03:27:52 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Қосим ҳамагӣ масти шароботи Илоҳ аст

Қосими Анвор ё Қосимуланвор аз шоирони нимаи дуюми асри 14 ва нимаи аввали асри 15 ба ҳисоб рафта, бо ашъори диловези худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик нақши намоёне гузоштааст. Хонандаи тоҷик ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бо намунаи осори ин шоири ориф тавассути тазкираи "Гулшани адаб" ошноӣ дорад. Дар ҷилди сеюми "Гулшани адаб" (1977) роҷеъ ба зиндагии шоир мухтасар маълумот дода шудааст:

qosim-45687898"Сайид Алӣ бинни Ҳорун Қосимуланвор (ё Қосими Анвор), ки Қосим ва Қосимӣ тахаллус дорад, соли 1355 (757 ҳиҷрӣ) дар Сароб ном ҷои Табрез ва пас дар Ҳирот зиндагӣ ихтиёр мекунад. Ҳукмрони Ҳирот Шоҳрух (солҳои 1409-1447 мелодӣ) Қосимро ба сабаби баъзе ихтилофҳои мазҳабӣ аз мамлакат берун мекунад. Шоир ба Самарқанд омада, муддате дар ин шаҳр умр ба сар мебарад ва дар охир аз Самарқанд ба Ҷом кӯчида, то охири умр дар он сарзамин зиндагӣ мекунад ва соли 1433 (837 ҳиҷрӣ) дар мавзеи Харҷарди вилояти Ҷом аз дунё чашм мепӯшад" (Ҳамон ҷо, саҳ. 86).

Роҷеъ ба рӯзгор ва осори шоир дар ҷилди сеюми "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик" (2004) низ чунин маълумот омадааст: "Қосими Анвор (соли таваллудаш номаълум - вафоташ 1432, Ҷом), шоири форс-тоҷик. Аслаш аз деҳаи Сароби Озарбойҷон. Аз хурдӣ ба таҳсил пардохта, тамоми илму адаби замонашро аз бар кардааст. Дар тасаввуф пайрав ва муриди Шайх Садруддини Ардабилӣ буд. Дар шеъргӯӣ маҳорати фавқулодда дошт. Бо номҳои Мирқосим ва Шоҳқосим низ маъруф аст. Алишери Навоӣ ("Маҷолис-ун-нафоис") овардааст: "Аввалин шеъре, ки ман ёд кардам байти Мирқосим буд…".

Қосими Анвор бо маслиҳати махдумаш ба Хуросон омада, бо удабою фузалои замон шиносоӣ пайдо кардааст. Муддате дар Самарқанд низ зистааст. Ӯ шоири соҳибдевон будааст. Инчунин дар пайравии "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолиддини Румӣ достони "Анис-ул-ошиқин"-ро навиштааст. Абёти парокандааш дар тазкираю баёзҳо вомехӯранд" (Ҳамон ҷо, саҳ. 427).

Дар китоби "Гулшани адаб" аз ӯ 16 ғазал, 1 қитъа ва 5 рубоӣ ба чоп расидааст. Дар ҳоле, ки девони Қосими Анвор дар кишварамон то ҳанӯз интишор нагардидааст, бинобар нашр намудани намунаҳои осораш барои хонандаи имрӯз аз манфиат холӣ нест. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба назар гирифта, аз девони шоир чанд ғазали ирфониро интихоб намудем, ки бори аввал пешкаши хонандагон мегардад.

Аз хуми сафо ҷоми майи ноб биёред,

Гар шамъ надоред, ба маҳтоб биёред.

Меҳроби дилу ҷон рухи он моҳи Ҳиҷоз аст,

Рӯи дилу ҷон ҷониби меҳроб биёред.

Он зулфи парешон ҳама оёти накуист,

Ҳар ҷо, ки ҳадисест дар ин боб, биёред.

Мо ташнадилонем дар ин бодияи ишқ,

Охир хабаре з-он гули сероб биёред.

Ҳар кас, ки шавад дарди маро мояи дармон,

Филҷумла агар шайх, агар шоб, биёред.

Аз баҳри даво ҷоми сафо баҳри ман оред,

Таъхир раво нест, ба иштоб биёред.

Қосим, майи тавҳид ҳаёти дилу ҷон аст,

Ҷоме ду-се дигар зи майи ноб биёред.

* * *

Рӯи зебои ту чун шамъи сафо хоҳад буд,

Дили ошуфтаи мо масти бало хоҳад буд.

Дорад умед дили ман зи Худованди карим,

Ҳар балое, ки расад айни ато хоҳад буд.

Ҳар гурӯҳе ба сабиле ба Худованд раванд,

Дили шӯридаи мо масти лиқо хоҳад буд.

Дар қиёмат, ки сар аз хоки лаҳад бардорам,

Раҳи мо шеваи таслими ризо хоҳад буд.

Гар диламро ба ризои ту ба сад пора кунанд,

Дили мо бар сари таслими Худо хоҳад буд.

Дили мо мулки ту омад, ба карам хуш дораш,

Молик-ул-мулк туӣ, мулк туро хоҳад буд.

Қосимӣ ғайри Худо дил натавон дод ба кас,

Ҳар куҷо масти Худо ҳаст, Худо хоҳад буд.

* * *

Дар маҷлиси мо ҷуз сухани ёр магӯед,

Бо ҳазрати он ёр зи ағёр магӯед.

Дар қулзуми тавҳид ҳама ғарқи фаноед,

Аз ҷӯшиши он қулзуми зуннор магӯед.

Дар дори мадоред, надонам, ки чӣ доред?

Аз сирри Худо ҷуз ба сари дор магӯед.

Дар чархи сафо рақскунон масти Худоед,

Аз гадиши ин гунбази даввор магӯед.

Гарданда хароботию қаллоши тариқед,

Аз воқеаи ҷуббаву дастор магӯед.

Ин хонаи ишқ аст дар ӯ қиссаи пинҳон,

Ҳон, ин сухани хона ба бозор магӯед.

Аз қоидаи Каъбаву бутхона гузаштем,

Бо мо сухан аз хирқаву зуннор магӯед.

Саргаштаву ошуфтаву мастему муарбид,

Ин беадабиҳо бари он ёр магӯед.

Қосим сухани ёр ба ҳар ҷо, ки шунидӣ,

Иқрор биёреду зи инкор магӯед.

* * *

Хирад маст асту дил маст асту ҷон маст,

Ба савдоят равони нотавон маст.

Зи ҳад бигзашт мастиҳои заррот,

Фалак масту замин масту замон маст.

Биё, дар боғ шав, бар булбулон бин,

Суман масту чаман маст, арғувон маст.

Шароби ноби Раҳмонро чӣ гӯям?

К-аз ӯ дилдода масту дилситон маст.

Ҷаҳон мастанд, аз мастӣ надонанд

Ҷаҳон андар ҷаҳон, андар ҷаҳон маст.

Диле, к-аз мову ман озод омад,

Чи дар Каъба, чи дар дайри муғон маст.

Дар ин дарё, ки олам ғарқаи ӯст,

Зи қатра то ба баҳри бекарон маст.

Ба қавли Қосимӣ ин сукри ом аст,

Хирад масту яқин масту гумон маст.

* * *

Ба кӯи ошиқон бутхонае ҳаст,

Дар он ҷо дилбари ҷононае ҳаст.

Намедонад касе ӯро, валекин

Ба ҳар маҷлис аз ӯ афсонае ҳаст.

Ба пеши шамъи рӯяш худ фурӯ рафт,

Ки шамъашро чунин парвонае ҳаст.

Маро аз зулфу холаш гашта маълум,

Ки ҳар ҷо дом бошад, донае ҳаст.

Чу паймонро шикастам, боз соқӣ,

Карам фармо, агар паймонае ҳаст.

Чӣ кам аз ман ба даври чашми масташ,

Ки дар ҳар гӯшаву майхонае ҳаст.

Сиришки Қосимӣ дарёст, дарде

Барои толибон дурдонае ҳаст.

* * *

З-он ёри вафопеша, ки ӯ пушту паноҳ аст,

Ғофил машав, эй дӯст, ки ин айни гуноҳ аст.

Ай ёр, машав ғофил аз он хусрави хубон,

З-он шоҳи дилафрӯз, ки султони сипоҳ аст.

Дар мазҳаби мо ҷумла ба як нарх равон аст,

Дар ҳазрати он дӯст чӣ кӯҳ асту чӣ коҳ аст.

Аммо ту касеро, ки ба иршод гузидӣ,

Ӯ раҳзани рӯҳ омад, не раҳбари роҳ аст.

Охир ҳама бо ишқ гароянд ба як бор,

Дар ҳар ду ҷаҳон ҳар кӣ амир омад, шоҳ аст.

Сар бар хати фармони ту доранд ҳамеша,

Дар ҷумла ҷаҳон ҳарчи сафед асту сиёҳ аст.

Оқил ҳама аз ақл сухан гуфт, накӯ гуфт,

Қосим ҳамагӣ масти шароботи илоҳ аст.

* * *

Соқиё, масту харобем ба мо ҷоме ор,

Пеши мо шишаи май ор, вале узр маёр.

Соқиё, мастаму шӯрида, намедонам чист,

Соф гар нест, биё, дурдиву дурде ба ман ор.

Соқиё, лутф куну бодаи софе дардеҳ,

Ҷоми Ҷамшед ба ман деҳ, ки харобам зи хумор.

Соқиё, бода биёвар, ки харобем ҳама,

Марди ҳушёр бар ин дар нагузорӣ зинҳор.

Кор аз шайхиву муллосифатӣ н-ояд рост,

Ҷаҳди он кун, ки ба як бор бибурӣ зуннор.

Ҷаҳд кун, ҷаҳд, ки худро бишиносӣ ба яқин,

Ки ба ғайр аз ту надидем дар ин дори диёр.

Қосимӣ куштаи он ёр шавад, камзан бош,

Чун туеро ба чунин ҳол кӣ орад ба шумор?

* * *

Мо дар ду ҷаҳон оташи савдои ту дорем,

В-андар ду ҷаҳон ишқи таманнои ту дорем.

Мастем ба ҳадде, ки сар аз пой надонем,

Шаб то ба саҳар бонги "илалло"-и ту дорем.

Ҳар кас ба ҷаҳон рӯ ба муродест, фааммо

Мо дар ду ҷаҳон завқи тамошои ту дорем.

Шаб то ба саҳар хоб надорему надорем,

Бо дил ҳама шаб ғуссаву ғамҳои ту дорем.

Он хоҷа шиносад ба ҳама ҳол, ки доим

Дар дидаи ҷон нури таҷаллои ту дорем.

Ақл омаду бо ишқ ҳамегуфт, ки: - Ҳайҳот,

Мегуфт бар ӯ ишқ: - Чӣ парвои ту дорем!

Қосим зи сари кӯи ту ҳаргиз нашавад дур,

Чун дар ду ҷаҳон рӯи таваллои ту дорем.

* * *

Маст будем, ба гулбонги ту ҳушёр шудем,

Хуфта будем, ба овози ту бедор шудем.

Шӯр аз майкадаи ишқи ту дар ҷон уфтод,

Фориғ аз хирқаву саҷҷодаву зуннор шудем.

Ҳама гуфтанд, ки ӯ озими хаммор шудаст,

Кафзанон, рақскунон бар дари хаммор шудем.

Ман чӣ гӯям, ки насиме зи висоли ту вазид,

Хор будем, валекин ҳама гулзор шудем.

Ғайри ту бо ту ҳиҷоб аст, ба ҷое нарасад,

Пушти пое бизадем, аз ҳама безор шудем.

Чун бидидем, ки васли ту ба мо менарасад,

Бо дили шефта хуш бар сари зинҳор шудем.

Партави рӯи ту бар чеҳраи зардам уфтод,

Аз сафои рухи ту Қосими Анвор шудем.

* * *

Дар Каъбаву бутхона ба ҷуз ёр надидем,

Дар ганҷ расидем, вале мор надидем.

Дидем дар ин дайри куҳансол дилафрӯз,

В-эй ёр, ба ғайр аз ту дар ин дор надидем.

Монанди рухат як дили рангин талабидем,

Инсоф, ки дар хонаю бозор надидем.

Ин гул, ки ба бозори ҷаҳон ҳусни ту дорад,

Вардест, ки дар кулбаи аттор надидем.

Қуръон, ки дар ӯ нест хилофе ба ҳақиқат,

Ҷуз дар намати мухталифосор надидем.

Ҳар рӯз ба шакли дигар оӣ бари мастон,

Ҳар бор, ки дидем чу ин бор надидем.

Ҳар ҷо, ки талаб кард дили Қосими мискин,

Матлуби талабгор ба ҷуз ёр надидем.

* * *

Ман зи савдои ту саргаштаи саргардонам,

Гаҳ ба паҳлу раваму гоҳ ба сари ғалтонам.

Гар кунӣ бар мани бедил назаре аз сари лутф,

Мулкати ҳарду ҷаҳонро ба ҷаве настонам.

Ман ба умеди висоли ту ҳаёте дорам,

Тарсам аз ҷаври фироқи ту, ба ҷон дармонам.

Ақл мегуфт: - Фалонӣ ба куҷо рафт? Дареғ!

Гуфтамаш: - Ошиқаму дар сафи сармастонам.

Ишқ мегуфт, ки: - Талвини маро кас нашинохт,

Гаҳ тӯфону гаҳе абр, гаҳе боронам.

Чанд гӯӣ сухани: - Ишқ ҳаром аст, ҳаром!,

Бо ман ин қисса магӯед, ки ман девона-м.

Ишқ мегуфт, ки: - Қосим, ба куҷо мегардӣ?

Гуфт: - Дар доираи нодираи инсонам.

Таҳияи Раҷабалӣ Худоёров



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi