14:07:49 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-8

Илоҳо, аз муддати орзумандӣ рӯзе монд ва аз дарду фироқ ба дил сӯзе монд. Илоҳо, аз ёдгор фарде  монд ва аз умри гузашта, дарде  монд, аз ҷисми пӯсида гарде  ва аз ҳасрат ба сина оҳи сарде.

munojotnoma---458787Илоҳо, агар тавба ба бегуноҳӣ аст, пас дар ин ҷаҳон тоиб кист? Ва агар ба пушаймонӣ аст, пас дар ҷаҳон осӣ кист? Илоҳо, сабр аз ман рамид ва тоқати манн  шуд суст, тухми ором киштам, беқарорӣ руст. На хурсандам, на сабур, на маҷруҳам ва на ранҷур.

Илоҳо, Ту манзили ва дӯстони Ту роҳ, пас на дил узрхоҳ асту на забон кӯтоҳ.

Илоҳо, офаридӣ маро ройгон ва рӯзӣ додӣ маро ройгон, биёмурз моро ройгон, ки Ту Худоӣ,  на бозаргон.

Илоҳо, халқ ба шодӣ аз боло бираҳанд, ман аз шодӣ мубтало шудам, ҳама шодӣ ба худ расонанд, ман Туро якто шудам.

Илоҳо гардани гардун роми тақдири Туст ва рабқаи оламиён мусаххари тадбири Туст, сари саркашон бастаи Ту ва ҷабборон куштаи Ту ва дӯзах зиндони Ту, фирдавс бӯстони Ту. Дар  осмонҳо султон Ту. Иззату кибриёӣ аз они Ту. Дар қиёмат мутеонро ҳуллаи эҳсон Ту. Бар тавқеи ҳар некбахт унвон Ту.

Рубоӣ:

Дил дарди Туро ба ҷон мудово накунад,

Дар ишқи Ту ҷон зи ғам муҳобо накунам.

Мо  рози ғамат ба кас нагӯем агар,

Бӯйи ҷигари сӯхта расво накунад.

Илоҳо, шароби шавқ дар ҷони Мансури Ҳаллоҷ афзун шуд, он шароб дар он нагунҷид, ба сар берун шуд. Иблис ҷуръае  наёфт, ҷовидон малъун шуд. Ба ҷуръае аз он шароб Увайси Қаранӣ маймун шуд.

Илоҳо, фироқ  кӯҳро ҳомун кунад, ҳомунро Ҷайҳун кунад, Ҷайҳунро пурхун кунад, донӣ, к и бо ин дили заиф чун кунад?

Илоҳо , назари Худ бар мо мудом кун ва ин шодӣ худ бар мо тамом кун, маро бардоштаи Худ ном кун, ба вақти рафтан бар ҷони мо салом кун.

Илоҳо, сиддиқон аз гуноҳ пушаймонанд ва аз тоат хиҷил, узр бар забон доранду ташвиш дар дил

Илоҳо, ҳама  аз ҳайрат ба фарёданду ман аз ҳайрат шодам. Ба як лаббайк дари  ҳамаи нокомӣ бар худ бикушодам. Дареғо, рӯзгоре, ки намедонистам, то лутфи Туро дарёзам. Худовандо, дар оташи ҳайрат овехтам чун парвона дар чароғ;  на ҷон ранҷи тапиш дидаву дил алами доғ.

Илоҳо, пайваста дар гуфтугӯям, то во нанамоӣ, дар ҷустуҷӯям. Аз бетоқатӣ мепӯям. Дар миёни корам, аммо намепӯям.

Илоҳо, маркаб воистод ва қадам бифарсуд, ҳамроҳон бирафтанду ин бечораро ҷуз ҳайрат наяфзуд.

Илоҳо, агар касе Туро ба ҷустан ёфт, ман Туро ба гурехтан ёфтам. Агар касе Туро ба зикр кардан ёфт, ман Туро ба худ фаромӯш кардан ёфтам. Агар касе Туро ба талаб ёфт, ман худ талаб аз Ту ёфтам. Худоё, василат ба Ту ҳам Туӣ. Аввал Ту будӣ ва охир ҳам Туӣ.

Рубоӣ:

То дар раҳи ишқи Ӯ муҷаррад нашавӣ,

Ҳаргиз зи худии хеш бе х(в)ад нашавӣ.

Дунё ҳама бандаи туст бар даргаҳи Ӯ,

Дар банди қабул бош, то рад нашавӣ.

Уҷб – худбинӣ, худписандӣ, Тоиб – тавбакунанда, Осӣ – гунаҳгор, Тавқеъ - фармоннома, туғрои подшоҳон, Мудово – дармонкунанда, Малъун – лаънат кардашуда, Маймун – некбахт, Ҳомун – дашт, саҳро

(Давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi