19:22:06 25-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Байҳақӣ: Тоҷикон сипари Эрон!

Мунташир шудани ин китоби арзишманд армағони шоистаи Наврӯзиест барои ҳаводорони таъриху адабу ойини эронӣ, аз ҷумла тоҷикони Варорӯд, ки то ин муддат дар ин хитта пиромуни асари устод Байҳақӣ нақду баррасие нашудааст. Доктор Сайфуллоҳ Муллоҷоновро табрик мегӯем. То он ки равзанае аз қимати ин асар бар рӯйи Шумо боз гардад, иқтибосҳое баргузида аз охирсухани он ҳамчун муште аз харвор манзуратон мекунам. Ба қавли Саъдии бузургвор - Мушк он аст, ки бибӯяд...

bayhaqy 4554665"...Бузургтарин хидмати ин фарзонаи даврон ва алломаи замон будааст, ки ӯ тавону имкону ҷамолу ҷалоли забони модарии хеш-форсиро дар баробари муҳити адабу донишу ҳикмати айём ойинадорӣ карда, ҳамчун Шарафулмулк Ибни Сино ба порсӣ хилъати заррини илму андеша пӯшонд. Мебинем, устод Берунӣ, аз ҳамзамонони Байҳақӣ, дар "Китобуссайдана"-и хеш қолиби порсию хоразмиро барои илм тангу нокифоя медонад. Аммо Байҳақии дабир бо иншои "дебои хусравонӣ" собит месозад, ки забони порсӣ (забони гуфтори тозикон ё тоҷикон) аз арабӣ камӣ надорад ва ба порсӣ метавон ҳар асареро дар боби адабу илму сиёсат бо фасоҳату балоғати тамом таълиф кард"...

"...Номи накӯву намунаи Байҳақиро он чӣ дар арсаи илму адаби порсӣ поёву мондагор кардааст, бегумон, як ришта авомилеанд, ки реша бар таъриху сарнавишту тамаддуни миллати донишманду накӯкеши вай дорад. Ҳамон тамаддуне, ки ҳазорсолаҳо (аз Каёниёну Пешдодиён то Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён) дар моварои тазодҳои шаҳрёрони худҳоҳу худкома, дар баробари ҳамлаҳои маргбори румиёну тозиёну туркони ғосиб афзун шуду накост, тамаддуни ҷаҳлзудою ақлафзо, ки одамиро аз фарти ҳайвонӣ ва фарри инсонӣ мекашад. Ҳоло шоҳиди холис-"Таърихи Масъудӣ" аст, ки дар гӯши мо мехонад- ҷаҳонпаноҳони нанги ҷаҳон, Сабуктакин ё Маҳмуд ва ё Масъуд кишваркушойӣ карданд. Ва чӣ футуҳоте- сӯхтанду куштанду бурданд! Муборак бод ин султонӣ ё зиҳӣ ин фурӯмоягийю ҳайвонӣ!"...

"...Сомониёни бедордилу покгавҳар дар қиболи тозиёни бедодгар шавкати ҷаҳоншумули Эрони бостонро умри дубора доданд, баробари равнақи донишу ҳунару меъморию шаҳрсозӣ ва ғ., забони модарии хеш-порсиро ба маснади шоҳгуфтори ҷаҳониён шинонданд (ҳамчун Ҳахоманишиёни гиромӣ, ки порсиро ба дараҷаи забони ҷаҳонӣ густариш дода буданд); порсӣ дар аҳди онон то ҳазор соли баъд дуюмин забони гуфту навишти олами ислом гардид ва аз як сӯ то Ироқу Шому Яман ва аз сӯйе ҳам то Қафқозу Ҳинду Рум қалбу руҳи соҳибзавқонро навозиш мекард. Порсӣ нӯшдоруи Эрони бостон аз марги маънавии тадриҷӣ гардид. Ин аст хидмати босазои Оли Сомон ва қаҳрамонии нухбагони илму фарҳанги остони онҳо ҳамчун Балъамию Табарию Пӯри Сино, Берунию Форобию Хоразмӣ, Рӯдакию Дақиқию Фирдавсӣ ва садҳо нафари дигар барои мардуму Меҳани хеш.

Байҳақии диловар ва соҳиброёни даврони ӯ маҳз бо ҳамин иродату маром ба Ғазнин гирди ҳам омада, аз худафрӯзии фарзонагони Оли Сомон пай гирифтанд ва нагузоштанд, ки машъали порсӣ бо ҳикмату дониши Бухоро дастхуши турктозиҳо шуда, хомӯш гардад. Аз "Таърихи Масъудӣ" мебинем, порсӣ барои барнои Байҳақ ончунон хубу азиз аст, ки ҳатто султони ҷаҳон Масъуд ва атрофиёнашро дар фаро гирифтани он ташвиқу тамҷид мекунад. Байҳақӣ (аз Масъуд) мегӯяд: "Чун дар сухан омадӣ, ҷаҳониён боястӣ, ки дар наззора будандӣ, дурр пошидию шаккар шикастӣ"(!).

Аммо хидмати Байҳақӣ фаротар аз ин аст. Дар рӯзгори ӯ туркони барда дигар иддиъои хоҷагӣ доштанд ва табдил ба як хатари бузурге барои сарзамини ӯ гашта буданд. Инро метавон аз руҳияи Шоҳ Носири Хусрав ё Аттору Саъдӣ низ пай бурд. Бо ин манзур устод Байҳақӣ дар қиболи"турк" вожаи "тозик"-ро ҳамрадифи эронӣ китобат кардааст, "тозик" "тозикон", "мо тозикон" бо таъкиду такрор ҳар гоҳе менависад ӯ. Пай бурдан душвор нест, ки маниши туркгароии туркон Байҳақиро водору ночор ба таъкиду таъйиди ҳувийяти милли хеш карда, ки пас аз ӯ меомадагонро бо худу бегона шиносонад, ки тозикон (яъне тоҷикон ё эрониён) киҳо ва аз куҷо буданду чӣ кардаанду чӣ гуфтаанду чӣ навиштаанд"...

"...аз таъкиди Байҳақӣ рӯйи вожаи "тозик" бармеояд, ки ҳукуматҳои Тоҳирию Саффорию Сомонӣ ҳама тоҷикӣ (эронии асил) ва дастбакорони ин ҳукуматҳо ҷумла тоҷик будаанд. Соҳибқиронони илму адаби ин давронро, ки бар чашми башар аз коиноти маърифати хеш ҳазорон хуршед намуданд, низ ҳамчун "тозик" медонистанд. Баъдан дигар бузургони мо-Ҳаким Саноию Шайх Аттор, Мавлонои Балху Саъдии Шероз ин вожа ("тозик")-ро ба гунаи "тоҷик" фаровон ба кор бурда, зимнан, худро тоҷик хондаанд (Шояд, ки ба подшаҳ гӯянд, Турки ту бирехт хуни тоҷик - Саъдӣ!).

Бад-ин тартиб номовари ғаюри Байҳақ, устод Байҳақии бузурговор нишон медиҳад, ки дар авҷи шадиди фоҷеъаи истилои тозию турк тоҷикон (тозикон) дар эҳёи дубораи Эрони бостон, дар поёию ҷовидонагии ин марзи пургуҳар нақши калидии сазоворе доштаанд. Ва бешак, ҳамин тавр ҳам ҳаст..."

Пас суолеро ҳам дар ин зимн метавон матраҳ кард, ки агар порсӣ забони давлатдории тоҷикон дар ҳазорсолаҳо буда бошад, чиро парлумону ҳукумати мо дар Қонуни асосии кишвар порсиро хат заданд?

Обидҷон Шукуров

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi