13:54:09 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Карим Мӯсо: "Брагинский омода буд, ки ба нашри "Гузашти айём" кӯмак кунад, аммо…"

Карим Мӯсо мутаваллиди соли 1952-юм буда, факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияташро аввал дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" оғоз карда, баъдтар дар ҳафтаномаҳои "Маданияти Тоҷикистон" ("Адабиёт ва санъат") ва "Газетаи муаллимон" ("Омӯзгор") идома додааст. Навиштаҳояш аз соли 1972-юм пайваста дар матбуоти кишвар ба табъ мерасанд. Соли 2004-ум маҷмӯаи очеркҳояш бо номи "Мардафкан" ва қиссаи ҳуҷҷатияш-"Зевар" соли 2006-ум мунташир шудаанд. Ҳоло сардабири ҳафтаномаи "Ҷаҳони паём"-и Кумитаи телевизион ва радиои кишвар аст.

1 karim-muso-544545Рӯзҳои наздик нашриёти "Бухоро" китоби нави узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Карим Мӯсоро бо номи "Ҷабри тақдир"- мунташир мекунад ва гуфта мешавад, ки ин китоб ба тақдири нависандаи маъруфи тоҷик Ҷумъа Одина бахшида шудааст. Асрори романи "Гузашти айём"-и Ҷумъа Одина то ба имрӯз барои хонандаи тоҷик ба ҳадди лозима ошкор нашуда, аз ин сабаб хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо пажуҳишгари ҳаёти ин нависандаи маъруф Карим Мӯсо суҳбате анҷом дод, то асрори махуфи ҳаёти Ҷумъа Одинаро пешорӯи Шумо боз бикунад. 

-Ман хонда будам, ки романи "Гузашти айём"-и Ҷумъа Одина соли 1976-ум дар маҷаллаи "Садои Шарқ" мунташир шуда буд ва мунаққидон ҳам дар аввал ин асарро ситоиш карда буданд….

-Дуруст, романи "Гузашти айём", ки як падидаи тоза дар адабиёти ҳамон давра буд, дар маҷаллаи "Садои Шарқ", шумораҳои 8-12 -и соли 1976 нашр шуда буд. Аммо бояд тазаккур дод, ки он айём дар "Садои Шарқ" ба хотири маҳдудии имкон асарҳои калонҳаҷмро мухтасар чоп мекард. Аз ин хотир Ҷумъ Одина розӣ шуд, ки роман дар ҳаҷме, ки идораи маҷалла раво мебинад, нашр шавад. Пас аз як моҳу даҳ рӯзи нашри "Гузашти айём", аниқтараш 10-уми феврали соли 1977 бо номи "Нависанда ва ҳақиқати зиндагӣ" мунаққид Шукур Ҷумъаев дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" аввалин тақризро ба табъ расонид. Пасон Соҳиб Табаров ва Худойназар Асозода ҳам мақолае навиштанд бо номи "Ташаккули фардияти нависанда", ки дар "Маориф" ва маданият" чоп шуд.

Муаллифони ин мақола ҳарчанд баъзе эродҳои ҷузъӣ оид ба тасвири симоҳои занон гирифта бошанд, ҳам аммо зикр карда буданд, ки "Гузашти айём" дар ганҷинаи насри муосири тоҷик мавқеи хоси худро хоҳад ёфт. Абдухолиқ Набиев бошад дар мақолаи "Назари ибратбини нависанда" симои қаҳрамони асосии роман Мерганро ба симои қаҳрамони романи Островский "Фӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст" шабоҳат дода буд. Хуллас ҳамаи мунаққидону адабиётшиносоне, ки ба романи "Гузашти айём", ки дар маҷаллаи "Садои Шарқ" нашр шуда буд, тақриз навиштаанд, ба ҳунари нигорандагии нависанда қоил шудаанд…

-Яъне ба ҳар сурат аҳли адаб ва мунаққидони мо ин романро хуб пазируфтанд, аммо чаро ва чӣ гуна сари ин роман ин қадр моҷароҳо омад?

2-juma-odinaev 454545ӣ тавре, ки дар боло гуфтам, дар маҷаллаи "Садои Шарқ" романи "Гузашти айём" ба таври мухтасар чоп шуда буд, вале барои китоб нусхаи аслро нигоҳ дошту онро ба нашриёт супорид. Китоб ба чоп рафту мусаввада шуд ва ба теъдои 14 ҳазор нусха мунташри гардид, аммо ба фурӯш набаромад. Чаро ки дар ҳамин ҳолат низоъ бархост, ки "романро дар чунин шакл нашр кардан мумкин нест." Ва ин амр аз боло содир шуда буд. Шарт гузоштанд, ки бояд муаллиф аз баҳри бисёр бобҳою лаҳзаҳои ҷудогона барояд, вагарна роман ба чоп нахоҳад шуд. 

-Боло яъне кӣ? Манзурам ин ки ин фармоиш аз ҷониби кӣ буд? 

-Ин ҷо мехоҳам порае аз суҳбати рӯзноманигор Қаюмзодро бо Гулҷаҳон Бобосодиқова, ки дар он айём мансаби котиби идеологии КМ ҲКТ-ро ба уҳда дошт, биёварам:

"Мегӯянд, ки Шумо чопи "Гузашти айём"-и Ҷумъа Одинаро боздоштаед?

-Вақте дар гирди ин асар гапу ҳарфи ҳархела бисёр шуд, бо ӯ танҳо ба танҳо тӯли се соат суҳбат доштам. Инсони хуб буд. Аз рӯйи супориш хоҳиш кардам, ки се лаҳзаи онро партояд. Розӣ нашуд.

-Кадом лаҳзаҳо?

-Лаҳзаи аввал котиби райкоми маст, ки дар кӯча афтидаасту сару рӯяшро саг мелесад. Лаҳзаи дуввум ҳоли зори тоҷикони Ӯзбекистон ва забунии забони тоҷикӣ дар он ҷумҳурӣ. Лаҳзаи саввум таҷовузи як зани рус дар қабристон.

-Магар инҳо воқеият надоштанд?

-Медонед, рости гап вақте ба ӯ ин гапҳоро мегуфтам, дилам дигар чиз мегуфт. Вале сиёсат маҷбур мекард, ки ба рағми дил хулоса барорам.

-Худатон ин асарро хонда будед ё ягон кас "справка" дод?

-Худам ҳам хонда будам. Ҳамчунин ду шуъбаи КМ справка дода буд ва Иттифоқи нависандагон низ мавқеи Кумитаи Марказиро пуштибонӣ мекард.

-Имрӯз дар чӣ ақидаед?

- На танҳо имрӯз, балки дирӯз низ афсӯс мехӯрдам. Аз арвоҳи Ҷумъа Одина узр мепурсам."

 Гумонам ҳамин пораи суҳбати Қаюмзод кофист, ки хулоса барорем, ин асар ба ҷурми кӣ мамнуъ элон шуда.

-Шумо таҳқиқгари ҳаёти Ҷумъа Одина ҳастед. Ба андешаи Шумо чаро нависанда аз баҳри ин се лаҳзаи романаш набаромад?

-Медонед, дар адабиёти садаи бистуми тоҷик Ҷумъа Одина хидматеро кард, ки Александр Солженитсин барои адабиёти рус ба ҷо овардааст.

 Ба гуфтаи Шоири Халқии Тоҷикистон Гулрухсор: "Ҷумъа Одина аз ҳазор рӯйи зиндагӣ барои зистану эҷод кардан танҳо якеро интихоб кард, рӯйи ҳақиқатро."

Ононе, ки бо Ҷумъа Одина сари мизи ҳамкорӣ нишастаанд, ӯро як марди ҳарфношунав ва дуруштмуомлиаву зуъм меҳисобанд. Дар ҳақиқат, раги зуъмӣ ва якраҳӣ дошт, аммо ин бештар аз ҳақшинсоияш сар мезад.

-Баъде, ки дар Тоҷикистон нашри романи "Гузашти айём" боздошта шуд, оё Ҷумъа Одина хомӯш шуд? Дигар даъво накард барои нашри романаш? Охир мумкин буд-ку мактуб навиштан ба Маскав ё…

3 karim-muso-544545-На, вақте нашри "Гузашти айём" боздошта шуд, Ҷумъа Одина хост онро ба забони русӣ дар Маскав нашр кунад. Аммо он ҳангом тарҷумонеро ёфтан муҳол буд, ки асари маҳкумшударо тарҷума бикунад, зеро дар сурати нашр нашудани китоб заҳмати ӯ зоеъ мерафт. Инро Ҷумъа Одина хуб дарк мекард ва барои ҳамин бо тарҷумон Лев Қандинов дар ин хусус суҳбат карду гуфт, ки романро худаш ба забони русӣ пурра тарҷума мекунад. Вале ба хотири он ки боз гапу калочаи нав пайдо нашавад, ҳамчун тарҷумон имзои Лев Қандиновро мегузорад.

Лев Қандинов ризоият дод ва Ҷумъа Одина пурра романи "Гузашти айём"-ро ба забони русӣ тарҷума кард. Пас аз анҷом Лев Қандинов матни тарҷумаро каме таҳрир карду зери он имзояшро гузошт. Ҷумъа Одина тарҷумаро ба Маскав, ба шарқшиноси маъруфи шӯравӣ Иосиф Брагинский фиристода бо номае аз ӯ хоҳиш кард, ки дар чопи роман мусоидат намояд. Баъди чанде аз Брагинский номае расид, ки ман матни онро айнан ба Шумо меоварам:

"Азизам, Ҷумъаҷон!

Мактубу асаратон дар вақташ расид ва ман хоҳиши Шуморо иҷро мекунам. Модоме ки мактубатон ба забони русӣ навишта шудааст, ман ҳам ҷавобан ба Шумо ба русӣ менависам. Илова бар ин, ба русӣ навиштан бароям андак озодтару ба идораи ленинободӣ қулайтар аст.

Мактуби Шуморо бодиққат хондам ва аз рӯйи адолат мехоҳам ба Шумо кӯмак кунам.

 Баъди шинос шудан бо роман бо Ю. Суровцев ва Шавкат Ниёзӣ суҳбат мекунам ва баъд ба Шумо назари худамро ирсол менамоям. Хуб мешуд, агар Шумо баъди гирифтани ин нома ба ман менавиштед, ки дар чӣ Шуморо айбдор меҳисобанд, ба Шумо чӣ эрод мегиранд? 

(қисми охири мактуб ба забони русӣ навишта шуда буд, вале мусоҳиб онро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

-Баъд воқеан кӯмак кард Брагинский?

ӯмак мекард, агар…

Ҷумъа Одина дар мактуби ҷавобӣ ба ӯ ҳамаи эродҳоеро, ки ба романи "Гузашти айём" гирифта буданд, навишту ба Маскав фиристод. Дар Маскав романро хонданду хуш карданд, аммо барои обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттиҳодияи нависандагон хоҳиш карданд, ки мувофиқаашонро бо навиштае изҳор кунанд. Вале сарварони ҳамонвақтаи Иттифоқи нависандагон ба ин ҷуръат накарданд.

-Дар он ҳангом Раёсати Иттифоқи нависандагонро устод Қаноат ба зимма доштанд…. 

-Инҷо пораеро аз суҳбати Қаюмзод бо устод Муъмин Қаноат меорам, ки посухи суоли Шумост.

"…-Ман бо Ҷумъа Одина ҳамсабақ будам. Ҳамчунин дар як хона мезистам. Ӯро хуб дарк мекардам, мешинохтам. Ростӣ, хислати якравӣ дошт. "Гузашти айём", ки барояш рӯзҳои сахтеро овард, ҳанӯз ҳангоми барҳаётии устод Турсунзода нашр шуда буд ва касе на аз хонандагону на аз уламо он вақт эроде ҳам нагирифт. Аммо баъд…

Хулосаи аввали комиссия дар бюрои Кумитаи Марказӣ аз ҷониби банда дастгирӣ наёфт, зеро дар он сурат роман пурра ботил мешуд ва чанд каси дигар бо гуноҳҳои сангин мувоҷеҳ мешуданд. Ибтидо Ҷумъа Одина оқиб нишастанӣ набуд, вале чун дид, ки касе ҳамроҳаш, тарафгираш нест ва ҳатто ҳамшаҳриҳояш аз ӯ рӯ гардонидаанд, каме тан дод. Акнун ӯ монду ман. Ман мондаму виҷдонам. Сипас дарро қулф карда, бо азоб розияш кардам, ки чанд ҷойи асарро партояд. Ҳамин тавр ҳам кард. Ҳоло ҳамон мусаввадае, ки бо дастони ӯ ислоҳ шудаанд, рӯйи мизи ман ҳаст…

Баъд аз таҳрир ман ба унвони комиссияи марбути КМ ва Кумитаи табъу нашр нома навишта изҳор кардам, ки асар ҳеҷ гуна зараре намеоварад. Дар подош як огоҳӣ гирифтам." Устод Қаноат ҳамчунин илова кардааст, ки "Гузашти айём" қурбонии дасисаи ду гуруҳи мухолифи сиёсатбозон буд, ки сари курсие миёни ҳам ҷанги шадид мебурданд. Сарони ин ду гуруҳ ҳоло ҳам барҳаётанд. Бигзор виҷдонашон азоб диҳаду худашон иқрор кунанд."

-Аммо ба ҳар сурат имрӯз дигар ҳақ ба ҳақдор расида…

-Ҳама огоҳ ҳастанд, ки муаллифи романи "Гузашти айём" Ҷумъа Одина пас аз вафоташ сазвори мукофоти олӣ-Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардид. Бо гузашти айём ба ин асари замоне "ошӯбангез" аз диди дигар нигаристанд ва хуб дарк карданд, ки "Гузашти айём"-и Ҷумъа Одина асари зидди сиёсат, зиёновар ва бадномкунандаи воқеияти сутсиёлистӣ нест, балки ифшокунандаи ҳақиқии дардҳои ҷомеа аст.

-Ташаккур барои суҳбат. 

Суҳбати Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013



Шарҳҳо   

 
-1 #1 ПарвизGuest 27.12.2013 17:55
Хеле чолиб!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi