01:02:42 17-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Оре, форсӣ бояд омӯхт, то забонамон пок шавад

Бо арзи салом ба ҳамаи касоне, ки ин ҳафта бо "Рӯзгор" буданд. Аз номаҳо ва зангҳои телфонӣ пайдост, ки саҳифаи "Рӯзгор" ва хонанда" ҳам маъруфияте пайдо мекунад. Ин ҳафта дидем, ки хонандаҳои мо сари афкори хонандаи дигар баҳс карданд ва ду намуна аз онро дар ин саҳифа ҷо додем, ки муаллифи яке Манучеҳр аз Душанбе ва дуюмӣ модари 6 фарзанд Шарофат мебошанд, ки мутаассифона суроғаашонро нанавиштаанд. Гумон мекунем баҳси хонанда бо хонанда хеле хуб аст ва мо ҳам дар оянда ба ин ҷониби масъала бештар таваҷҷуҳ хоҳем кард, чун аз баҳс ҳақиқат мехезад. Инак, муколамаи хонанда бо "Рӯзгор"-и ҳафтаи сипаришуда:

Бо марҳум Тошпӯлоди шаҳид шинос будам

persian 54455454Салом ба кормандони нашрияи "Рӯзгор". Мехоҳам бо истифода аз ҳафтаномаи Шумо ба пайвандони ду шаҳиди таркишҳои Волгоград изҳори ҳамдардӣ кунам.

Ман аз мақолаи "Инфиҷори Волгоград ва ҳамватанони қурбонии мо" донистам, ки яке аз қурбониёни он таркиш Тошпӯлод Назаров аз ҷумлаи дӯстони ман буд. Ду сол пеш ман ҳам дар Волгоград будам ва ин ҳамватани азиз ба ман кумак карда буд, то дар як сохтмон соҳиби кор шавам. Мо муддате хеле дӯстони наздик шудем. Вале баъдан ба сабабҳои оилавӣ ман ночор шудам ба Ватан баргардам. Аммо соли гузашта бори дигар ба Русия рафтам. Бисёр мехостам бори дигар ба Волгоград равам, вале ин бор ҷиянам Абулфазл назди худ ба Самара хонд ва ҳоло ин ҷо мебошам.

Ягона иртиботи ман бо Ватан ҳамин интернет ва Фейсбуки он аст, ки бо ҳамватанон дар иртибот мебошам. Аммо "Рӯзгор"-ро Самариддини ҳамдеҳаи мо, ки динашаб аз Душанбе омад, қатори нашрияҳои дигар овард. Мақоларо хонда, дӯсти азизам Тошпӯлодро ба ёд овардам ва хуб гиристам. Барои одами хуб кас гиря карда метавонад. Гарчанде мо ҳамагӣ 8 моҳ бо ҳам будем, вале гумон мекардам тамоми умр бо он инсони шариф риштаи дӯстам мустаҳкам буд. Худо ҷояшро ҷаннат гардонад ва ба бозмондагонаш сабр диҳад. Омин.

Бо эҳтиром, Самариддин Комилов, зодаи Вахш ва ҳоло муҳоҷири Самараи Русия

Муҳоҷирин бояд хеле эҳтиёткор бошанд

Ҳукумати кишвар бояд бештар мутаваҷҷеҳи муҳоҷирини меҳнатии худ бошад. Маҳз муҳоҷиринанд, ки бо ирсоли пул хонаводаҳои худро таъмин ва теъдоди зиёди сокинонро аз хавфи фақру нодорӣ нигоҳ медоранд. Гузашта аз ин дар ин замоне, ки ҳукумати Русия низоми муҳоҷиратро танзим мекунад, бояд бештар таваҷҷуҳ кунанд, ки шаҳрвандонашон бо хориву зиллат науфтанд. Бе ин ҳам хортарин миллат дар Русия тоҷиконанд, ки аз бетаваҷҷуҳии ҳукумату давлат аз ҳуқуқҳои худ наметавонанд дифоъ намоянд.

Ва дигар ин ки ман чун як шаҳрванди қаторӣ аз ҳамаи муҳоҷирони тоҷик на танҳо дар Русия, балки ҳамаи кишварҳои дигар хоҳиш мекунам дар чорабиниҳои сиёсии ин мамолик ва бахусус, дар тазоҳуроту гирдиҳамоии тӯдае аз муҳоҷирони миллатҳои дигар ширкат накунанд. Зеро ҳарчанд ин садои эътироз аст ва қатори дигарон мо низ ин садоро дошта бошем, вале агар арманиву озарӣ ва қафқозиёни дигар тазоҳурот ҳам кунанд, ҷабр ба сари миллати мо меояд, чун мо пуштибон надорем. Ман инро аз таҷрибаи даҳсолаи муҳоҷиратам медонам.

Бобоқул Шамсиддин, Душанбе

Войи ҳунару войи ҳунарманд

Аввал шод шудам, ки ҳукумати мо билохира, даст ба кӯмаки ҳунармандони асил ҳам задааст. Зеро хабари дасти кӯмаки Убайдуллоев ба Ҳошим Гадоев дар ҳақиқат дилшодкунанда буд. Аз "Рӯзгор" хондам, ки раиси шаҳр сардори Маркази гармидиҳии пойтахт Аъзам Табаровро маъмури таъмири хонаи ҳунарманд кардааст. Ва дар дил гуфтам, ки акнун сарнавишти Басилашвилӣ барои Ҳошим Гадо такрор нахоҳад шуд. Аниқтараш сармозадагии ӯ. Вале баъди интишор ин хабар боз акаи Ҳошим шикоят кард, ки ҳоло ҳам касе ба додаш нарасидааст ва ҳамаи ин иддиоҳои шаҳрдорӣ дурӯғанд. Ҳошим Гадо, ҳунарманди дӯстдоштании  мардум гуфтааст, ки ҳоло андаруни 7 қабат кӯрпа мехобад.

Ин дар ҳақиқат як хабари маҳзункунанда буд. Ман худ рӯзамро базӯр мегузаронам ва дилам ҳарчанд хоҳад ҳам наметавонам каме кӯмакаш кунам. Вале садҳо сарватмандони тоҷикро медонам, ки сарояндадухтарони ҷавонро кӯмаки молиявӣ мекунанд. Даҳҳо ҳофизаситораҳои навбаромад, ки сурудашон на маъниву мазмун дорад ва на шуниданист, вале симои зебову дилкаш доранд, аз ҷониби афроди пулдор сармоя дарёфт мекунанд, то клипҳои бемаънии худро наворбардорӣ кунанд. Аммо Ҳошим Гадо, ки соҳибмактаби театр ва кинои тоҷик аст, бо вуҷуди солмандӣ ҳоло ҳам худро дар авҷи ҳунару эҷод мебинад, пуле надорад хонаашро таъмир кунад. Ин дар ҳақиқат бадбахтии бузург аст.

Ва баъд, ин шаҳрдори пойтахт ҳам чандон соҳиби гапи худ набудааст. Худо аз ваъдаҳои ноиҷро нигоҳ дорад.

Маҳмудҷон Тешаев, омӯзгор

Заъифии занро ҳам фаромӯш накунед, Масрур

Намехоҳам гӯям, ки ҳамфикри Марҳабо Самадова дар мавриди мардони гурезпо ҳастам. Вале як нуктаро ба муаллифи номаи "Мардонро ҳам фаҳмед, Марҳабо" мехоҳам гӯшзад кунам: мо занон заъифем ва Худованд моро чунин офаридааст ва мардон қавиву иродаашон мустаҳкам аст. Пас ба заъифон раҳму шафқат кардан ҳунари мард аст, на ки ӯро тарк кунанда раванд.

Аммо зимнан ба нукоте, ки Масрур Ҳаётов дар номааш мавриди серталабии занон таъкид мекунад, ман ҳамфикрам. Ин гуна занон ҳастанд ва кам ҳам нестанд. Ба назари ман ин камбуди таълиму тарбияи оилавист. Аз кӯдакӣ ба фарзанд дарси қаноат дода нашудааст ва ҳарисии занон бештар аз он аст, ки аксаран дур аз таълимоти динианд. Ҳоло давлати мо бо он коре, ки мекунад, яъне бо сад баҳона ниҳодҳои давлатӣ мекӯшанд мардумро аз Ислом дур созанд, зарари калони маънавӣ мебинад, ки ҷубронаш хеле гарон хоҳад буд. Агар занон дар овони тифливу наврасӣ дарси қаноати исломӣ биёмӯзанд, шояд мардонро ба ин ҳадд нарасонанд ва ба норасоиҳои рӯзгор сабр кунанду шавҳаронашонро аз даст надиҳанд.

Шарофат, модари 6 фарзанд

Оре, форсӣ бояд омӯхт, то забонамон пок шавад

Бо устод Умари Сафар дар масъалаи тозагии забони форсӣ ҳамфикрам. Устод дуруст қайд кардаанд, ки "нависандагони мо бояд аз онҳо (эрониён) омӯзанд. Онҳо аз забони мо намеомӯзанд, чун бештар бо хати сирилик ошно нестанд ва шояд ниёз ҳам надоранд. Аммо ба ҳар сурат мо ниёз дорем ва гузашта аз ин нуктаи дигаре, ки барои онҳо дунёҳои тоза боз мекунад, боз ҳамон хати форсӣ аст. Ин қадар румону ин қадар осори адабие, ки аз забонҳои хориҷӣ ба форсӣ тарҷума мешавад, дар тарҷума мо мебинем, ки забони форсӣ боз поктару софтар мешавад". Шахсан ман "Анна Каренина"-и Толлстойро дар тарҷумаи форсӣ хондам ва он китоб ҳоло ҳам дар миёни китобҳои китобхонаи ман мавҷуд аст ва ба гуфтаҳои профессор Умар Сафар сад дар сад мувофиқам.

Аммо аз сӯҳбати адиб ва олими пуркор чизи нав хондам: "Духтари оташ"-и Ҷалол Икромиро эрониҳо аз тоҷикӣ хатгардон накардаанд, балки аз фаронсавӣ тарҷума кардаанд. Аҷиб ва хеле ҷолиб. Агар аз тоҷикӣ хатгардон мешуд, забони устод Икромӣ хеле кам барои эронӣ фаҳмо мебуд ва ҳоло ки аз фаронсавӣ тарҷума шудааст, ки табиист, ки ширину гуворо бояд бошад. Бисёр мехоҳам онро пайдо кунам ва бихонад.

Салима Абдуллоева, донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ман ҳам чизе мегӯям, вале Наргис наранҷад

Дар мавриди суҳбати профессор Камолиддинов дар шумораи гузашта номаи Наргис ном донишҷӯро мутолиа кардам, ки аз устод эрод мегирифт. Ба навиштаи ин хонанда агар баъзе калимаҳо барои баъзеҳо нофаҳмо бошанд, ин на ба он маъност, ки кулли асар нофаҳмост. Аслан даъвои дуруст ҳам ҳаст. Вале ман чун як хонандаи қаторӣ, ки шукри Худо қариб ҳамаи нашрияҳои кишварро мехонам ва китобҳои дастрасшудаи адибонро низ зиёд мутолиа мекунам, чандон ба фикри Наргис розӣ буда наметавонам.

Ба гумонам устод Камолиддинов дуруст эрод гирифтаанд, ки забони тоҷикӣ олуда бо забонҳои дигар шудааст. Яъне, адибон ва журналистон баъзан калимаҳоеро истифода мебаранд, ки на барои ҳама фаҳмост. Агар манзур он бошад, ки навиштаро хонанда пурра бифаҳмад, пас бояд аз калимаҳои фаҳмо истифода бурд. Аз ин рӯ ман ҳам ба Наргис эрод гирифтам ва умедам бар ин аст, ки намеранҷад, чун устод Камолиддинов дар ҳамин соҳа мӯи сар сафед кардааст ва аз ҳамаи мо бештар медонад. 

Ва дигар ин ки дар шумораи гузашта суҳбати хуберо бо нависанда Умар Сафар хондам. Номашро пеш ҳам шунида будам, вале аз эҷодиёташ чизе нахондаам. Аз суҳбати "Рӯзгор" бо адиб дар дил завқи ошноии бештар бо эҷодиёти ин олим ва адиб пайдо шуд. Аммо намедонам китобҳояшро аз куҷо пайдо кунам.

Манучеҳр Муродалиев, корманди "Тоҷикстандарт", шаҳри Душанбе

ӯзгор": Ташаккури зиёд ба Манучеҳр, ки хонандаи нуктасанҷ аст. Гумон намекунем, ки китобҳои Умар Сафар дар мағозаву дуконҳои китоб набошанд. Мо шумори телефони шуморо ба нависанда медиҳем ва умедворем бо иртибот бо адиб адреси дуконҳои китобфурӯшиеро пайдо хоҳед кард, ки китобҳо Умар Сафарро ҳам савдо мекунанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Шарҳҳо   

 
+1 #1 سلامGuest 08.02.2014 00:47
سلام خسته نباشید.
من دوستی از کشور ایرانم. شهر نیشابور.
کاش میش بخشی از سایتتون به خط فارسی بود. البته من خط شما رو میتونم بخونم.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi