрӯз ҳам бисёранд шахсоне, ки театрро дӯст медоранд.

-Намоиши "Духтари саркаш" чӣ гуна намоиш аст ва Шумо дар он чӣ нақшро иҷро мекунед?

-Ин намоишнома навиштаи Шекспир асту хеле намоишномаи ҷолиб ва дар ҷаҳон машҳур. Имсол дар Маскав маротибаи чор ҳазорумини рӯйи саҳна омадани ин спектаклро ҷашн гирифтанд. Тамоми Маскав ид кард. Дар собиқ Иттифоқи Советӣ ин спектаклро Станиславский,устоди санъати театрии сатҳи ҷаҳонӣ аввалин маротиба ба саҳна гузоштааст.

Ман дар намоишнома нақши асосӣ- нақши духтари саркашро бозӣ мекунам. Намоишнома ҳам дар бораи ҳамин духтар аст. Тамоми ҳунарпешагони ҷаҳон орзуи бозӣ кардани ин нақшро мекунанд. Фирӯз Умаров ин намоишномаро дар театри мо бо роҳи "фарс" ё "гротеск" ба саҳна мондааст. Мавзуъ ҳамон ҳамон мавзуъ аст ва фарқ дар он аст,ки гӯё мо калонсолон барои як шахси доро "гротеск" карда (яъне бе риояи таносуби синну солӣ) ин нақшҳоро мебозем.

-Ман аз чанд лаҳзаи тамошои тамрини Шумо пай бурдам, ки иҷрои ин нақш барои Шумо осон ҳам нест…

-Албатта, осон нест, аммо он қадар мавзӯи хуб асту барои ҳунарманд як мактаб. Ва мо тамоми захоири зеҳниву ҳунарии худро истифода бурда, дар ин синну сол ин нақшҳоро бозида истодаем.

-Барои устод Дилбар Умарова, ки дар айни камолоти синнӣ ҳастанд, иҷро кардани нақли як духтари саркашу якрав ва гапнодаро чӣ гуна даст медода бошад?

2-dilbar-umarova 545445-Дилбар Умарова худаш қариб ки ҳамин хел аст. Ман худам шӯх ҳастаму ҳозирҷавоб. Дар театр ҳам ҳунарнмадони мо мегӯянд, ки ин нақш ба ман муносиб асту ба характер ё хислати ман наздик. Мушкилӣ танҳо дар синну сол аст. Аммо мо ба ҳар сурат дар болои ин нақш шабонарӯзӣ кор мекунем, то чизи дидание ба тамошобин пешниҳод карда тавонем.

-Ман аз забони насли калонсол шунидаам, ки солҳои пешин мардуми мо, бахусус духтарон ба Шумо таваҷҷуҳи хеле зиёд доштанд. Мегӯянд, ки Шумо тимсоли мӯди ҷавондухтарони Душанбе будед. Имрӯз ин таваҷҷуҳ коста гардида ё на? Агар ҳа, пас ба чӣ сабаб? Шояд Дилбар Умарова пир шуда ё…

-Ман намедонам чаро Шумо ба ман ин саволро додед. Маро якумин маротиба Шумо "пир шудӣ" гуфтед. Дилбар Умарова ҳеҷ гоҳ пир намешавад (механдад.)

Вале ин сухани Шумо, ки гуфтед ҷавондухтарон аз ба тақлид аз ман либос мепӯшиданд, дуруст аст. Аммо ман худам дар ҷавониям инро намедонистам. Шояд медидам, аммо таваҷҷуҳ намекардам. Як рӯз дар театри мо бахшида ба ҷашни устод Рӯдакӣ намоишномаеро таҳия кардем ва дар он нақши Нигинаро Нигина Амонқулова иҷро мекард. Нигина ҳамон айём ба ман гуфт, ки "Дилбар-апа, Шумо медонед, ки дар Панҷакент тарзи либоспӯшии Шумо мӯд шуда буд.  Ман пурсидам, ки чӣ хел? Гуфт, ки "дар ҳамон намоишномаи "Садо аз тобут" мӯйҳои дарозатонро гирди сар карда, бо рӯймол мебастед-ку, тамоми Панҷакент ҳамон хел рӯймол мебаст".

Дар оилаи мо намегуфтанд, ки ин гуна ё он гуна либос пӯш, фақат мегуфтанд, ки либоси зебо пӯш ва он чизеро ба бар кун, ки ба ту зебад. Воқеан, дуруст ҳам мегуфтанд. Он чизе, ки ба ту мезебад, ҳамон мӯд аст! Имрӯз пир шудам ё нашудам, намедонам, аммо ҳанӯз ҳам чӣ тавре ки дилам мехоҳад, мепӯшам. Ана худатон мебинед, ки имрӯз ҳам мисли ҷавонҳо либос мепӯшам ва ягон кас намегӯяд, ки ин либосҳо ба ман намезебад.

-Манзури ман ин буд, ки Шумо чӣ дар замони Шӯравӣ ва чӣ имрӯз дар мадди назари ҷомеа ҳастед, аммо имрӯзҳо оё эҳсос мекунед, ки таваҷҷуҳи мардуми нисбати Шумо коста гардида?

-Ман худамро таъриф намекунам, аммо бовар кунед, аз ин ҷиҳат ман хеле хушбахтам. Агар дар троллейбус ва автобус нишаста бошам ё дар кӯча гаштугузор кунам, нест нафаре, ки маро нашиносад. Ҳоло ҳам эҳтиром мекунанд, дӯстам медоранд.Ҳатто баъзан мӯйсафедон дар троллейбус аз ҷояшон хеста, бо гуфтани суханҳои "Шумо ҳунарманди дӯстдоштаи ман" ба ман ҷой медиҳанд, ки худам гоҳо аз ин шарм медорам.

-Яъне таваҷҷуҳ бештар шуда?

-Не, кам нашудааст ва ман ба ин ҳамеша шукр мекунам. Ҳамаи ин на аз рӯйи ҳусн, на аз рӯйи либоспӯшӣ ва ё ягон чизи дигар, балки танҳо аз меҳнати ҳалол аст. Аз оне ки ту шабу рӯз заҳмат кашида, кӯшиш мекунӣ, ки ба халқат чизи арзандае пешниҳод карда тавонӣ.

-Дилбар Умарова тамоми зиндагияшро ба театр бахшид, аммо театр чӣ? Театр ба Дилбар Умарова чӣ дод?

-Дилбар Умарова гумон мекунад, ки бе театр вай ҳеҷ аст. Театр ба ман нон дод, ном дод, машҳур кард. Шумо ҳам агар театр намебуд, ба назди Дилбар Умарова намеомадед ва ҳатто намедонистед, ки дар дунё зане ҳаст бо ҳамин ном. Дар зиндагии ман театр аз ҳама мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мешавад гӯям, ки театр саҷдагоҳи ман аст. Ман бе театр наметавонам.

-Бонувони воқеан ҳунарманди насли Шумо ё насли аз Шумо қаблтар ба театри тоҷик шукуҳи тоза бахшида буданд. Оё имрӯз ҳам ҳастанд ҷавондухтарони ҳунарманде, ки бо ҳузурашон ба саҳнаи театри тоҷик ҷилои дигар бахшида тавонанд?

-Албатта ҳастанд. Ҳоло дар театри мо як курси калони хатмкунадагони Донишкадаи санъат кор карда истодаанд, ки дар байни онҳо чор-панҷ духтари зеботарину болаёқат ҳастанд. Чанд рӯз пеш ман ба театри ҷавонон рафта будам ва онҷо ҳам як намоишномаи бисёр хуберо аз рӯйи асари Шекспир тамошо кардам. Духтарони ҷавон чунон дар саҳна бозӣ мекунанд, ки мо ҳеҷем дар назди онҳо… Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ҳунармандони болаёқати ҷавон хеле зиёданд.

- Ҳастанд, аммо сухан атрофи ҳунари онҳо меравад. Оё ҳунари онҳо бинандаро мафтун карда метавонад?

-Дуруст, аммо инро ҳам ба назар бояд гирифт, ки онҳо ҳанӯз ҷавон ҳастанд. Моён ҳам дар синну соли онҳо ҳамин хел будем. Онҳо оҳиста-оҳиста, дар натиҷаи кору хониши пайваста баъд Дилбар Умарова мешаванд ё Марям Исоеваю Туҳфа Фозилова.

-Барои ҳунарпешаи хуб шудан ба як бонуи тоҷик ба ҷуз истеъдод боз чӣ чиз муҳим аст?

-Аввалан хоксорӣ, дуввум бисёр мутолиа кардани китобҳо ва омӯхтани ҳаёт. Омӯхтан аз намоишномаҳое, ки дар онҳо ҳунармандони собиқадори бомаҳорат бозӣ мекунанд ва боз ҳам аз ҳама бештар хоксорӣ.

-Ташаккур барои суҳбат, Мо таманнои онро дорем, ки маликаи саҳнаи тоҷик- устод Дилбар Умароваро ҳарчӣ зудтар дар нақши духтари якрав дар намоишномаи "Духтари саркаш"- и Шекспир бубинем.

-Ба Шумо ҳам ташаккур.

Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi