18:33:33 25-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳунарманде, ки уфуқи "Фалак"-ро васеъ кардааст

Андешаи навиштани ин сатрҳо вақте ба хаёлам омад, ки яке аз шабҳо дурру дароз дар бораи солҳои аввали фаъолияти эҷодиам ва бурду бохти он дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб фикр мекардам. Охир бо Давлатманд низ қариб 15 сол якҷоя кор кардам. Ҳарчанд дар бораи ӯ бисёрҳо гуфтаанду навиштаанд, вале дар ман хоҳише пайдо шуд, то хома ба даст бигирам ва чанд лаҳзаеро дар бораи ҳамкориамон пешкаши хонандагон бигардонам.

Шабе, ки базм ба разм табдил ёфт

1-davlat khol 1Вохӯрии аввалини ман бо Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, мартабадори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари бадеии ансамбли давлатии Фалаки назди Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Давлатманд Холов дар хонаи яке аз хешовандонаш бо номи акаи Абдул, дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ҳамон сол баъди хатми донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода ба театри мусиқӣ драмавии шаҳри Кӯлоб ба кор рафта будам.

Хеши Давлатманд дар мағозаи Гулҷаҳон, ки дар маҳалаи 10-ум воқеъ буд, посбон шуда кор мекард. Хонааш ҳам дар паҳлӯи мағоза буд. Шахси шеърдӯст, меҳрубон ва инсони оддӣ буд. Мо ба ҳам ошноӣ пайдо карда будем, ҳарчанд сину соламон фарқ мекард. Гоҳу ногоҳ маро ба хонааш мебурд ва хоҳиш мекард, ки барояш аз ашъори Шайх Саноӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Абдураҳмони ?омӣ ва дигарон суруд бихонам. Махсусан қиссаҳои диниро (наътхониро) бисёр дӯст медошт.

Бори аввал ҳунарнамоии Давлатмандро бо бародаронаш Саид, Нурулло ва Назаралӣ ҳамон ҷо дидам. Он шаб бо навбат базм кардани мо қариб ба як мусобиқаи мусиқиву сурудхонӣ мубаддал гашта буд. Банда он солҳо дар консертҳо, тую маъракаҳои мардум зиёд овозхонӣ мекардам ва ба ҳар гуна овозхони андак-мандак тан намедодам. Вале он шаб Давлатманду бародаронаш гоҳ бо дутору, гаҳе бо ғиҷҷак, гаҳ бо сетору гаҳе бо аккордион бо шавқу шӯри зиёд сурудхонӣ мекарданд ва табиист,ки мани танҳо наметавонистом бо сурудҳоям аз онҳо бартарие пайдо кунам ва онҳоро дар ҳайрат гузорам.

Чаро Қурбон Зардак Давлатмандро ба кор нагирифт?

Дафъаи дигар ӯро дар театр дидам, ки барои кор кардан омада буд. Директори ҳамонвақтаи театр устод Қурбон Зардаков, ки барои рушди фарҳанг ва алалхусус зинда гардонидани суруду таронаҳо, сару либос ва асбобҳои мусиқии қадимаи тоҷикӣ хизмати зиёде карда буд,чанд нафари моро ба толор даъват кард, то ба сурудхонии Давлатманд гӯш диҳем. Он рӯз низ Давлатманд бо дутору ғиҷҷак хуб ҳунарнамоӣ кард.

Баъд сӯҳбати онҳо бо директори театр бе иштироки мо сурат гирифт ва ман дигар муддати мадиде Давлатмандро надидам. Вале мегуфтанд, ки директори театр ба Давлатманд гуфтааст, ки "Ин ҷо ҳамагӣ 90 рубл маош мегирӣ ва кораш аз ҳад зиёд аст.Моҳҳои дарозро барои иҷро кардани нақшаи моливу пулии театр дар колхозу совхозҳо, дар сафарҳои ҳунарӣ бояд гузаронӣ. Агар ба ҳамин шартҳо розӣ бошӣ мо туро ба кор мегирем". Вале чӣ шуду Давлатманд дигар ба театр наомад…

Устод Қурбон Зардаков дар баробари роҳбари театр буданаш чун овозхон низ фаъолият мекард. Дар консертҳо чун устоди овозхонӣ дар охири барнома баромад мекард. Шояд нахост,ки ҳунарманди аз ӯ беҳтаре ин муваффақияти ӯро қисмат кунад?.. Дар ин хусус овозаҳо гуногун буданд.... (ин мавзӯи алоҳида аст). Танҳо соли 1978, баъди хатми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода Давлатманд ба театри Кӯлоб ба кор омад, ки аллакай чун овозхон шинохта шуда буд.

Ин даврае буд, ки мо бо роҳбарии устод Одина Ҳошим ва дастгирии Гулмурод Зуҳурову Зариф Валиев аз ҳар гӯшаву канори вилоят ва ҷумҳурӣ ҳунармандони хубро ба кори театр ҷалб мекардем. Ҳунарманди шинохта Бобоҷон Азизовро аз радиои вилоятӣ, Бобоҷон Ҳасановро аз мактаби мусиқии шаҳр, Адолат Комилова ва Идимоҳ Ҳалимоваро аз водии Вахш, Фотима Тураеваро бо шавҳараш Муҳаммадӣ Абдурасулов аз ноҳияи Ёвон аллакай ба кори театр ҷалб карда будем.

Бояд гуфт, ки дар гирд овардани ин гурӯҳҳои ҳунарӣ ба кори театр хизмати ҷойнишини устод Одинаи Ҳошим ва баъдан директори театр Гулмурод Зуҳуров хеле зиёд буд. Ҳамин тариқ як гурӯҳ актёрҳои касбӣ ва ҳаваскорро низ ба кори театр даъват карда будем. Мо назди худ вазифа гузошта будем, ки барои фаъолияти эҷодии ҳамаи ҳунармандон муҳити солим фароҳам биёрем ва мувофиқи заҳмату хизматашон қадршиносӣ кунем. Давлатманд чун сарояндаи сурудҳои халқӣ дар Донишкадаи санъат аз нуқтаи назари касбӣ пухта шуда, ҳунари мутрибӣ ва овозхонии худро сайқал дода, хеле боло бурда буд.

Нахустин консерти Давлатманд дар театри Кӯлоб

 Барномаи аввалини ӯро дар толори боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб тамошо кардам. Хеле ҷолиб буд.Тамошобинон ҳар як суруди ӯро бо кафкӯбиҳои дурру дароз истиқбол мекарданд. Аслан дар маркази Кӯлоб чун овозхон ҳунарнамоӣ карда, писанди мардум гардидан ниҳоят мушкил буд. Ҳар гуна овозхонро қабул ва пазироӣ намекарданд. Ба назари ман чунин менамуд, ки барномаи омода намудаи Давлатманд ба ду қисм ҷудо мешуд.

Аввал суруду мусиқиҳои аз нуқтаи назари бадеият дар сатҳи хеле баланд, дуввум сурудҳои халқие, ки баъзе ҳунармандон барои ҷалб намудани категорияи ҷавонон иҷро мекарданд. Ман дар назар дорам сурудҳои "Нисоҷон", "Нафаҳмидӣ", "Маро ба ханҷар задӣ" ва ғайраҳо, ки баъдҳо Давлатманд ин сурудҳоро аз репертуараш берун кард ва ба ҷои онҳо ба ашъори классикони тоҷику форс оҳангҳо баста ба репертуараш ворид намуд.

Ҷамъ кардан ва нигоҳ доштани чунин ҳунармандон дар театр кори ниҳоят нозук ва мушкил буд. Вале бо ёрии устод Одинаи Ҳошим ва маъмури ботаҷриба Гулмурод Зуҳуров мо ба ҳамаи амали раво ва норавои онҳо тоқат мекардем ва дар қатори сахтгирӣ ва серталабӣ ба онҳо ғамхорӣ ва меҳрубонӣ зоҳир мекардем. Ҳамон солҳо дар ҷумҳурӣ ин ягона театри касбие буд, ки ягон нафар ҳунарманди унвондор надошт.

Чанд сол баъдтар ба пешвози мо собиқ вазирони фарҳанги ҳамонвақта Нурмуҳаммад Табаров ва Мирзошоев Султон Шарифович баромаданд ва баъди анҷом додани сафарҳои ҳунарӣ-ҳисоботӣ ва тамошои чанд намоишҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ ваъда доданд, ки албатта ин овозхонҳо аз тарафи вазорати фарҳанг ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ карда хоҳанд шуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Сар карда аз соли 1980 чанд нафар ба унвонҳои фахрӣ сазовор гардиданд, ки дар қатори онҳо Давлатманд низ буд.

Имрӯз вақте дар бораи он рӯзҳо андеша мекунам, ба хулосае меоям, ки ҳамон сурудҳое, ки хонданашонро барои Давлатманд ва дигар овозхонҳои театр раво намедидем, ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати ороиши мусиқӣ аз сурудҳои бисёри овозхонҳои имрӯза боло будаанд. Ҳар як овозхони театри Кӯлоб матни сурудҳои консертӣ ва туйиашро дар дафтари махсус (дафтари 96 варақа ном дошт) менавишт. Онро дар Шӯрои бадеии театр муҳокима мекардем ва пасон барои иҷро карданаш иҷозат медодем. Шахсоне,ки ин талаботро вайрон мекарданд ба муҳокимаи сахт гирифтор мешуданд.

Табиист,ки Давлатманд дар муддати кӯтоҳ шӯҳрат пайдо кард. Аз ин консерт то консерти дигар мухлисонаш меафзуданд. Бояд гуфт,ки сафи рақибонаш низ зиёд мешуданд. Ин муваффақиятҳо барои ӯ ба осонӣ ба даст намеомад. Меҳнату машаққати шабонарӯзӣ даркор буд, ки кас ба ин мартабаҳо бирасад. Маҳорати баланди овозхонӣ ва хусусан истеъдоди фавқулодаи навозандагӣ ва оҳангсозии ӯ ҳамаро дар ҳайрат мегузошт. Аксари асбобҳои мусиқиро хуб менавохт. Аҷобати кор дар он буд, ки асбобҳои нафасиро низ олӣ менавохт. Масалан мо танҳо асбобҳои ториро каму беш менавохтем. Вале ӯ кларнет, флейта, най, саксафон ва дигар асбобҳои нафасиро хуб менавохт.

"Аждаҳоре, ки ҳамаи асбобҳои мусиқиро дам кашидааст"

2-davlat khol 2Боре ба пешвози конфронси 10-уми Ҳизби  коммунисти вилояти Кӯлоб бояд барномаи махсуси консертие омода мекардам. Ба Давлатманд пешниҳод кардам, ки бояд дар ин консерт бо якчанд асбоби мусиқӣ суруд бихонад. Ин пешниҳоди маро пазируфт ва мо машқро оғоз намудем. Ман қариб ҳамаи сурудҳои ӯро гуш кардам ва тартиби онҳоро бо Давлатманд муайян намудем. Бояд барномаро мантиқан чунон месохтем, ки ҳам мазмунан, ҳам аз нуқтаи назари зарбу садои асбобҳо ва ҳам аз нуқтаи назари суръати он ҷолиб мебаромад.

Дар ин барнома асбобҳои зерин истифода шуда буданд: лабчанг, дутор, сетор, тор, ғиҷҷак, най, кларнет, флейта,саксафон ва гитара. Ду нафар доирадаст ва тавлакнавоз вақти иваз шудани асбобҳо ва гардишҳои мусиқӣҷои холигиро пур мекарданд. Ҳар қадар матнҳоро кам кардем, вале барномаро аз 15 дақиқа дигар кӯтоҳ карда нашуд. Гап сари он мерафт, ки оё роҳбарияти вилоят розӣ мешуда бошад, як ҳунарманд дар чунин консерти сатҳи баланд, ки аз 3-4 дақиқа зиёд иҷозати суруд хондан намедоданд, 15 дақиқа баромад кунад?

Вале барнома аз ҷиҳати интихоби матн, истифодабарии асбобҳо, ороиши мусиқӣ хеле ба ман писанд омада буд. Охир ин як муъҷиза буд! Ин як оркестрро мемонд! Пеш аз қабули консерт ба муаллима Тағоева Робиа Аллаёровна, ки котиби идеалогии кумитаи ҳизбии вилоят буд, матлабро арз кардам ва хоҳиш намудам, ки маро дастгирӣ кунад, то намояндагони ҷумҳурӣ ва Масков бубинанд, ки мо чӣ гуна ҳунармандон дорем. Он кас маънидорна нигоҳе карданду гуфтанд, ки "ку, бубинем!".

Робиа Аллаёровна зани хеле босавод, бомаърифат ва дар айни замон серталаб ва сахтгир буданд. Рӯзи қабули барномаи ҳунарӣ, вақти муҳокима, Робиа Аллаёровна ба ман супориш дод, ки баромади Давлатмандро дар ҳамин шакл то 10 дақиқа қарор бидиҳем. Мо ҳар қадар кӯшиш кардем, вале онро аз 12 дақиқа камтар карда натавонистем, зеро дар акси ҳол мантиқи барнома мекоҳид. Ҳама чиз то майдатарин ҷузъиётҳои мусиқӣ ба ҳисоб гирифта шуда буд.

Давлатманд ҳар як асбоби мусиқиро моҳирона истифода мекард ва пораҳои сурудҳои интихобшударо бо завқи баланд иҷро мекард. Рӯзи намоиш низ фаро расид. Барои ман ғами ҳамаи барномаи консертӣ як тараф буду ғами баромади Давлатманд як тараф. Ман аз он меандешидам ,ки муаллима Робиа Алаёровна барои 2 дақиқаи зиёдатӣ ба ман чӣ танбеҳ медода бошад. Вале вақти баромади Давлатманд тамошобинон ҳар як суруд ва истифодаи ҳар як асбоби мусиқиро дар иҷрои ӯ бо кафкӯбӣ истиқбол мекарданд. Барои тамошобин ин як навигарӣ буд.

Ду нафар духтарони чаканпӯш аз ду гӯшаи саҳна зери садои мусиқӣ асбобҳои мусиқии Давлатмандро ба саҳна мебароварданд. Ҳар як асбоби мусиқӣ вақти навохтану хондани Давлатманд бо хушнудӣ ва кафкӯбии дуру дароз пазируфта мешуд. Консерт  ба охир расид. Ҳама хушнуд буданд ва дар бораи ҳунарнамоии Давлатманд ҳарф мезаданд.Устод Одина Ҳошим бошад маро табрик намуду гуфт: "Ин Давлатманд ҳунарманд не, балки як аждаҳоре ҳаст, ки ҳамаи асбобҳои мусиқиро дам кашидааст". То имрӯз низ дигар ҳунарманде пайдо нашудааст, ки битавонад ба мисли Давлатманд дар якчанд асбобҳои мусиқии ғарбиву шарқӣ моҳирона ҳунарнамоӣ кунад.

Хунарманде, ки уфуқи "Фалак"-ро васеъ кард

 Оҳангҳои эҷодкардаи Давлатманд чун мусиқии касбӣ ҳисобу китоби дақиқи худро доранд.Тарғибу истифодаи асбоби мусиқии "лабчанг" ва "ғиҷҷак"-и қадимаи тоҷикӣ аз тарафи Давлатманд шурӯъ шуд.Уфуқҳои фалакхониро васеъ кард ва ривоҷ дод. Агар Акашариф ?ӯраев, Абдуллоҳ Назрӣ, Бобохалил Одинаев, Ҳошим Қосим, Карими Шуш, Одина Ҳошим ва Гулчеҳра Содиқова фалакихониро нигаҳ дошта бошанд, Давлатманд онро ривоҷ дод ва усулҳои фалакхонии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро ҷустуҷӯ намуд ва зинда гардонид.

Ва ниҳоят фалакхонӣ аз тарафи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мақоми давлатӣ гирифт, ки дар ин кор саҳми Давлатманд калон аст. Албатта дар давоми чанд соли ҳамкорӣ муносибати ману Давлатманд ҳама вақт яксон набуд. Ҳолатҳое низ рух медод, ки мо ҳамдигарро тамоман намефаҳмидем ё фаҳмидан намехостем. Вале инҳо муваққатӣ ва гузаранда буданд. Олами адабиёту санъат ҳаргиз бе рақобат ва мубоҳисаҳои эҷодӣ намешавад.

Муҳим он буд, ки ману Давлатманд ҳунари ҳамдигарро меписандидем ва эҳтиром мекардем.Чӣ тавре,ки баъдҳо шоҳид шудем Давлатманди азизи мо оҳиста - оҳиста баъди Тоҷикистон дили тамошобинони Эрону Афғонистон, Покистону Ҳиндустон, Амрикову Ҷопон, Инглистону Маҷористон, Ҳоланду Олмон, Фаронсаву Испания Австрияву Шведсария ва боз бисёр миллату халқҳои дигари ҷаҳонро тасхир кард ва азизи дилҳо шуд.

Афсус,ки ман имкон надорам, ки дар ин як мақола ҳамаи фаъолияти эҷодии ин ҳунарманди беназир ва хизматҳои ӯро барои рушди санъати тоҷик ҷой бидиҳам. Бояд гуфт, ки ҳунари ин хунёгари бузург ва зиндагиномаи ӯ аз тарафи мунаққидони мусиқӣ ва олимони давр боиси омӯзиш қарор нагирифтааст.Умед аст эҷодиёти ин овозхони номӣ ва мутриби беҳамто аз тарафи санъатшиносон барои наслҳои оянда боиси омӯзиш қарор хоҳад гирифт.

Мирзоватан Миров Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи ҳалқии Тоҷикистон, мартабадори ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi