04:16:04 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 6

Мавлоно Лутфӣ аз зумраи шоирони ҳамасри Мавлоно Ҷомӣ буда, ба забонҳои форсӣ ва туркӣ шеър эҷод мекард. Ӯ дар синни наваду нуҳсолагӣ чунин матлабе гуфта буд:

maqbarai-jomi 548754Гар кори дили ошиқ бар кофари Чин афтад,

Беҳ з-он ки ба бадхӯе бемеҳр чунин афтад.

Мавлоно Лутфӣ ин ғазалро ба итмом наросонида, пеш аз маргаш дар сари сакарот васият намуд, ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ин матлаъро ғазал сохта, дар девони худ дарҷ намояд. Мавлоно Ҷомӣ васияти Мавлоно Лутфиро ба ҷо оварда, ғазали зеринро навиштва дар девонаш ворид намуд:

Гар кори дили ошиқ бар кофари Чин афтад,

Беҳ з-он ки ба бадхӯе бемеҳр чунин афиад.

Ҷое, ки бувад тобон хуршед макун ҷавлон,

Ҳайф аст к-аз он боло соя ба замин афтад.

Ҳар ҷо, ки ҷаҳад барқе аз оташи ишқи ту,

Сад дилшударо оташ дар хирмани дин афтад.

Ишқи ту ба меҳру кин ҳарчанд, ки зад қуръа,

Мушкил, ки ба номи ман ҷуз қуръаи кин афтад.

Меҳроби ҳузур омад моро хами абрӯят,

Дар вай зи хатои мо мапсанд, ки чин афтад.

Ҳар лаҳза занам оҳе, бошад ки аз ин новак,

Сайёраи идборам аз чархи барин афтад.        

Ҷомӣ чу сухан ронад аз лаъли шакарборат,

Дар доманаш аз дида дуррҳои симин афтад. 

Аз китоби «Пирони сухан дар қиссаҳои куҳан»

ДОНИСТ, КИ ГАВҲАРИ БАДАХШИСТ

Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ аз шоирони маъруфи ҳамасри Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ба шумор меравад. Амир Алишери Навоӣ дар тазкираи худ «Маҷолис-ун-нафис» дар бораи ӯ чунин маълумот додааст: «Ҳоло дар миёни аҳли табъ ба ҷомеъияти ӯ касе нест, мақбули подшоҳ ва гадост. Дар фанни муаммо рисолае навита, ки дар миёни мар дум машҳур аст ва ба ғайри ин назмҳо низ дорад». «Рисолаи муаммо»-и Мавлоно Бадахшӣ таҳти унвони «Зобитаи ҳалли муаммо» дар асри шонздаҳи милодӣ аз тарафи Муҳаммадалӣ ном шахс шарҳ дода шуда шудааст, ки он чунин обоз меёбад:

Эй воситаи ҷавҳари ашё номат,

В-эй роҷитаи гавҳари иншо номат.

Аз номи ту мушкили Бадахшӣ шуд ҳал,

Эй «Зобитаи ҳалли муаммо» номат.

Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ аз Бадахшон ба Ҳирот омада, шогирдии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро мепазирад ва муаммоҳои худро аз назари эшон мегузаронад. Мавлоно Ҷомӣ баъди мутолиа ба ҳунари муаммонависии Мавлоно Бадахшӣ бо ин қитъаи шеър  баҳои баланд медиҳад:

Ин тозагуҳар, ки гашта фоиқ,

Бар ҳар гусаре ба нурбахшист.

Ҳар кас, ки бидид обу рангаш,

Донист, ки гавҳари Бадахшист.            

 Аз китоби «Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон»   

ОЗМОИШИ АДАБӢ

Мегӯянд, дар маҷлиси яке аз шоҳзодагони темурӣ, ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва шоири муосираш Мавлоно Камолиддини Биноӣ низ ҳузур доштанд, сухан аз бадеҳагӯйӣ мерафт. Шоҳзодаи темурӣ мебоист Султон Ҳусайни Мирзоро дар ин фан имтиҳон намояд. Ба ин масад ба Мавлоно хитоба гуфт:

–Мехоҳам ин чаҳор чиз: – чароғ, ғирбол, нордбон ва турунҷ дар шеъре гунҷонида шавад.

Мавлоно Ҷомӣ дар ҷавоб фавран ин рубоиро хонд:

Эй гашта чароғи давлатат бадри мунир,

Ғирбол шавад синаи аъдод зи тир.

Бар палаи нардбони ҳиммат неҳ пой,

В-аз авҷи фалак турунҷи давлат бар гир.

Шоҳзода пас аз шунидаи ин рубоӣ ба тарафи Мавлоно Биноӣ рӯй оварда, аз ӯ хоҳиш намуд, то ин чаҳор чизро дар шеъре бигунҷонад: мангал, тос, «Шарҳи Шамсия» ва кулоҳ. Мавлоно Биноӣ дар бадеҳа гуфт:

Чун манқал агарчи дуди оҳе дорем,

Бар тоси фалак на коргоҳе дорем.

Бо мо сухане зи «Шарҳи Шамсия» магӯй,

Мо низ аз ин намад кулоҳе дорем.

Шоҳзода Султон Ҳусайни Мирзо ҳар дуро ба инъом ва икром сарфароз намуд. 

ХОҲИШИ МАВЛОНО ҶОМӢ

Амир Музаффариддин Ҷаҳоншоҳ, ки ҳукумати Озарбойҷону Ироқро ба уҳда дошт ва душмани ҷонии Темуриён буд, ба Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ихлоси том дошт ва боре девони худро, ки кариб се ҳазор байтро дар бар мегирифт, бо ду ҳазор динор ба Мавлоно Ҷомӣ туҳфа фиристод ва аз ӯ дархост кард, ки вайро ба кори хайре далолат кунад. Мавлоно Ҷомӣ дар ҷавоби ӯ навишт:

З-ин пеш раҳе буд зи Бағдоди ниёз,

Мавсил ба карими васли он Каъбаи ноз.

Дорем зи шоҳи Ҳамадон чашм, ки боз,

Эмин шавад аз ҳаромӣ он роҳи дароз.

Ин рубоӣ ба он ишора мекард, ки роҳзанон дар мавзеи Ҳамадон зиёд будаанд ва бозаргонону ҳоҷиён аз онҳо азият медиданд. Амир Музаффариддини Ҷаҳоншоҳ хоҳиши пири муршиди худ Мавлоно Ҷомиро дарҳол иҷро кард ва роҳи Ҳамадон бехатар гардид.

ДУРӮҒЕРО САЗО БОШАД ДУРӮҒЕ

Мулло Ҷалол ном касе Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро дар ҳама ҷо кофир хонда, аз гуфтору рафтори ӯ мисолҳо меовард, ки ӯ мусиқӣ мешунавад ва ҳазлу шӯхӣ мекунад. Чун ба Мавлоно Ҷомӣ ин хабар расид, қитъаи зеринро гуфта, ба Мулло Ҷалол фиристод:

Агар Мулло Ҷалолам хонд кофар,

Чароғи кизбро набвад фурӯғе.

Мусалмон гӯямаш, к-андар мукофот,

Дурӯғеро сазо бошад дурӯғе.

ЧИЛЛАНИШИНИИ ШАЙХ

Шайх Сайид Нуриддин Муҳаммад баъди баҳсе бо Мавлоно Ҷомӣ ва мағлубият аз вай дар пояи кӯҳи Мухтор дар хонақоҳе чилла нишаст. Мавлоно Ҷомӣ хабари чиллашинии шайхро шунида, ғазале гуфт, ки дар байни мардум паҳн шуда, аз даҳон ба даҳон мегузашт. Байти аввали он ғазал ин аст:

Зи шайхи чилланишин дур бошу чиллаи вай,

Ки ҳаст чиллаи вай сардтар аз чиллаи дай. 

ПАЁМИ ДӮСТӢ

Султон Ҳусайни Мирзо, ки ҳангоми аз сафари ҳаҷ баргаштани Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Балх буд, ба пешвози Мавлоно Ҷомӣ расуле фиристод. Баъди фурсате қосиде аз ҷониби Мир Алишери Навоӣ омад, ки номае дошт ва дар он ин рубоӣ ҳам сабт гардина буд.

Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом,

То з-ин ду кадом хубтар гоҳи хиром.

Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз ҷониби су бҳ,

Ё моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз ин паёми шогирди рашидаш Амир Алишери Навоӣ ба шавқ омада, қосидро бо салому дуруд ба ҷонибаш фиристода, дар руқъае ин рубоиро дарҷ кард:

Бо килки ту гуфт нома, к-эй гоҳи хиром,

Сад туҳфаи хуш ба Рум оварда зи Шом.

Гар пойи ту дар миён набошад, нарасад,

Маҳҷуронро зи ҷониби дӯст паём. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi