12:11:34 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-4

3.munojotnoma-547845.jpgИлоҳо, ҳар кӣ Туро ҷӯяд, ин қадар растахезе бояд, ё ба теғи нокомӣ ӯро хунрезе бояд. Ҳар кӣ қасди Ту кунад, рӯзаш чунин аст, ё баҳраи дарвеш худ чунин аст? Илоҳо, ҳамагон дар фироқ месӯзанд ва дӯстдор дар дидор. Чун дӯст дидавар гашт, дӯстдорро ба шикебоӣ чӣ кор?

Илоҳо, бо биҳишт чӣ созам ва ба ҳур чӣ бозам?

Маро дидае дех, ки аз ҳар назаре биҳиште созам.

Илоҳо, гули биҳишт дар чашми орифон хор аст ва ҷӯяндаи Туро бо биҳишт чӣ кор аст?

 Илоҳо, агар биҳишт чашму чароғ аст, бе дидори Ту дарду доғ аст.

Илоҳо, биҳишт бе дидори Ту зиндон аст ва зиндонӣ (ро) ба зиндон бурдан на кори каримон аст.

Илоҳо, агар ба дӯзах фиристӣ, даъводор нестам ва агар ба биҳишт фармоӣ, бе ҷамоли Ту харидор нестам, матлуби мо барор, ки ҷуз висоли Ту талабгор нестам.

Назм:

Рӯзи маҳшар ошиқонро бо қиёмат кор нест,

Кори ошиқ ҷуз тамошои висоли ёр нест.

Аз сари кӯяш агар сӯйи биҳиштам мебарад,

Пой нанҳам, ки дар он ҷо ваъдаи дидор нест.

Илоҳо, Ту моро ҷоҳил хондӣ, аз ҷоҳил ҷуз хато чӣ ояд? Ту моро заиф хондӣ, аз заиф ҷуз хабт чӣ ояд?

Илоҳо, Ту моро баргирифтӣ,  ва касе нагуфт, ки бардор. Акнун, ки баргирифтӣ, вомагузор ва дар сояи лутфу инояти Худ медор.

Илоҳо, ориф Туро ба нури Ту медонад ва аз шуои вуҷуд иборат наметавонад. Муваҳҳид Туро ба нури қурб мешиносад ва дар оташ месӯзад. Мискин ӯ, ки Туро ба саноеъ шинохт. Дарвеш ӯ, ки Туро ба далоил ҷуст. Аз саноеъ он бояд ҷуст, ки дар он гунҷад ва аз далоил он бояд хост, ки  аз он зебад.

Илоҳо, донӣ чӣ шодам ба он, ки хештан ба Ту афтодам. Ту хостӣ, ман нахостам. Давлат бар болин дидам, чун аз хоб бархостам.

Илоҳо, чун ман кист,ки ин корро сазидам? Инам бас, ки муҳаббати Туро арзидам.

Илоҳо, аз он хон, ки баҳри покон ниҳодӣ, насиби мани бенаво ку? Агар неъмат ҷуз ба тоат набошад, пас онро байъ хонанд, лутфу ато ку? Агар дар баҳо музд хоҳӣ, надорам ва агар бе баҳо диҳӣ, бахши мо ку? Агар аз сагони туам, устухоне; ва агар аз касони туам, марҳабо ку?

Илоҳо, як дили пурдард дорам ва як ҷони пурзаҷр. Худовандо, ин бечораро чӣ тадбир? Бор Худоё, дармондам на аз Ту, лекин дармондам дар Ту. Агар ғоиб бошам, гӯӣ, куҷоӣ? Ва чун ба даргоҳ оям, дарро накушоӣ.

Илоҳо, ҳар касро оташ дар дил аст ва ин бечораро оташ барҷон аз он аст, ки ҳар касро сару сомоне аст ва ин дарвешро на сар ва на сомон.

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi