00:51:59 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2000 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Адибаҳо чӣ ҳол доред?

Ҳарчанд зан дар киёси мард ҳеҷ асари фавқуллодаю ҷовидона наофарида бошад ҳам, аммо амалеро анҷом додааст, ки бузургтару муҳимтар аз ҳама ин аст, яъне инсон офаридаву модари кулли ҳамосасароёну шоҳноманависони дунёст. В-агардасти меҳрубону навозишгари модар намебуд, магар марде метавонист, ҳамоса офарад ва ё Шаҳнома эҷод намояд?

shahriyabonu 556666Солҳои охир шумори заноне, ки рӯ ба эҷоди шеъру достон овардаанд, бештар шуданд ва  ҳар яки онҳо ба таври хеш эҷод кардаву китобе нашр намуда, ба хонандагон пешниҳод мекунанд.

Мусаллам аст, ки шеъри нахустини зан ҳамон аллаест, ки сари гаҳвораи тифлаш мехонад. Хушбахтона дар ин миён заноне ҳастанд, ки ба ҷуз рисолати модариро анҷом додан, боз мехоҳанд дар гулбоғи адаб гуле аз шеъру адаб сабз намоянд. Ба шеър он қадар эҳтиром мегузоранд, чун ба фарзанду хонаводаи хештан, яъне ки шеър як ҷузъи аслии рӯзгорашон мегардад.

Дигар аз баҳри ҳама карерасозию вазифаю пулу мол ҷамъ намудан мегузаранд ва танҳо ба шеър меандешанд. Ба хотири китобаке рӯйи чоп овардан бо чандин ношустарӯе рӯй ба рӯй қарор мегиранд.

Бояд иқрор шуд, ки воқеан шеъру ғазали занони эҷодкори муосир дар қиёси шеъри мардҳо баландтару зеботар аст, зеро зан аввалан зиндагиро ба тарзи дигар, яъне жарфтару волотар эҳсос мекунад, баъдан зан силаи раҳм аст ва дар адабиёт низ ин хислаташро гум намекунад.

Оё ин байтҳои дилнишинро зан нагуфтааст? Чӣ қадар ошиқонаву самимӣ. Мутаваҷчеҳ бошед:

Дубора сӯи ту омадам, салом, азизам,

Дубора замзамасоз омадам, салом азизам.

Бубахш бемаҳалии ғуруби ғунчаи субҳам,

Ки субҳ вақти намоз омадам, салом, азизам.

Ва ё шоираи дигар чӣ кадар ишқро зебо навозиш мекунад:

Чӣ гуна дӯст надорам, туро, ки они манӣ,

Ту бо маниву дили гарм дар равони манӣ.

Даме ки дарди дили ман зи мӯи сар беш аст,

Табиби он ҳама ғаму дарди ниҳони манӣ.

Муҳити ишқ зи адлу вафост по барҷо,

Дар ин муҳит ту Нӯшервони ҷони манӣ.

Бале, бонувони шоир мафҳуми ишқро арҷ мегузоранд ва самимию воқеӣ дӯст дошта метавонанд. Ишқи онҳо то ба сарҳади парастиш расидан аст.

Ҷое яке аз шоираҳо гуфтааст:

Ишқ аст миллати ман, асли ҷибиллати ман…

Ҳатто лаҳзае ки зан барои Ватан шеър эҷод мекунад, онро ошиқона ва содиқона менависад:

Ватан, ба ту ҳарфи ниҳон менависам,

Хати ишқи ту ҷон ба ҷон менависам.

Ба ҳар ҳафт рангат, ки оҳанг бастам,

Дар адвори ту тиру камон менависам.

Ва ё дигаре гуфта:

Азизтар чу аз дилам туӣ, Ватан,

Давои ҷони бисмиллам туӣ, Ватан.

Шукуфахезам аз насими субҳи ту.

Дурахши шоми маҳфилам туӣ, Ватан.

Наметавон дар ин мақолаи кӯчак кулли шеъри занони эҷодкорро чун намуна овард,он чи ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст. Танҳо ҳаминро такрор менамоям, ки ашъори баъзе аз бонувони мо дар қиёс ба мардшоирон болотар аст!!!

Аммо инҷо ҳадафи муаллиф чизи дигар аст. Вақте ки жарфтар ба андеша меравем, занони эҷодкор имрӯз на минбар, на ҷойи чоп дораеду ва на аз ҷое барои нашри чакидаҳояшон ҳаққузаҳма мегиранд. Ба хотирам мерасад солҳои охири ҳаштодуми асри гузашта, дар ҷумҳурӣ маҷаллаи сернуфус "Занони Тоҷикистон" нашр мешуд. Ёдашон ба хайр устод Мавҷуда Ҳакимова сармуҳаррир буданд. Маҷалла дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон паҳн мегашт.

Занони музофотӣ то ҳол бо ҳавас ёд меоранд, ки "чи маҷаллаи хубе буд, мо бо як даст гаҳвораи кӯдакомонро меҷунбондему бо дасти дигар маҷалларо гирифта мехондем. Бале, бемуҳобот ҳамин тавр буд, дар даври шӯравӣ  низ проблемаҳои рӯзгори занон зиёд буданд ва роҳи ҳалли баъзеашро дар ҳамин маҷалла меёфтанд.

Устод Мавҷуда Ҳакимова ба хонаву коргоҳи ҳар як зани эҷодкор занг зада, таъкид мекарданд, ки ин шумора шеърҳои ту нашр мешаванд, гирифта биёр. Мо аз хурсандӣ дар куртаҳоямон намеғунҷидем. Шеърҳоямонро нашр карда, аз 100 сум зиёд ҳаққи қалам медоданд, ки якмоҳа рӯзгорамонро таъмин мекардем. Вале, афсӯс он рӯзҳои пур аз шодиву тараб рафтанд….ёдашон ба хайр.

Аммо имрӯз чӣ? Ҳеҷ чӣ!

Рӯзномаю маҷаллаҳоро варақгардон мекунам ба хотири он , ки шеъри хуб дарёбам, вале эшон  шеърро дигар чоп намекунанд.Ташаккур ба ҳафтавори "Нигоҳ", ки сари чанд вақт баъзе аз шуарроро нашр мекунад, ки боиси шодмонии мо мегардад. Воқеан имрӯз қариб тамоми рӯзномаву маҷаллаҳо аз шеър бадашон меояд. Намедонам барои чӣ? Вале бояд донист, ки баъзе аз хонандагон рӯзномаро ба хотири шеър мехаранд.

Имрӯз ба ҷойи собиқ маҷаллаи "Занони Тоҷикистон" дар ҷумҳурӣ "Бонувони Тоҷикистон" амал мекунад. Ёд дорам  Президенти муҳтарам дар ҷаласаи бахшида ба рӯзи Модар, ки дар  Кохи Ваҳдат баргузор шуда буд, аз нашри ин маҷалла хабар доданд ва ҳатто гуфта буданд, ки16 ҷойи корӣ барои занони эҷодкор пайдо мешавад, вале афсӯс то ҳол ягон бонуи шоиру адиба онҷо фаъолият накардаст, боз намедонам…Маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"-ро варақ мезанам, вале аз шеър на дарак асту на хабар…

Дар кадом як саҳифааш чор мисраъ шеър буд, вале он ҳам  аз лиҳози вазну қофия вайрон.

Ҳафтавори "Адабиёт ва Санъат", ки дар саҳифаи аввалаш "Минбари эҷодкорони Тоҷикистон" нашр шудааст, соле як маротиба ба гуфти Парда Ҳабиб навбатамон мерасад ва як  саҳифа шеърамонро нашр мекунад. Аҷибаш он аст, барои як саҳифа шеър ҳамагӣ 18 сомонӣ ҳақки қалам медиҳад ҳафтавори "Адабиёт ва Санъат".

Ҳарчанд дар қиёси  адибони мард занони эҷодкор ангуштшуморанд, вале бо ин ҳама Иттиҳодияи Нависандаҳо ба онҳо чун ангушти шашум муносибат мекунад. Аслан хеле ками дар кам занон ба ҷоизаву унвонҳои давлатӣ пешниҳод мегарданд. Агар толеъи баъзе аз онҳо баландӣ кунаду дар ҳамон даргоҳ фаъолият дошта бошанд, пас соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Турсунзода мегарданд.

БаҶоизаиДавлатиибаномиРӯдакӣбошад, чандинсоласт, азшуморизанҳокасеропешбарӣнамекунанд. Дар ин байн  баъзе мардшоирон боз мехоҳанд, ки дуввумбора соҳиби ин ҷоиза шаванд. Бубахшед, инҷо дурӯғ гуфтам. Иттиҳодияи Нависандаҳо соле як бор дар Рӯзи Модар дар қатори ҳамсарони шоирони фавтида мо адибаҳоро низ даъват карда, ош медиҳанд. Ташаккур барои ҳимматашон!

Шаҳриябону

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi