10:51:57 06-уми Июни 2025 сол

Ё Раб дигар набигзор, гардад ҳалок мардум!

Нуруллоҳ Ориф, шоири таронанависи кишвар ҳафтаи гузашта мутаассир аз фоҷиае, ки ба сари мардуми Шӯроободи кишварамон ва Бадахшони Афғонистон омад, дар сӯги ин офатзадагон ду шеъре навишта ба унвонии ҳафтаномаи "Рӯзгор" ирсол дошт.

ҲАЙФИ ЛОЛА

Ба Лолаи шӯрободӣ, ки худ фавтиду ягона духтарашро аз офат наҷот дод.

1-ofat-598899Аз нестӣ раҳо ёфт

Дар дасти Лола тифлаш.

Як деҳаро такон дод

Бо оҳу нола тифлаш.

Донист Лола рӯзаш

Чун шаб сиёҳ гаштаст.

Дар чанги лой монда,

Умраш кӯтоҳ гаштаст.

Деви аҷал даҳон боз

Мекард сӯи ҳарду.

Мехост сахт дорад

Дев аз гулӯи ҳарду.

Лола зи худ гузар кард

Аммо зи духтараш не.

Аз тифли дар қиёмат

Ҳам ёру ёвараш не.

Тифли ятиммонда

Аз модараш нишон монд.

Номаш Тарона, тифлак

Дур аз раҳи хазон монд.

Ё Раб, дигар набигзор,

Гардад ҳалок мардум.

Дар коми сел мирад,

Ё зери хок мардум.

Тоҷикистон бо ту ҳаст, Афғонистон!

Дар сӯги 2500 кас шаҳиди як деҳаи куҳистони Бадахшони Афғонистон

 

2-ofat-598899Дар чӣ ҳолӣ рӯзу шабҳо,

Эй диёри дидагирён?

Бо чӣ ҳила дур созам,

Доғат аз дил, сӯзат аз ҷон?

Бо камону теғи душман

Хам нахурдӣ, кам нагаштӣ.

Боз мондӣ пойбарҷо,

Шукри Ҳақ, барҳам нагаштӣ.

Лек кӯҳе хест аз ҷо,

Молу ҳолеро фурӯ бурд.

Гӯркобе то наҷӯӣ,

Мардуматро рӯ ба рӯ бурд.

Айби кас не, айби борон,

Кӯҳро аз ҷо бадар кард.

Сел мисли деву аждар

Ҳамларо нав бехабар кард.

Дилфигор астӣ, надорӣ

Аз харобӣ ҳанг дарпо.

Гашта буд умре, зи нав гашт

Гӯши қалбат кар зи ғавғо.

Бо ту ҳасту бо ту монад

Тоҷикистон узви як тан.

Дорад оре, сахт дорад

Бори дардатро ба гардан.

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854