15:05:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-2

(Давомаш)

Илоҳо, ҳар кӣ Туро шиносад, кори у борик ва ҳар кӣ Туро нашиносад, роҳи ӯ торик. Туро шинохтан аз Ту растан аст ва ба Ту пайвастан аз худ гузаштан аст.

1 munojot-45124578Илоҳо, бар ман оростӣ, харидам ва аз ҳар ду ҷаҳон  дӯстии ҳазрати Ту ро гузидам.

Илоҳо, агар тоат басе надорам, дар ҳарду ҷаҳон ҷуз  Ту касе надорам.  Илоҳо,  то бо Ту ошно шудам, аз халқ ҷудо шудам ва дар ҳар ду ҷаҳон шайдо шудам. Ниҳон будам пайдо шудам.

Илоҳо, аз банда ба ҳукми азал чӣ барояд ва бар он чи надорад, чӣ бояд? Кушиши банда чист? Кор хости Ту дорад. Ба ҷаҳди хеш наҷоти хеш кай тавонад? 

Илоҳо, эй сазои карам; в-эй навозандаи олам, на бо ҷуз Ту шодист, на бо ёди ту ғам, хасмиву шафеиву гувоҳиву ҳакам.

Илоҳо, Ту дӯстонро ба душманон менамоӣ, дарвешонро ғаму андуҳ диҳӣ, бемор куниву Худ бемористон кунӣ, дармонда куниву Худ дармон кунӣ, аз хок Одам куниву бо вай чандон эҳсон кунӣ, саодаташ бар сари девон кунӣ ва ба фирдавс ӯро меҳмон кунӣ, маҷлисаш равзаи Ризвон кунӣ, нохӯрдани гандум бо вай паймон кунӣ, ва хӯрдани он дар илми ғайб пинҳон кунӣ, он гаҳ ӯро зиндон кунӣ ва солҳо гирён кунӣ; Ҷабборӣ Ту, кори ҷабборон кунӣ; Худовандӣ Ту, кори худовандон кунӣ. Ту инояту ҷанг ҳама бо дӯстон кунӣ.

Илоҳо, аз пеш хатар ва аз пас роҳам нест, дастам гир, ки ҷуз Ту паноҳам нест.

Илоҳо, дастам гир, ки дастовез надорам  ва узрам бипазир, ки пойи гурез надорам.

Илоҳо, худро аз ҳама ба Ту вобастам;  агар бидорӣ, Туро парастам ва агар надорӣ, худпарастам, навмед масоз бигир дастам.

Илоҳо, эй дурназар ва эй некӯҳазар, ва эй некӯкори некӯманзар, эй далели ҳар баргашта ва эй роҳнамои ҳар саргашта, эй чорасози ҳар бечорае ва эй орандаи ҳар оворае; эй ҷомеи ҳар пароканда ва эй рофеи ҳар афтода; дасти мо гир, эй бахшандаи бахшоянда.

 Илоҳо, кор он дорад, ки бо Ту коре дорад; ёр он дорад, ки чун Ту ёре дорад; ӯ, ки дар ҳар ду  ҷаҳон Туро дорад , ҳаргиз кай Туро бигузорад.

Илоҳо, дар сар гиристане дорам дароз, надонам аз ҳасрат гирям, ё зи ноз. Гиристан аз ҳасрат баҳри ятим ва гиристани шамъ баҳри ноз, аз ноз гиристан чун бувад, ин қиссаест дароз.

Илоҳо, якчанд ба ёди Ту нозидам, инам бас, ки суҳбати Ту арзидам.

Илоҳо, на ҷуз аз ёди Ту дил аст, на ҷуз аз ёфти Ту ҷон; пас бедилу беҷон кай тавон?

  Илоҳо, ёди Ту  дар миёни  дилу забон аст ва меҳри Ту дар миёни сирру ҷон.

Илоҳо, шод бад-инем, ки аввал Ту будӣ ва мо набудем, кор Ту даргирифтӣ, ва мо нагирифтем, қисмат Худ ниҳодӣ ва расул Худ фиристодӣ.

Илоҳо, ҳар чӣ беталаб ба мо додӣ, сазовории мо табоҳ макун, ҳар чӣ ба ҷойи мо кардӣ аз некӣ, ба айби мо аз мо бурида макун ва ҳар чӣ сазои мо сохтӣ, ба носазоии мо ҷудо макун.

Илоҳо, он чӣ мо худ коштем, ба бар маёр ва ва он чӣ Ту моро киштӣ, офати мо аз он боздор.

 Илоҳо, аз наздик нишонат медиҳанду бартар аз онӣ ва дурат пиндоранду наздиктар аз ҷонӣ,  мавҷуди нафасҳои ҷавонмардонӣ, ҳозири дилҳои зокиронӣ; Малико, Ту онӣ, ки Худ гуфтӣ, ва чунонки гуфтӣ, онӣ.

Илоҳо, дар ин даргоҳ ҳамаи мо ниёзманди рӯзе бошем, ки қатрае аз шароби  муҳаббат  дар дили мо резӣ, то ки моро бар обу оташ барҳам омезӣ.

Илоҳо, дигарон масти шаробанду ман масти соқӣ, мастии  эшон фонӣ асту аз ман боқӣ.

Рубоӣ.  

         Масти Туам, аз ҷуръаву ҷом озодам,

         Мурғи Туам, аз донаву дом озодам.

         Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туӣ, Ту,

         В-арна ман аз ин ҳар ду мақом озодам.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi