13:47:01 09-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Асалбеки Назрӣ: "Мехоҳам саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия кунам, аммо ҳаҷвнависон нестанд"

Асалбеки Назрӣ соли 1948-ум дар деҳаи Рӯшони ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар зодгоҳаш, соли 1967-ум ба факултаи санъати ҳозира Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дохил шудаву баъди итмоми таҳсил, аз соли 1973-юм то инҷониб дар Театри академии давлатии ба номи устод Лоҳутӣ фаъолият дорад.

asalbeki-nazri010203Устод Асалбеки Назрӣ дар намоишҳои зиёде амсоли "Интихоби домод", "Авлиё ва осӣ", "Ревизор", "Хизматгори ду хоҷа" ва филмҳое чун "Субҳи нахустини ҷавонӣ", "Имрӯз ва ҳама рӯз", "Бозгашти Насриддин" ва "Маҳдӣ"нақшҳои ҷолибу хотирмон офаридааст. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо актёри маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Асалбеки Назрӣ дар мавриди вазъи имрӯзи театр ва ҳаҷв дар кишвар суҳбате анҷом дод, ки онро пешорӯйи Шумо мегузорем.

-Устод, мо дар рӯзҳои аввали соли нави милодӣ қарор дорем ва пурсиданӣ ҳастам, ки соли сипаригардида бароятон чӣ гуна сол буд?

- Соли гузашта, яъне соли 2013-юм соли бисёр пурфайз буд. Аз он нигоҳ, ки дар театри мо намоишҳои бисёр буд ва мо ба онҳо банд будем, сафарҳои пурсамари ҳунарӣ доштем.

ӣ гуна сафарҳои ҳунарӣ доштед?

- Масалан, ба вилояти Суғд сафари ҳунарӣ доштем ва ин сафар бисёр хуб гузашт. Истиқбол аз ҳунармандон ҳам хеле самимӣ буд ва ман боз як бори дигар ба чунин хулоса омадам, ки мардуми мо муштоқи ҳунару дидори ҳунарманданд. Ҳунармандро бисёр дӯст медоранд, лекин афсӯс, ки имрӯзҳо мо ба наздашон камтар меравем. Дар ҳоле ки аксари мардуми деҳот имкон надоранд, ки ба пойтахт омада, намоишҳои моро тамошо кунанд. Ҳамчунин як ҷиҳати хуби ин сафари ҳунарӣ дар он буд, ки мо дӯстонеро, ки чандин сол боз надида будем, дидем. Онҳо аз дидори мо шод шуданду мо аз дидори онҳо. Бо ҳамдигар мубодилаи афкор намудем. Онҳо ҳам он дардҳову ҳамон дархостҳоеро доранд, ки мо дорем.

ӣ дарду чӣ дархосте Шумову онҳо доред?

-Талаби дархости мо ҳамин аст, ки бештар ба назди тамошогарони худамон равем. Сафарҳои ҳунарӣ дошта бошем, ба деҳоти дурдаст бисёртар равем. Давоми сол мо бояд ба тамоми вилоятҳои кишвар аққалан якборӣ сафарҳои ҳунарӣ дошта бошем. Чунки мардуми деҳқон ё умуман мардуми деҳот агарчӣ ташнаи ҳунаранд, фурсат ва имкон надоранд, ки ба пойтахт биёянду намоишҳои моро дар худи бинои театр тамошо кунанд. Бинобар ин дар замони Шӯравӣ мо аксар вақт ба назди онҳо мерафтем. Ҳатто дар он ҷойҳое, ки имкони гузоштани намоиш набуд, мо кӯшиш мекардем, ки дар берун ҳам бошад ҳаддалимкон як коре кунем, то мазмуни муҳтавои намоишро ба тамошобинон расонида тавонем. Хеле афсӯс, ки вақтҳои охир сафарҳои ҳунарии театрҳо кам шуда истодааст. Аксар вақт онҳое ба сафарҳои ҳунарӣ мераванд, ки ду ё се нафаранд ва агар дағал карда гӯем, ҳунармандони "дайду"-анд. Ҳунармандоне, ки танҳо бозори худашонро гарм кардан мехоҳанд. Ва ҳамчунин аксар вақт маҳз ҳамин гуна ҳунармандон бадномкунандаи ҳунари асили театрӣ ҳастанд. Онҳо бо мазҳакаҳои бемаънову бемазмун ва паст назди мардум мераванд. Охир тамошогаре, ки бори аввал онҳоро мебинад, ба чунин андеша меояд, ки театр ҳамин аст ва аз театр дилхунук мешавад.

-Шумо дуруст мегӯед. Марям Исоева, ҳунарманди маъруфи театри Лоҳутӣ дар суҳбат ба "Рӯзгор" гуфта буд, ки имрӯз роҳҳо чун кафи даст ҳамвору шароит фароҳам аст ва дигар бояд худи театрҳо дар ин самт, яъне ба гастрол рафтан, ташаббус нишон диҳанд. Дар ин бобат чӣ мегӯед? Чӣ боис мешавад, ки театрҳо ин гуна ташаббусро роҳандозӣ намекунанд?

-Ман аз як ҷониб ба гуфтаи устод Марям Исоева розӣ ҳастам, зеро воқеан мо бояд худамон тасмим гирем. Аммо аз даврони ба даст овардани истиқлол то ба порсол мо мошин надоштем. Тасаввур кунед, ки Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ як мошине надошт, ки ҳунармандонаш аққалан ба маҳалҳои атрофи шаҳр раванду ҳунарнамоӣ кунанд. Бо вуҷуди ин гоҳ-гоҳе бо мошини кироя мерафтем. Ҳозир як мошине дарёфт кардаем, ки дорои сенздаҳ-чордаҳ ҷой аст. Лекин дар ин мошин мо ҳунармандон ҷой гирем, ё асбобу анҷоми театриро бор кунем? Ин як мушкилоти дигар аст. Баъди рафтан ҳам мушкилот бисёранд. Масалан аксари меҳмонхонаҳое, ки ҳунармандон бояд баъди намоишҳо онҷо истироҳат намоянд, нархи бисёр гарон доранд. Мо кӯшиш мекунем, дар аксар маврид дар он меҳмонхонаҳое ҷой бигирем, ки шахсӣ ҳастанду арзиши сабуктар доранд. Ба ҳар сурат, муаллима дуруст мегӯянд, ки дар ин маврид роҳбарияти театр бояд тасмим гирад. Мо худамон бояд тасмим гирем. Як сол қабл мо бояд нақшаи сафарҳои ҳунариямонро кашида бошем ва бубинем, ки оё ҳамин сафар ба мо нафъ мерасонад ё на?

-Устод, дар ин маврид мешавад- ку пеш аз ба сафари ҳунарӣ рафтани театрҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллиро огоҳ кард ва ман ба он бовар ҳастам, ки дар мавриди бо меҳмонхона таъмин кардани ҳунармандон ва дигар мушкилот онҳо ҳам ба қадри имкон албатта кӯмак мерасонанд…

-Бале, барои ҳамин ман ҳам гуфтам-ку мо бояд реҷаи яксола дошта бошем, ки бо ирсоли мактуб масъулони шаҳру навоҳиро аз сафари ҳунарии ин ё он театр ба маҳалашон хабардор кунем. Вақте онҳо аз қабл хабардор мегарданд, аз паси ҳамин чиз мешаванд. Масалан бист рӯз пеш аз сафар ба вилояти Суғд мо онҳоро огоҳ кардем. Албатта, бист рӯз муҳлати кам аст, аммо дар ҳамин қадар вақт ҳам онҳо тавонистанд, ки дар куҷо хоб рафтан ва дар куҷоҳо намоиш гузоштани моро аниқ кунанд. Ба гумонам театри мо аз ин сафар фоидаи зиёд надида бошад ҳам, муҳим зарар надид.

-Устод биёем сари мавзӯи дигар. Ман вақте нақши Труфальдинои Шуморо дар спектакли "Хизматгори ду хоҷа"-и Барзу Абдураззоқов дидам, ҳунари Шумо маро хеле мафтун кард…Ошиқи театр будам ошиқтар кард.

asalbeki-nazri010034- Охир ман дар театр чил сол шуд, ки фаъолият дорам. Агар ҳунар дар ботини кас бошад, пас бо гузашти замону андӯхтани таҷруба сайқал меёбад. Худи ҳунар таъсиргузор ҳам ҳаст, ки ҳунарманд ба ҷойе бирасад. Аммо ин гуна нақшҳоро актёр бояд дар биступанҷ ё сисолагӣ бозӣ кунад. Чунки он чолокиро металабад, даву ғеҷи зиёдро талаб мекунад. Ин намоишро шодравон Хушназар Майбалиев ҳам ба саҳна гузоштанӣ буданд, чунки ҳам бисёр асари хуб аст, ҳам тамошобинони мо бисёр хуб қабул мекунанд. Лекин ман дар ҳамон вақтҳо "не" гуфта будам.

Зеро ман маҳз дар ҳамон ҳолат розӣ шуда метавонистам, ки агар ман аз устод Қимматшо Ҳимматшоев (ин ҳунарманд нақи Труфалдиноро дар замони Шӯравӣ бозида буд) дар сатҳи баландтар бозӣ карда тавонам. Ё ҳеҷ набошад дар пояи вай бозӣ кунам. Лекин ман дар сатҳи пасттар бозӣ кунам ва нақшофарии ман фақат барои шумораш бошад, ман намехоҳам, ки тамошобинони устодро нисбат ба ин нақш дилхунук кунам. Ҳамон вақт пофишорӣ ҳам карданд, аммо ба иҷрои нақши Труфалдино розӣ нашудам. Баъд Барзу омаданду дидам, ки паҳлӯи ин нақш номи ман навиштагӣ. Дигар роҳи гурез надидам, зеро ҳунарманд нафарест вобастаи таҳиягар.

-Аммо устод Барзу дар суҳбате гуфта буданд, ки ҳунарнамоии ҳунармандони ҳирфаии театри Лоҳутӣ дар ин намоиш қонеъ нестанд. Дар ин бобат чӣ мегӯед?

-Шояд. Чун барои вай ин чиз маълумтар аст. Ман ҳам шунидам, ки Барзу дар куҷое ба суоли "аз гузоштани кадом намоиш шумо пушаймонед?" гуфтааст, ки "аз "Хизматгори ду хоҷа"". Ман намедонам барои чӣ ин хел шуда. Хайр дуруст, якум ин ки синну соли мо рафта. Ҳам ман, ҳам Исфандиёр Ғуломов ва Муҳаммадҷон Шодиев аллакай аз шаст гузаштаем. Барзу ба мо нақш дод. Лекин чӣ хеле ки вай хост, мо иҷро карда натавонистем. Охир он талаботе, ки вай дорад, иҷрои он шинухез, паропар ва чолокие кӣ вай талаб мекунад, ба синну соли мо рост намеояд. Ман ба ҳар ҳол кӯшиш кардам, ки чолок бошам. Дар саҳнае чун ду се бор Исфандиёрро гирди худ гардонидам, ӯ афтид, бемор шуд. Ин чизҳо ҳам ҳаст. Барзу шояд ҳақ бошад, ба ҳар сурат ман чизе гуфта наметавонам.

-Устод Барзу Абдураззоқов гуфтааст,  аз бозии ҳунармандон дар ин намоиш розӣ нестам, Шумо чӣ? Шумо ҳамчун актёр аз иҷрои нақши Труфалдино қаноатманд ҳастед?

-Ман ҳанӯз гуфта наметавонам, ки қаноатманд ҳастам ё на. Зеро намоиш баъди даҳум, баъди бистум бор ба саҳна баромадан баъд маҷрои худашро пайдо мекунад. Мо ин спектаклро ҳамагӣ шонздаҳ бор намоиш додем. Ман фақат ҳаминро гуфта метавонам, ки спекаткли бад набуд. Чанд нафар ба ман гуфтанд, ки дар сатҳи устод Қимматшо Ҳимматшоев бозӣ кардед, бархе гуфтанд, ки ин спектакл чизҳои нави худро дошт.

-Шумо дар мавриди эродҳову нуқтаи назарҳо гуфтед. Дар мо ки нақди театрӣ умуман вуҷуд надорад…

-Дар давраи Шӯравӣ ҳам чизе ки устод Нурҷонов дар бораи ҳунармандон менавишт, аксаран бо усули ҳамшаҳригиву шиносбозӣ менавишт. Он ҳунарманде, ки ба вай маъқул набуд, наменавишт. Ҳозир ку ҳеҷ кас нест. Он вақтҳо ҳамин хел буд.

-Бозори ҳаҷв дар Тоҷикистон хеле гарм аст. Гуруҳҳои ҳаҷвии ба истилоҳ "кӯчагӣ" бо гузоштани барномаҳои ҳунарӣ ва консертҳо ҳам даромади молӣ мегиранду ҳам байни мардум маҳбубият пайдо мекунанд, дар ҳоле ки ҳаҷвнигорони касбӣ то ҷое аз назарҳо дур мондаанд. Замоне устод Убайдуллоҳи Раҷаб ин холигаҳро пур мекард, аммо имрӯз касе нест. Масалан Шумо чаро ин корро намекунед?

-Дуруст, ба фикрам сабаби асосии аз Театри ба номи Лоҳутӣ рафтани Убайдулло Раҷабов ҳам дар ҳамин буд, ки вай мехост, ки мавқеи худро пайдо намояд, театри худро дошта бошад. Ва бо театри худаш бо соҳае, ки бисёр дӯст медорад, сарукор дошта бошад. Лекин мутаассифона, театр ташкил карданду аз театр ҳам дур шуданд. Театри "Оина" ба ном боқӣ монду дар амал на. Дар фестивалҳо, масалан дар "Парасту" ҳам ягон бор иштирок накарданд. Дар ҳоле ки имконият доштанд. Дар ҳамин ҳол ман, Қиёмиддин Чақалов ё дигар нафарони ҳунарманд мехоҳем саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия намоем, аммо нависандаи саҳнаҳои ҳаҷвӣ нест. Боз коргардонҳое, ки ба ҳаҷв сарукор доранд, қариб ки вуҷуд надоранд. Дигар нафаре ҳам нест, ки ҳунармандонро ба ин кор такон диҳад, муҳаррик шавад. Барои ҳамин бозори кучабоғиҳо ривоҷ ёфта.

-Вақте Шумо устодони саҳна мешинед хомӯш онҳо ҳам дигар бояд ба ҷавлон оянду талаботи ҷомеаро ба ҳаҷв қонеъ кунанд. Масалан агар саҳна таҳия карда нашавад ҳам, худи Шумо ё Қиёмиддин Чақалов метавонед-ку мисли ҳунарманди маъруфу баистеъдод Муқимҷон Абдуфаттоев ё дигар ҳаҷвнигорони мо дар саҳна монологҳои ҳаҷвӣ ё латифа гӯед. Чаро намекунед?

-Гапи Шумо дуруст. Инҷо аз як тараф айби мо аст, аз тарафи дигар нуқси онҳое, ки бояд ҳамин гуна чизҳоро рӯйи коғаз оваранд. Ҳамон маводе, ки лозим аст, то аз рӯйи он ман як ғизо тайёр кунам, дар бозор нест. Масалан, картошка, сабзӣ ё пиёз дар бозор нест ва Шумо аз ман талаб мекунед, ки ман хӯрок омода намоям. Агар манзуратон ин бошад, ки аз дили худамон бароему бигӯем, боз чизи кӯчабозорӣ мешавад. Ман намехоҳам ин хел. Ин шармандагӣ аст.

-Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi