21:55:06 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бобо Афзали Кошонӣ ва намунаҳо аз осори ӯ

Хоҷа Ҳаким Афзалуддин Муҳаммад Марақии Кошонӣ маъруф ба Бобо Афзали Кошонӣ тақрибан солҳои 582-597 ҳиҷрӣ (1186-1201 мелодӣ) дар қасабаи Марақаи назди Кошон ба дунё омадааст. Аз Бобо Афзал 45 рисолаи хурду бузург, мактубот, 6 ғазал, 1 қитъа, тақрибан 500 рубоӣ боқӣ мондааст. Дар рубоиёту ғазалиёти ӯ, ки хеле равону самимӣ гуфта шудаанд, танқиди беадолатиҳои замон, зулму золимӣ, руҳониёни зинокор мавқеи хос дорад.

koshoni 25454121212Дар қисмати зиёде аз рубоиёти Афзалуддини Муҳаммад Марақии Кошонӣ оҳанги тасаввуфӣ ба назар мерасад. Китоби "Мусаннифот"-и Афзалуддин Муҳаммад Марақии Кошонӣ, ки дар Теҳрон соли 1366 ҳиҷрии шамсӣ ба табъ расидааст, шомили рисолаҳои зерин мебошад: "Мадориҷу-л-камол", "Роҳи анҷоми нома", "Соз ва перояи шоҳони пурмоя", "Рисолаи "Туффоҳӣ", "Аразнома", "Ҷовидоннома", "Янбаъу-л-ҳаёт", "Рисолаи нафс"-и Арасту, "Мухтасаре дар ҳоли нафс", "Рисола дар илм ва нутқ" ("Минҳоҷи мубин"), "Мабодии мавҷудоти нафсонӣ", "Эминӣ аз бутлони нафс дар паноҳи хирад", "Тақрирот ва фусули муқаттаа", "Макотиб ва ҷавоби асъалаҳу", "Ашъор". Афзалуддин Муҳаммад Марақии Кошонӣ тақрибан соли 1276 дар зодгоҳаш вафот кардааст.

Инак, намунаҳое аз рубоиёти ин донишманди шинохтаро пешкаши ҳаводорони назми ирфонӣ менамоем.

Эй он, ки ту толиби Худоӣ ба худ о,

Аз худ биталаб, к-аз ту ҷудо нест, ҷудо.

Аввал ба худ о, чун ба худ оӣ, бахудо,

К-иқрор намоӣ ба худоии Худо.

***

Эй зоти Ту берун зи ҳама чуну чаро,

Зеро ки Туӣ Раҳиму Раҳмон ҳамаро.

Ё Раб, Ту дар он рӯз, ки аъмоли ҳама,

Пӯшӣ зи карам, Тушон бипурсӣ ҳамаро.

***

Эй соҳиби ин масъалаи роҳнамо,

Медон ба яқин, ки ломакон аст Худо.

Хоҳӣ, ки туро кашф шавад ин маънӣ,

Ҷон дар банад бубин, куҷо дорад ҷо.

***

Дил сер нашуд аз каме аз беш туро,

Бо он ки манозил аст дар пеш туро.

Узрат напазиранд гаҳи марг аз он-к,

Бисёр бигуфтаанд аз пеш туро.

***

Бе тоати Ҳақ биҳишту Ризвон маталаб,

Бе хотами ӯ мулки Сулаймон маталаб.

Чун оқибати кор аҷал хоҳад буд,

Озори дили ҳеҷ мусулмон маталаб.

***

Ороиши мард ақлу фазлу ҳунар аст,

Бо ҳиммати мард симу зар мухтасар аст.

Дун-дун бошад, агар ҳама тоҷвар аст,

Саг-саг бошад, агарчи бо тавқи зар аст.

***

Онро, ки зи кори бад пушаймонӣ нест,

Бо ӯ асаре зи лутфи яздонӣ нест.

Ғофил шудану дил ба ҷаҳон дарбастан,

Ҷуз маҳзи хариву айни нодонӣ нест.

***

Имрӯз ба айби худ касе бино нест,

Афсӯс, ки халқро ғами фардо нест.

В-имрӯз ғубори фитна меангезанд,

Фардост, ки гарди ҳеҷ кас пайдо нест.

***

Эй банда, агар Худойро дорӣ дӯст,

Аз кибру манӣ пок бурун овар пӯст.

Менолу ҳаме гиряву зорӣ мекун,

К-ӯ нолаи зори ошиқон дорад дӯст.

***

Эй хоҷа, агар ҳаме биҳиштат ҳавас аст,

Хайрот бикун, агар туро дастрас аст.

Хайрот чу кардаӣ, бирав, эмин бош,

Дар хона агар касе аст, як ҳарф бас аст.

***

Эй Сонеъи пок, ҷуфту ҳамтои Ту нест,

Дар Арши маҷид ҷою маъвои Ту нест.

Эй Холиқу Зулҷалолу Раҳмону Раҳим,

Ҳастӣ ҳама ҷою ҳеҷҷо ҷои Ту нест.

***

Ин муҳташамию симу зарҳо ҳеҷ аст,

Дар ҷанги аҷал ҳама сипарҳо ҳеҷ аст.

Ҳарчанд ба рӯйи кор дарменигарам,

Нек аст, ки нек асту дигарҳо ҳеҷ аст.

***

Бо дил гуфтам: "Матои дунё араз аст,

Асбоби зару сим саросар мараз аст.

Гирам, ки ҳама мулки ҷаҳон з-они ту шуд,

Бо худ чу ҷаве намебарӣ, чи-т ғараз аст".

***

Дар сунъи Худо назора кардан чӣ хуш аст,

В-аз мардуми бад канора кардан чӣ хуш аст.

Ҳар дил, ки дар ӯ ҳақиқати Ҳақ набувад,

Он дил ба ҳазор пора кардан чӣ хуш аст.

***

Зинҳор, дило, роҳи Худо гир ба даст,

Коре, ки ризои Ҳақ дар ӯ нест, бад аст.

Мапсанд ба кас, он чи ба худ мапсандӣ,

То рӯзи қиёмат назанӣ даст ба даст.

***

Сарриштаи умри мо ҳамин як нафас аст,

Ҷуз зикри Худо ҳар он чи гӯям абас аст.

Ғофил зи қазо мабошу эмин манишин,

Дар хона агар кас аст, як ҳарф бас аст.

***

Ғофил манишин, чунин набигзорандат,

Ояд рӯзе, ба хок биспорандат.

Ҳар неку баде, ки мекунӣ дар шабу рӯз,

Филҷумла бидон, ки дар ҳисоб орандат.

***

То гардиши гардун, фалаки тобон аст,

Бас оқили беҳунар, ки саргардон аст.

Ту ғарра машав зи шодие гар дорӣ,

Дар ҳар шодӣ ҳазор ғам пинҳон аст.

***

Онро, ки бизоаташ қаноат бошад,

Ҳар чиз, ки карду гуфт, тоат бошад.

Зинҳор тавалло макун илло ба Худо,

К-ин рағбати халқ ҳам ду соат бошад.

***

Афсӯс, ки нони пухта хомон доранд,

Асбоби тамом нотамомон доранд.

Онон, ки ба бандагӣ намеарзиданд,

Имрӯз канизону ғуломон доранд.

***

Аввалқадам аз раҳ озмоиш бошад,

Пас дам ба дам аз ғайб намоиш бошад.

Аз бастагии роҳ қадам суст макун,

Зинҳор, ки баъд аз он кушоиш бошад.

***

Эй зоти Ту бар кулли мамолик шуда фард,

Сар бар хати фармони Ту дорад зану мард.

Гар ҷумлаи коинот кофир гардад,

Бар домани кибриёт наншинад гард.

***

Ин кибру манӣ зи сар бадар бояд кард,

Он гаҳ ба кӯйи мо гузар бояд кард.

Дунё дориву охират металабӣ,

Ин ноз ба хонаи падар бояд кард.

***

Бар ҳар кӣ ҳасад барӣ, амири ту шавад,

В-аз ҳар кӣ фурӯ хӯрӣ, асири ту шавад.

То битвонӣ ту дастгирӣ мекун,

К-он дасти гирифта дастгири ту шавад.

***

Дарвеш касе бувад, ки комаш набувад,

Гоме, ки ниҳод, муроди гомаш набувад.

Дар оташи фақр агар бисӯзад шабу рӯз,

Ҳаргиз тамаъи пухтаву хомаш набувад.

***

Дил наъразанон мулки ҷаҳон металабад,

Пайваста ҳаёти ҷовидон металабад.

Мискин хабараш нест, ки сайёди аҷал,

Пай дар пайи ӯ ниҳода, ҷон металабад.

***

Султон, ки на одил аст, шайтон бошад,

Гурги рамаву шағоли бӯстон бошад.

Гар адл кунад, сояи Яздон бошад,

Пушти хираду паноҳи имон бошад.

***

Шоҳони ҷаҳон, ки ин ҷаҳон доштаанд,

Бингар, ки аз ин ҷаҳон чӣ бардоштаанд.

Дар зери замин ба дасти худ медараванд,

Ҳар тухм, ки дар рӯйи замин коштаанд.

***

Гар мулки ту Мисру Шому Чин хоҳад буд,

В-офоқ туро зери нигин хоҳад буд.

Хуш бош, ки оқибат насиби ману ту

Даҳ газ кафану се газ замин хоҳад буд.

***

Озурдани халқ кофарӣ пиндорам,

В-аз халқи ҷаҳон ҳамин тамаъ медорам.

Мекушам то зи ман наёзорад халқ,

Тадбир чист, то зи кас н-озорам.

***

Эй дида, агар кӯр наӣ, гӯр бубин,

В-ин олами пурфитнаву пуршӯр бубин.

Шоҳони ҷаҳону сарварони олам,

Дар зери замину даҳани мӯр бубин.

***

Эй он ки шабу рӯз Худо металабӣ,

Кӯрӣ, гараш аз хеш ҷудо металабӣ.

Ҳақ бо ту ба ҳар забон сухан мегӯяд:

"Сар то қадамат манам, киро металабӣ?"

***

Эй карда сари хеш пур аз кибру манӣ,

Маълум намешавад, ки ту чанд манӣ.

Эй хоҷа, манӣ макун, ки ту ҳамчу манӣ,

Инсоф набошад манӣ аз қатра манӣ.

***

Гар дарёбӣ, ки аз куҷо омадаӣ,

В-аз баҳри чиву аз чаро омадаӣ.

Гар бишносӣ, ба асли худ бозрасӣ,

В-арна чу баҳоим ба чаро омадаӣ.

Фароҳамсоз: С. Шарифов

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi