13:53:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-11

Илоҳо, то омӯхтанро омӯхтам, омӯхтароҷумла бисӯхтам, андӯхтаро барандохтам ва андохтаро бияндӯхтам, нестро бифрӯхтам, то ҳаст бияфрӯхтам.

munojot-54362215445Илоҳо, то ягонагӣ бишинохтам, дар орзуи шодӣ бигудохтам. Кай бошад, ки гӯям, паймона бияндохтам ва аз алоиқ вопардохтам ва буди хеш ҷумла дархостам.

Байт:

Кай бошад, к-ин қафас бипардозам,

Дар боғи Илоҳӣ ошён созам.

Илоҳо, гоҳ мегӯӣ: фуруд ой. Гоҳ мегӯӣ: гурез. Гоҳ фармоӣ: биё. Гоҳ гӯӣ: парҳез. Худоё ин нишони қурбат аст, ё маҳзи растохез? Ҳаргиз башорат надидам таҳдидомез. Эй меҳрубони бурдбор, эй латифи некбор, омад ба даргоҳ, хоҳ ба ноз дору хоҳӣ хоҳ дор.

Байт:

Гар шаванд ин халқи олам бар сари хасмони ман,

Ман раво дорам, нигоро, чун ту бошӣ они ман.

Илоҳо, ин дили ман кони ҳасрат аст ва тани ман мояи дарду ғам. Худоё, наёрам гуфт, ин ҳама чаро баҳри ман?

Илоҳо то меҳри Ту пайдо гашт, ҳама меҳрҳо ҷафо гашт ва то некии Ту пайдо гашт, ҳама ҷафоҳо вафо гашт. Худовандо, мо на арзонӣ будем, то то моро баргузидӣ ва на ноарзонӣ будем, ки ба ғалат баргузидӣ, балки Худ арзонӣ кардӣ, то баргузидӣ ва ҳар айб, ки медидӣ, мепӯшидӣ.

Илоҳо, номат нури дидаи ошноён, ёдат ойини манзили муштоқон, ёфтат чароғи дили муридон, меҳрат унси ҷони дӯстон.

Илоҳо, чӣ хуш рӯзе, ки хуршеди ҷалоли Ту ба мо назар мекунад. Чӣ хуш вақте, ки муштоқ аз мушоҳидаи ҷамоли Ту маро хабаре диҳад. Ҷони худро тӯъмаи боз созем, ки дар фазои талаби Ту парвозе кунад ва дили худро нисори дӯсте кунем, ки бар сари кӯй Ту овозе диҳад.

Илоҳо, насиби ин бечора аз ин корҳо дард аст.  Муборак бод, ки маро ин дард фард аст. Ҳаққо, ки ҳар кас бад-ин дард нанозад, ҷавонмард аст.

Рубоӣ:

Ҳар дард, ки з-ин дилам қадам баргирад,

Дарде дигараш ба ҷой-дар бар гирад.

З-он бо мо дари суҳбат аз сар гирад.

К-оташ чу расад ба сӯхта, даргирад. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi