04:01:04 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Таъсири Ибни Сино ба Ҷомӣ дар мисоли достоне

Ба ифтихори 600-солагии зодрӯзи Абдурраҳмони Ҷомӣ

Ё маъхази "Қиссаи он табиб, ки офатрасидаеро бе вуҷуди асбоб муолиҷа кард" дар дафтари саввум аз "Силсилату-з-заҳаб"-и Абдурраҳмони Ҷомӣ

jami 5643247Нигоранда дар ин мақолаи нисбатан кӯтоҳ дар садади ёфтани маъхази "Қиссаи он табиб, ки офатрасидаеро бе вуҷуди асбоб муолиҷа кард" дар дафтари саввум аз "Силсилату-з-заҳаб"-и Нуруддин Абдурраҳмон ибни Низомуддин Аҳмади Ҷомӣ (817-898 ҳ.қ./1414-1492 м.) буда ва кӯшидааст то ба ин пурсиш посух гӯяд, ки Ҷомӣ ин достони ҳаждаҳбайтиро аз куҷо гирифтааст? Вале пеш аз он ки ба суол ҷавоб гӯем, беҳтар он аст, ки достонро аз забони худи шоир бишнавем:

Ба яке аз мулуки сомонӣ,

Дошт даврон табибе арзонӣ.

Дар ҳама корҳо бад-ӯ ҳамдам,

Дар ҳама розҳо бад-ӯ маҳрам.

Додияш дар ҳузӯри худ пайваст,

Набзи ҷамъи мухаддарот ба даст.

Рӯзе аз гуфтугӯи халқ халос,

Буд бо ӯ даруни хилвати хос.

Пои номаҳрамон аз он ҷо пай,

Номаи маҳрамон аз он ҷо тай.

Ногаҳ омад канизаке чун моҳ,

Хон ба каф пеши шоҳ гашт ду тоҳ.

То ниҳад хони хӯрданӣ ба замин,

Рехт хилте ба пушти ӯ рангин.

Алифи қоматаш чу дол бимонд,

Хам чу пирони дерсол бимонд.

Кард чандон ки зӯр, рост нашуд,

Пушти ӯ ончунон, ки хост, нашуд.

Гуфт бо он ҳаким шоҳи карим,

К-эй шифобахши ҳар мизоҷи сақим.

Ҳам дар ин дам гушой дасти илоҷ,

Во раҳонаш аз ин фасод мизоҷ.

Монд ҳайрон ҳаким чун асбоб,

Буд баҳри илоҷи ӯ ноёб.

Даст зад миъҷараш зи фарқ кашид,

Ҷомаашро зи пешу пас бидарид.

Аз зиҳораш гушод банди изор,

Кард берунаш аз сурин шалвор.

Ғарқа шуд з-он хиҷолат андар хай,

Хилт бигдохт дар мафосили вай.

Қомати худ чу сарви бӯстон рост,

Карду озод аз замин бархост.

Дар табибӣ чу нек моҳир буд,

Пеши ӯ сирри кор зоҳир буд.

Чун бимонд аз илоҷи ҷисмонӣ,

Даст зад дар илоҷи нафсонӣ.1

avicenna 45548745Ибни Сино (соли 370-428 ҳ.қ./980-1037 м.) дар "ал-Мабдаъ ва-л-маъод" фасле дорад дар баёни ин, ки "мабодии нафсонӣ" ва нуфуси ҷирмҳои осмонӣ нисбат ба ҳаводиси ҳол ва ояндаи ин ҷаҳон чӣ гуна огоҳӣ пайдо мекунанд ва дар онҳо чӣ гуна таъсир мегузоранд? Дар он фасл ӯ аз ҷумла дар хусуси чигунагии пайдоиши бархе падидаҳо аз "мабодии нафсонӣ" аз роҳи ғайритабиӣ баҳс намуда2, ва сипас достонеро нақл мекунад, ки ба назари нависандаи ин сатрҳо метавонад маъхази қиссаи Ҷомӣ буда бошад. Ва он достон ин аст:

Мазмунаш ин ки:

text-farsi-3656556

"Шунидам, ки пизишке дар маҷлиси яке аз подшоҳони сомонӣ ҳузӯр ёфт ва дар он боргоҳ бад-он мартаба ва пойгоҳ расид, ки бар хоне, ки дар ҳарамсаро мегустурданд, менишаст ва бо шоҳ таъом мехӯрд. Ва касе аз мардон иҷозаи вуруд ба он ҷоро надошт. Ва хидмати он ҷо бар ӯҳдаи бархе аз канизакон вогузор гардида буд. Ҳангоме, ки канизе хонро пеш овард ва бар замин ниҳод, боде бар ӯ муставлӣ шуд ва нагузошт, ки канизак рост биистад. Ва аз қазо он канизак мавриди алоқа ва писанди шоҳ буд. Пас шоҳ хитоб ба пизишк гуфт: "Ҳамакнун барои дармони ӯ чорае бияндеш!".

Ва чун пизишкро дар он маврид чораи табиӣ набуд, то бедаранг мояи шифо ва сабаби беҳбудӣ гардад, пас ногузир ба фикри чораи нафсонӣ афтод. Он гоҳ бифармуд, то сарашро бараҳна кунанд, суде набахшид. Пас фармон дод, ки пироҳан аз танаш берун оваранд, то шикамаш ошкор шавад. Ин кор ҳам натиҷае надод. Сипас бифармуд, то авраташ бараҳна кунанд. Вақте канизакон қасди ин кор карданд, гармии сахте дар ӯ падид омад ва он бодро ба таҳлил аз байн бурд. Пас канизак аз ҷой барҷаст, рост биистод ва беҳбуд ёфт".

Агар ин ду достон аз ҷиҳати услуби баён ва аз ҳайси унсурҳои ташкилдиҳанда бо ҳам муқоиса шаванд, равшан хоҳад гардид, ки миёни онҳо натанҳо шабоҳати фаровон вуҷуд дорад, балки дар маънӣ ҳарду айнан яке ҳастанд. Бинобарин бо итминони зиёд метавон гуфт, ки маъхази достони Ҷомӣ ҳамон қиссаест, ки Ибни Сино дар "ал-Мабдаъ ва-л-маъод"-и худ овардааст.

Аз он чи гуфта шуд метавон ба ду натиҷаи ба назари ман муҳим расид. Яке ин ки Шайхурраис Бӯалӣ Сино дар ташаккул ва такомули оро ва андешаҳои мутафаккирон ва адибони садаҳои баъдӣ то чи андоза таъсир доштааст. Ва дигар ин ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ китобҳои Ибни Синоро ба таври бисёр амиқ мавриди мутолиа қарор дода ва бар онҳо иҳотаи комил доштааст ва ҳар ҷо матлаберо барои истифода муносибтар дида ҳамонро интихоб намудааст. Ва ин нукта ба навбати худ бар қобилият ва истеъдоди фавқулоддаи ӯ далолат дорад.

1.Ҷомӣ Абдурраҳмон. Силсилату-з-заҳаб. Ҳафт авранг. Тасҳеҳ ва таҳқиқи Ҷобулқо Додалишо, Асғар Ҷонфидо, Зоҳир Аҳрорӣ ва Ҳусайн Аҳмад Тарбият, чопи аввал,, Теҳрон: "Маркази мутолиъоти иронӣ", 1378. - Ҷ. 1. - С. 368-369.

2.Ниг. Ибни Сино. Ал-Мабдаъ ва-л-маъод. Таҳқиқи Абдуллоҳи Нуронӣ, чопи аввал, Теҳрон: "Интишороти муассисаи мутолиъоти исломии донишгоҳи МакГилл, шуъбаи Теҳрон", 1363. - С. 87.

3. Ҳамон маъхаз. С. 87-88.

Қурбоналӣ Идрисов, барои «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi