Мирзоватан Мирови бознишаста китоб менависад
"Афғонистон-пойгоҳи меҳр" чунин ном дорад китоби навбатӣ ва ба тозагӣ ба нашррасидаи Мирзоватан Миров, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ки бо теъдоди 1000 нусха онро нашриёти "Адиб" аз чоп баровардааст.
Китоб аз натоиҷи сафарҳои чандинкаратаи хидматии хунёгар, оҳангсоз, ва коргардони маъруфи кишвар Мирзоватан Миров ба Афғонистон қисса мекунад. Муҳаррири масъули асар журналист ва драматурги маъруфи тоҷик устод Нур Табаров дар сарсухани он навиштааст, ки Мирзоватан Миров дар радифи ходимони барҷастаи ҳунари театрии тоҷик Меҳубон Назаров, Шамсӣ Қиёмов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, ки чанде барои рушду нуьӯи театри Афғонистон хизмат кардаанд, акнун фарзанди ду Ватан аст- ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ва ба ин ду Ватан самимонаву содиқона хизмат кард ва иншоАллоҳ хоҳад кард.
Китоб на танҳо ҷанбаи тарҷумаҳолӣ дорад. Дар он муаллиф инчунин дар бораи фаъолияти ҳамкасбонаш-мутахассисини дигари шӯравӣ, ки қабл аз ӯ дар Афғонистон дар соҳаи театр ва мусиқӣ кор карда аз таҷрибаи худ ҳунармандони Афғонистонро бархурдор кардаанд, хеле маълумоти ҷолибу муҳим додааст.
Аз ин китоб хонанда инчунин дар бораи устодони театри имрӯзаи Афғонистон, фаъолияти пурсамараи онҳо маълумоти зиёд ба даст меорад, ки донистани онҳо барои мутахассисини соҳаи театри Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест. Зеро ба гуфтаи муаллифи ин китоби хонданибоб имрӯз дар ҳаёти театрии Афғонистон бо вуҷуди вазъи начандон босуботи кишвар равандҳое ҷараён доранд, ки донистани онҳо ва аз онҳо истифода кардан танҳо ба манфиати театри тоҷик мебуд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014