17:10:13 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-7

Илоҳо, қиблаи орифон хуршеди рӯйи Туст ва меҳроби ҷонҳо тоқи абрӯйи Туст ва масҷиди Ақсои дилҳо ҳарими кӯйи Туст; назаре ба сӯйи мо фармо, ки назари мо бар сӯйи Туст.

miniature-124556Илоҳо, рӯй бинмо, то дар рӯйи касе нангарем ва даре бикшой, то бар дари кас нагзарем.

Илоҳо, ба номи он Худое, ки номи Ӯ роҳати рӯҳ аст ва пайғоми Ӯ мифтоҳи футӯҳ ва саломи Ӯ дар вақти сабоҳ мӯъминонро  сабӯҳ ва зикри Ӯ марҳами дили маҷрӯҳ ва меҳри Ӯ балонишинонро киштии Нӯҳ, узрҳои мо бипазир ва бар айби мо магир.

Илоҳо, иқрор кардам ба муфлисиву ҳеҷкасӣ; эй ягона, ки аз ҳар чиз муқаддасӣ, чӣ шавад агар муфлисеро дар нафаси охир ба фарёд расӣ.

Илоҳо, аз ҳеҷ ҳама чиз тавонӣ ва аз ҳама чиз ба ҳеҷ намонӣ, ки гӯям, чунин ё чунонӣ. Ту офаринандаи ину онӣ.

Рубоӣ.

Моро сару савдои каси дигар нест;

Дар ишқи Ту парвои каси дигар нест.

Ҷуз Ту дигаре ҷой нагирад дар дил,

Дил ҷойи Ту шуд, ҷойи каси дигар нест.

Илоҳо, эй он ки гардун роми тақдири Туст ва рақбаи оламиён мусаххари тадбири Туст ва сари саркашон бастаи Ту ва ҷабборон шикастаи Ту ва дӯзах зиндони Ту ва фирдавс бӯстони Ту ва дар осмонҳо  султон Ту ва замин ба ҳукму фармони Ту, дар дилҳо пинҳон Ту, дар охират аён Ту, ки Абдуллоҳ  узр бикост, аммо узр нахост.

Рубоӣ.

Эй воқифи  асрори  замири ҳама кас,

Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас.

Аз ҳар гунаҳам тавба деҳу тавба пазир,

Эй тавбадеҳу тавбапазири ҳама кас.

Илоҳо, ба фазли Худ қоимӣ ва ба шукри Худ шакур, ба илми ориф  наздикӣ ва ваҳмҳо ҳама дур.

Илоҳо, Абдуллоҳро аз се офат нигоҳ дор: аз васвоси шайтон ва хоҳишҳои нафсонӣ ва ғурури нодонӣ.

Илоҳо, агар Абдуллоҳро хоҳӣ гудохт, дузахе бояд полоиши ӯро; ва агар хоҳӣ навохт, биҳишти дигаре бояд ороиши ӯро.

Илоҳо, кошки Абдуллоҳ хок будӣ, то номаш аз дафтари вуҷуд пок будӣ.

Илоҳо, агар коснӣ талх аст, аз  бӯстон аст ва агар Абдуллоҳ муҷрим аст, аз дӯстон аст.

Илоҳо, чун оташи фироқ доштӣ, дӯзахи пуроташ аз чӣ афроштӣ?

Илоҳо, чун сагро дар ин даргоҳ бор аст ва сангро дидор аст, Абдуллоҳро бо ноумедӣ чӣ кор аст.

Рубоӣ.

Дар боргаҳат сагони раҳро бор аст,
Cагро бор асту сангро дидор аст.

Чун сагсифати сангдил аз раҳмати Ту

Навмед наям, ки сангу сагро бор аст.

Илоҳо, гавҳари истафо дар домани Одам Ту рехтӣ ва гарди исён бар фарқи иблис Ту бехтӣ ва ин ду ҷинси мухолифро Ту бо ҳам омехтӣ. Аз рӯйи адаб агар бад кардем, бар мо магир, ки гарди фитна Ту ангехтӣ.

Илоҳо, заифам хониву чунин аст, ҳар чӣ аз ман дар вуҷуд ояд, ин аст.

Илоҳо, Ту дӯхтӣ, дарпӯшидам ва он чӣ дар ҷом рехтӣ, нӯшидам, ҳеҷ наёмад аз он чӣ мекӯшидам.

Илоҳо, ман ғуломи он маъсиятам, ки маро ба узр орад ва аз он тоат безорам, ки маро ба уҷб  орад.

Илоҳо, гадои Ту ба кори худ шодон аст, ҳар кӣ гадои Ту шуд, дар ду олам султон аст.

Илоҳо, ғайр аз аламҳои Ту ҷойи шодӣ нест ва  ҷуз аз бандагият рӯйи озодӣ нест.

Илоҳо, кор агар ба гуфтор аст,бар сари ҳамаи гӯяндагон тоҷам ва агар ба кирдор аст, чун Сулаймон ба мӯре мӯҳтоҷам.

Илоҳо, кадом дард бувад аз ин беш, ки маъшуқ тавонгару ошиқ дарвеш.

Илоҳо, ман кистам, ки Туро хоҳам? Чун аз қимати худ огоҳам. Аз ҳар чӣ мепиндорам, камтарам ва аз ҳам даме, ки мешуморам, бадтарам.

Илоҳо, бар сар аз хиҷолат гард дорем ва дар дил аз ҳасрат дард дорем ва рух аз шарми гуноҳ зард дорем.

Рубоӣ:

Ман бандаи осиям, ризои Ту куҷост?

Торик дилам, нуру зиёи Ту куҷост?

Моро Ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,

Он байъ бувад, лутфу атои Ту куҷост?

Рақба – гардан. Коснӣ – гиёҳи худрӯ, талхак. Саг – саги асҳоби Каф. Санг – кӯҳи Тур.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi