14:08:53 07-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Ҳемануела», Ҳасани Чилла» ва … КВН

Аз рӯзе, ки Ҳасани Чилла "хит"-и навбатии худро тавассути барномаи "Ҳазлниюш"-и ТВ рӯи кор овард, дар роҳу бероҳаҳо, махсусан байни ҷавонону наврасон  дар мактабҳо суруди "Ҳемануела" мӯд гаштааст.

chila-hasan-000120Ин албатта муваффақияти Ҳасани Чилла аст, ки "хит"-ҳояш  мисли коҳи хушк дар як дам аланга мегирад-ба дили аксарияти наврасону ҷавонон роҳ меёбад. Бо назардошти ин "пешдастӣ"-ҳои Ҳасани Чилла ва ҳамовозӣ пайдо кардани сурудҳои ӯ дар ниҳоди  наврасону ҷавонон барандаи барнома ишорае ҳам кард ки: чуноне дар "Лаҳзаҳои гуворо" "Ҷинҷонӣ" рамз шудааст, Ҳасани Чилла низ ҳамин нақшро дар барномаи "Ҳазлниюш" (мақсад таҳлили "Ҳазлниюш" нест) пайгирӣ хоҳад кард.

Хуб тавре маълум аст, ҷамъияти мо якҷинса нест, на ҳама ин гуна сурудҳои шӯхи дар назари аввал "бозоргир"-ро қабул дорад. Хуб, дар замони иқтисоди бозорӣ, ки маҷмӯъ (система)-и арзишҳои инсонӣ  тағйир пазируфтаасту ба ҷои маънавиётгароӣ  моддиётгароӣ ба зинаи аввал баромадааст, хандаи физиологӣ (хандаи "бенамак") низ ҷои хандаи зеҳнию ақлониро иваз мекунад. Тасаввур кунед, ки пеши "Ҷинҷонӣ" чунин талабот мегузоранд: "Оё ту метавонӣ шӯхиҳое пешкаши кулли тамошобинон гардонӣ, ки ба се шарти шухӣ ҷавобгӯ бошад?" (Яъне дар он парадокс- (муқобилгузории чизҳои бо ҳам носозгор), танқиди объекти мушаххаси иҷтимоӣ ҷой дошта бошад, (мавзӯи руз-актуалӣ дошта бошад), ба шунаванда ягон панди нав, (хулосабарории нав) дода тавонад.)

-"Не ака, ман каттазан нестам, зӯрам танҳо ба як пиёла чой мерасаду халос" -ҷавоб хоҳад дод Ҷинҷонӣ.

Ғараз аз чунин  оғозу "оҳанг"-и мақола  ва истифода накардани ибораи "санъаткор" (худо накунад ки мо касби актёрии Ҳасани Чиларо инкор кунем) пеш аз "Ҳасани Чила" дар чист ва "Эмануелла" ба маҳфили зарифон-КВН чи рабту муносибат дорад? Агар мо бо дидаи таҳқиқ ба атроф назар кунем, пай бурдан душвор нест, ки мо саҳнаро аксар мавридҳо ба саҳнаи КВН табдил додаем ва инро чи дар қасрҳои маданият ва чи дар ТВ ба мушоҳида гирифтан мумкин аст(ба фитаҳои дар фурӯш қарордошта нигаред). Пас КВН чист ва чи зиён ё манфиате дорад? Маҳфили зарифон-КВН ба актёрони ҳирфаӣ ягон муносибат надорад, зеро аз театр дур аст. Рости гап, мо бо баҳонаи "элак" (Ҳасани Чилла) аз хусуси "театр"-и КВН мулоҳизаронӣ карданро "ғанимат" мешуморем.

Саҳнаи КВН саҳнаи шӯхию бозӣ, ҷоест ки масалан Тешаи Табарзода (донишомӯз ё коргари ҷавон) ба саҳна мебарояду ба истилоҳи мардумӣ ягон "нағма" мекунад. Ба хотири хандаву хушҳолии тамошобин ҳамон Тешаи Табарзода имкониятҳои зиёд дорад. Метавонад суруд хонад, ё ягон нақшеро иҷро кунад, ё чашмбандӣ намояд ва ғайра.Образҳое, ки дар саҳнаи КВН ҳамон Тешаи Табарзодаи шартӣ меофарад, табиист ки образ ё қаҳрамони мукаммал набуда, воситаи ханда асту халос. Ҳар коре, ки ин ҷавон дар саҳна ба иҷро мерасонад, аз номи худаш  намоиш медиҳад. Яъне ӯ ҳақ надорад гуяд:

"Ман ин корро аз номи қаҳрамонам дар саҳна ба иҷро расондам, ман ин суханро аз номи образи офаридаам гуфтам", зеро ӯ дар саҳна Тешаи Табарзода асту халос. Тешаи Табарзода ҳамчун актёри профессионалӣ  метавонад баромад накунад ва ӯро  ба осонӣ бахшидан мумкин, зеро ӯ Тешаи Табарзодаасту халос, яъне актёр нест (ва саҳнаи КВН низ саҳнаи театр нест).Умуман саҳнаи КВН-ро мардум меписанданд,  агар иштироккунандагони он қонуниятҳои онро ба иҷро расонанд. Ин албатта тарафи мусбати кор аст ва КВН тарафҳои манфӣ низ дорад.

Масалан ҳамон Тешаи Табарзода дар саҳнаи КВН ҳақ надорад суханҳои ноҷо, ҳақоратомез, рафтори ношоям намояд. Инчунин вай дар паси қаҳрамони худ (дар паси образ) пинҳон шуда наметавонад, аз ин рӯ бо истилоҳи мардумӣ Теша Табарзода "ҳар нағма ё номаъқулӣ"-е ки мекунад, маҳз ба шахсияти ӯ дахл дорад ва ботини ҳамон  Тешаи Табарзодаро дар чашми тамошобин аён месозад. Акнун ба матни суруди "Эмануелла" диққат медиҳем. Ман мисраҳои алоҳидаи ин сурудро намуна меорам:

"Ҳемануелла, Ҳемануелла, Мара нашнохтӣ, охи(р)  ма(н) Ҳасани Чила," "Дустат медорум охир дига наку  ҳилла". "Ту биё охи(р) ба астановкаи Қараболора, Биё мошин вайрон шудай, мекунем тела", Баҳор сар шудай, биё сар мекунем побела" ва ғ. ва ҳоказо. (Эмануелла номи аврупоист.Агар ин суруд тавсифи актрисаи голландӣ бошад, бояд қайд кард, ки ба ӯ суруди машҳуре бахшида шуда буд ва хизмати ин актрисса барои сокинони иттиҳоди шуравӣ аз ин иборат буд: ӯ солҳои шӯравӣ-солҳои 70-уми қарни гузашта ба истилоҳ сексро бо  мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ шиносонд).

Акнун аз бузургони миллат иқтибосе меорем: "Мо мардуми тоҷик, ки имруз бо роҳи нави фардо қадам гузоштаем, бояд аввал ин қувваи руҳонии худро (эҳёи маънавӣ дар назар аст-С.Р.) ба ҷунбиш оварем ва фаъол кунем, то ки ҷону тани мо барои устувор кардани озодиву истиқлол ва созмон додани ҷомеаи маънавибунёди фардо қувваву мадор дошта бошад"(Муҳамадҷони Шакурӣ). Агар мо дар замина (фон)-и ҳамин гуфтаҳо ба сурудҳои "Эмануелла", "Дига мара занг наза" ва ғ. баҳогузорӣ намоем, ҳамин қадар гуфтан мумкин аст, ки Ҳасани Чила на ҳамчун санъаткор ё актёри профессионалӣ, балки ҳамчун Ҳасани Чилла ин сурудро ба ҳаводорони хеш пешниҳод намудааст ва ин қабил сурудҳо ба фоидаи  эътибори ӯ ҳамчун актёри профессионалӣ хизмат нахоҳад кард.

Бо ин гуна сурудҳо заминаи ба истилоҳ "попса"-и тоҷикӣ мустаҳкамтар мешаваду халос. Баҳогузорӣ намудани қимати эстетикӣ ва ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқии сурудро ба хонандагон ҳавола намуда бояд қайд кунам ки жанри сенарияи КВН ба театри реприза наздикӣ дошта бошад ҳам, мутобиқи талаботи КВН ҳар як номера дар КВН  бояд ҷавобгӯи (ақаллан қисман) қонуниятҳои драматургияи классикӣ  бошад, (яъне оғоз-кулминатсия-апофеоз (авҷи хандаи тамошобин) дар назар аст.) Дар тақвияти он нуқта, ки аксар актёрони профессионалӣ дар саҳна баромадҳои худро аз руи қонуниятҳои КВН месозанд мисолҳо хеле зиёд аст.(Боз нигаред ба фитаҳои дар фурӯш буда,) Агар аз рӯи инсоф гӯем дар саҳнаҳои КВН "чизе рух намедиҳад", яъне  оғоз ҳасту, инкишофи воқеа, кулминатсия, анҷом метавонад набошад, зеро ҷои онро (бо мусиқӣ масалан ё баромади баранда) пур кардан осон аст. Ин ҷо сухан ва суханбозӣ дар ҷои аввал аст, на амали саҳнавӣ.

Агар аз суруд ба номераҳои ҳаҷвӣ гузарем бояст гӯем, ки аксар номераҳои ҳаҷвии актёрони ба омма шинос (Бахтиёр, Ташриф ва ғ.) дар асоси чунин принсип сохта шудаанд: якчанд пора, нақли хандаовар ҳамчун пораҳои гӯшт ба як сих (шампур) гузаронида шуда ба тамошобин пешкаш карда мешавад, ки ин сирф принсипи КВН аст. Ба таҳлили истифодаи қоидаҳои КВН дар саҳна чуқуртар нарафта дар анҷом ҳаминро гуфтанием, ки бешубҳа агар дар рӯзҳои мо бояд актёрони ҳирфаӣ мутобиқи талаботи вақту замон эҷод ва фаъолият намоянд. Бинед, ки дар ноҳияҳо қариб, ки мағозаҳои китобхонӣ нест, "хонандагон"-и "китобхона"-ҳое бо номи дӯконҳои фитафурӯшӣ бошад хеле зиёданд.

Он чӣ дар ТВ ва саҳнаҳои қасрҳо ба намоиш гузошта мешавад, бешубҳа дар шакли фитта ба ҳамагон пешниҳод низ карда мешаванд. Агар хоҳем, ки "хонанда" ё тамошогари фиттаҳо дар амал аз маводи харидаашон ғизои аслии маънавӣ бигиранду пандеро аз рӯзгори имрӯз ба хазинаи маънавии худ зам кунанд, пас мо ҳамагонро зарур аст, ки нисбати эҷоди худ андешаронӣ намоем ва пеш аз ҳама ин саволро ба миён гузорем: эҷоди ман барои худшиносии мардум чи хидматеро ба ҷо хоҳад овард?

Сафаралӣ Раҷаб, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi