07:36:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Тоҷнома" ва худшиносии миллӣ

Соли сипаригашта бо ташаббуси раҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон нашри асари бисёрҷилдаи "Тоҷнома" (Силсилаи "Тоҷикон дар масири тамаддун") вориди нақшаи кории Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардид.

kitobi-avasto 54454554Мақсад аз таҳия ва нашри ин асар дар шакли мукаммал барои оммаи хонандагон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илм пешниҳод намудани мероси хаттии тоҷикон ба шумор меравад. Мувофиқи нақша ин силсила осори хаттии моро аз аҳди бостон то даврони истиқлолияти давлатӣ дар бар хоҳад гирифт. Хушбахтона дар соли 2014 бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се китоби "Тоҷнома" аз дасти чоп баромад ва кормандони Маркази тоҷикшиносӣ барои чопи ҷилдҳои минбаъда корро идома дода истодаанд.

Китоби якуми ин силсила Авасто унвон гирифта, дарбаргирандаи тамоми бахшҳои ин асари оламшумул мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ин китоб бори нахуст баъзе аз қисматҳои Авасто, ки аз тарафи донишманди тоҷик Бобо-Назар Ғафор аз нусхаи аслии Авасто тарҷума гардида буданд, ҷо дода шудаанд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хусусияти асосии ин бахшҳо дар он аст, ки онҳо дар шакли назм, яъне вазни ҳиҷоӣ тарҷума шудаанд.

Китоби дуюм фарогири ҷилди аввали "Мероси хатти бостон" мебошад. Дар ин ҷилд қисме аз осори қадима ба тозагӣ аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик тарҷима ва таҳия гардида аст. Қисмати дигар маҳсули заҳматҳои олимони муътабари Эрон ва ҷаҳон аст, ки бо камоли сипосгузорӣ интишор гардид ва пешкаши муҳаққиқон ва хонандагони азизу муътабар гардонида шуд.

Дар таҳия ва тадвини китоби Авасто ва "Мероси хаттии бостон" Бобо-Назар Ғафор, Муҳтарам Ҳотам ва Муаззами Диловар саҳм гузошта, ин ду китоб зери таҳрири Назри Яздонӣ ва Ҳуринисо Ализода ба нашр расиданд.

Китоби сеюми ин силсила - "Шоҳномаи Саолибӣ" аст, ки дар байни муаррихон бо номи "Ғурар ус-сияр" машҳур аст. Асари мазкур як манбаъи муътамади таърихи Эронзамин ва фарҳангу тамаддуни тоисломии он мебошад. Ба ҷуз аз таърихи Эрони тоисломӣ асар ҳамчунин фарогири таърихи соири ақвоми ҷаҳон аст. Ин китоб аз тарафи донишманди тоҷик Низомиддин Зоҳидов таҳия гардида, зери таҳрири академик Носирҷон Салимов ба нашр расид.

Дар охири ҳар як китоб вобаста ба давраҳои таърихӣ тасвир ва харитаҳои гуногун ҷой дода шудаанд, ки ҳодисоту воқеоти таърихиро пеши назари хонанда ҷилвагар менамоянд.

Умед ҳаст, ки баҳрабардорӣ аз ҷилдҳои гуногуни ин асар метавонад ҳуввияти миллӣ, дарки худшиносӣ ва ҳисси эҳтиром ба гузаштаи пурифтихорро дар вуҷуди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боло бурда, ҳамзамон дар шинохти мақому мартабаи аслии ин миллат дар байни миллату ақвоми гуногуни сайёра нақши босазо гузорад.

Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ, сармутахассиси Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi