02:08:35 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Фирдавс бо "Як бағал ғазал" омад

Маҷмӯаи ғазалҳои Фирдавси Аъзам - шоири ҷавони тоҷик дар интишороти "Пӯён" -и шаҳри Теҳрон бо шуморагони 1000 нусха ва ду хатти форсӣ ва сириллики тоҷикӣ мунташир шуд.

yak-baghal-ghazal_54545.jpgКитоби мазкур 30 ғазали Фирдавсро дарбар мегирад ва бо ороиши нафис ба табъ расидааст.Фирдавс қабл аз ин китоби ашъори "Абрҳои обӣ" - ро дар соли 2012 низ бо ду хатти форсӣ ва кириллии тоҷикӣ ба чоп расонда буд.

Устод Маҳдии Баҳманӣ аз шоирони номовари Эрон ба "Як бағал ғазал" пешгуфтор навишта ва аз зуҳури ин гӯяндаи тозабаён изҳори хушию масаррат менамояд ва мегӯяд: "Ҳазрати эшон бо табъи шикананда ва зудранҷи шоиронаи худ аз сӯзу гудози дарунӣ сухан ба миён оварда ва онҳоро ба забони шеър вогӯя мекунад.

Чизе нагуфтаем ба ҷуз дардҳои хеш,

Аммо алайҳи мо ҳама тарфанд мекунанд.

Латофат ва ҷаззобияти ашъори "Як бағал ғазал" дар каломи эшон ба гунае иншо шуда, ки бар хонандаи жарфандеш асар мекунад ва бар забонаш сорӣ ва ҷорӣ мегардад.Лаҳазоте низ доманаи фарёду  эътироз вусъати бештаре меёбад. Абёти "Як бағал ғазал" ҷаноби Фирдавси Аъзамро шоире шӯридаҳол менамоёнад, ки ғами мардумони ҳамрӯзгораш дағдағаи дақоиқи ӯст.

Дареғ шаҳри Самарқандаму Бухороям,

Дубора кош, Худоё, аз они мо мебуд".

Қарор аст китоби мазкур дар доираҳои адабии Эрон рӯнамоӣ ва ба бисёре аз марокизи фарҳангӣ ба таври ройгон арза шавад.

 Гуфтанист Фирдавс дар хонаводаи Аъзами Хуҷаста -аз шоирони хушбаёни тоҷик дар соли 1984 ба дунё омадааст. Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Хуҷандро бо ихтисоси забони англисӣ ба поён бурд.

Ашъораш дар нашрия ва сайтҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо мунташир шудаанд ва шоир соҳиби сомонаҳои шахсӣ бо нишонии http://firdavs.blogfa.com/ ва http://firdavsi-azam.iran.sc/ мебошад.

Шоҳмансури Шоҳмирзо,

ш. Теҳрон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi