22:02:30 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
27 28 29 30    

А. Раҷабзода: «Ватани сулолаи Сомониён водии Ҳисор аст»

«Водии Ҳисор бидуни муҳобот - ин водии заррин дар маркази давлат ва минтақа бо таъриху тамаддун ва анъанаҳои қадима доман густурдааст, ки аз ин ҷойгоҳ даҳҳо шахсиятҳои бузургу оламшумули илму фарҳанги тоҷикон по ба арсаи ҷаҳон гузоштаанд».   

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили 3000-солагии Ҳисор рӯйдоди бузурги сиёсию фарҳангист

qalai-hisor-89564521.jpgМоҳи октябри соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад. Аскаралӣ Раҷабов -доктори илми таърих, профессор,  мудири шуъбаи таърихи санъати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки таҷлили ин санаи таърихӣ дар даврони истиқлолияти кишвар рӯйдоди бузургест дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистони муосир.

Таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи он акси садои хубро ба миён меорад, меафзояд донишманди тоҷик. Ҷашн гирифтани ҳар як санаи таърихӣ, бахусус солҳои охир, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад,  омилҳои навро на танҳо барои суботи кишвар, балки ҷиҳати омӯзиши паҳлӯҳои норушани таъриху фарҳанги қадимӣ ва пурғановати миллати тоҷик роҳандозӣ менамояд. Инчунин таҷлили санаҳои таърихию фарҳангии кишвар ба мардум имкон медиҳад, ки он арзишҳо ва маъхазҳои таърихию фарҳангиеро, ки дар шаклу диди нав ба фарҳанги мо ворид шудаанд, бояд омӯхт.

Махсусан таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор, яке аз санаҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ барои Тоҷикистон, мардуми тоҷик, таърихи он, бозомӯзӣ ва бедор кардани ёди таърихии мардуми тоҷик  аҳамияти бузург дорад. Он паёмадҳои хубе ҳам дорад. Яъне, минбаъд мо ба арзишҳои таърихии фарҳангии худ бояд ҷиддитар назар кунем ва онро бо диди нав, андешаи нав таҳқиқ намоем ва ба маҷрои тамаддуни ҷаҳонӣ ворид созем.

Ҷашни 3000-солагии Ҳисор дурнамои рушди ин минтақаро тавсеа мебахшад

-Ҳадафи асосии таҷлили 3000-солагии Ҳисор танҳо тантана аст?

-На, раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар иртибот ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор танҳо ба хотири тантана нест, дар маҷмӯъ он дурнамои ояндаи рушди ин минтақаро вусъат хоҳад дод. Дар иртибот ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор  оид ба таърихи Ҳисор ҳамчун шаҳр, маркази фарҳангӣ, ки  дар масири таърих аз ин минтақа бисёр шахсиятҳои бузург ба миён омадаанд ва дорои бузургтарин марказҳои фарҳангӣҳам буданд, корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ босуръат идома доранд.

Ҳадафи асосии ин ҷашн он аст, ки дар марҳилаи нави таърихӣ-замони истиқлолияти миллии кишвар, паҳлӯҳои ноаён ва кашфношудаи ин водии зархез, ки яке аз пойгоҳҳои муҳими фарҳангии кишварамон аст, ба оламиён муаррифӣ гардад. Бояд тазаккур дод, ки водии Ҳисор дар ҳар давру замон ва имрӯз ҳам аз муҳимтарин қисматҳои ҷудонашаванда ва пурарзиши таърихи тамаддуни халқи мост. Ба ифтихори ин ҷашн то имрӯз китобу мақолаҳои зиёд навишта шудаанд. То ҷое мусаллам аст, ба ифтихори ин ҷашн дар Ҳисор сохтмони пойгоҳҳои муҳими фарҳангӣ -фароғатӣ, бахусус бунёди корхонаҳои тавлидотӣ, қасру кӯшкҳо, бунгоҳҳои фарҳангӣ-китобхона, осорхона, варзишгоҳҳо ва дигар иншооти муҳим алҳол идома доранд.

Ҳисор яке аз пойгоҳҳои муҳими фарҳангӣ дар аҳди Сомониён буд

-Ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисор аз ҷониби донишмандони кишвар кадом китобҳо ба табъ расидаанд?

-Бояд тазаккур дод, ки агар яке аз қисматҳои ин ҷашн бунёдкорию созандагӣ бошад, қисмати дигари он барномарезии илмию фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисор аст, ки дар ҷаласаҳои Кумитаи тадорукот мавриди баррасӣқарор гирифтааст. То ин замон бисёр саҳифаҳои таърихии минтақаи Ҳисор, аз ҷумла ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангии ин минтақа мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифтаанд. Ёдгориҳои таърихии Ҳисор гарчанде дар дохили кишвар муаррифӣ гардида бошанд ҳам, вале берун аз ҷумҳурӣ доир ба онҳо маълумот надоранд. Аз ин рӯ, бо кӯшиши олимони тоҷик аввалин  ёдгориҳои таърихии фарҳанги водии Ҳисор таҳқиқ гардиданд ва дар як китоби ҷомеи академикӣ таҳия шуданд.

Муҳимияти водии Ҳисор ва Ҳисор аз он иборат аст, ки дар ин водӣ ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии марбут ба замони Сомониён, ки яке аз давраҳои муҳими пурарзиши таърихи халқи тоҷик аст, пайдо шуданд. Дар ҷараёни пажӯҳишҳои майдонӣ аз водии Ҳисор беш аз 11 ёдгории таърихӣ- фарҳангӣ, мутааллиқ ба замони Сомониён пайдо гардид. Ин шаҳодати он аст, ки водии Ҳисор яке аз пойгоҳҳои муҳими фарҳангӣ дар давлати мутамаркази Сомониён буд. Ин пажӯҳишҳои майдониро дар ҷараёни омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор муҳаққиқон таҳқиқ намуда, ба анҷом расониданд, ки дар натиҷа китоби ҷомеи академии «Ёдгориҳои таърихию фарҳангии  водии Ҳисор» рӯи чоп омад.

Китоби дигари мусавваре, ки чоп гардид, «Ёдгориҳои меъмории водии Ҳисор» ном дошта, дар он муҳимтарин ёдгориҳои меъмории водии Ҳисор бо шакл ва диди нав таҳқиқ гардидаанд. Ин китоб ба забони русӣ ва англисӣ ва бо теъдоди беш аз 500 нусха аз ҷониби Ҳукумати ноҳияи Ҳисор нашр гардид.

То имрӯз дар Ҳисор ҳафриёти бостоншиносии зиёде гузаронида шудаанд. Вале нақшаиҳафриёти бостоншиносии Ҳисор таҳқиқ нашуда буд. Бо шарофати ин ҷашн нақшаи ҳафриёти бостоншиносии Ҳисор дар маҷмӯъ аз сӯи муҳаққиқон омода гардид.

Фарҳанги водии Ҳисор дар замони Сомониён

-Водии Ҳисор дар рушди тамаддуни замони Сомониён чӣ гуна ҷойгоҳе дошт?

-Тавре қаблан зикр кардам, водии Ҳисор дар замони Сомониён яке аз бузургтарин марказҳои фарҳангӣ маҳсуб мешуд. Ҳамоварон, Номоварон, Навканд ва дигар шаҳрҳое, ки дар баробари Ҳисор вуҷуд доштанд, то имрӯз таҳқиқ нашуда буданд. Дар иртибот ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор як китоби таҳқиқотӣ, ки «Фарҳанги водии Ҳисор дар замони Сомониён» ном дорад, рӯи кор омад. Ин китоб дар асоси таҳқиқот ва ковишҳои майдонӣ, ки дар зарфи ду сол аз Тирмиз то Файзобод ба анҷом расонида шудааст, бо забонҳои русӣ ва англисӣ ва тасвирҳои хеле зиёде, ки аз ҷараёни ковишҳои майдонӣ аксбардорӣ шудаанд, мунташир гардид.

Яъне, муҳаққиқон дар натиҷаи ковишҳои майдонӣ сатрҳои наверо дар иртибот ба замони Сомониён, махсусан Ҳисор дар замони Сомониён чӣ нақш ва муассирият дошт, кадом шахсиятҳое ба миён омада буданд ва ин суннат дар асрҳои минбаъда то имрӯз чӣ гуна идома ёфтааст, дар ин китоб ба таври возеҳу равшан зикр кардаанд. Дар ин асари ҷомеи академикӣҳамзамон намунаҳои санъати шаҳрсозӣ, мусиқӣ, либос ва дигар навъҳои ҳунарҳои бадеии марбут ба аҳди Сомониён, инчунин шаҳрҳое, ки аз онҳо ҷодаи бузурги абрешим мегузашт, гирд оварда шудаанд.

Ҳисор дар ҳама давру замон шаҳр буд

-Ҳисор дар саҳифаҳои таърих ҳамчун шаҳр зикр гардидааст ва метавон ба он дар замони муосир мақоми шаҳр дод? 

-Албатта, дар ҳама давру замон Ҳисор ҳамчун шаҳр бо номи Шумон ё Шомон зикр гардидааст.  Дар канори Шумон инчунин шаҳрҳои Ҳамоварон, Номоварон ҳам буданд. Дар илми фарҳанги Ҳисор омадааст, ки Ҳисор таърихи беш аз 5 ҳазор сола дорад. Ҳисор ҳамчун шаҳр дар давраи қадим яке аз пойгоҳҳои муҳим буд. Ҳатто дар давраи охирин сулолаи манғитиҳо водии Ҳисор яке аз марказҳои бузурги на танҳо сиёсӣ, балки фарҳангӣ низ маҳсуб мешуд.

Мавқеи ҷуғрофӣ, иқлим, силсилакӯҳҳо, табиати нотакрор, захираҳои обӣ, дарёю наҳрҳо, чашмаҳои маъданӣ ва он олами набототу ҳайвоноте, ки дар водии Ҳисор аст, беназир буда, дар дигар минтақаҳо кам дида мешавад, зеро муҳимияти ин гуфтаҳо аз он иборат аст, ки дар ҷараёни пажӯҳишҳои таҳқиқотӣ маълум шуд, ки водии Ҳисор аз пойгоҳҳои муҳими тавлидотӣ ё ватани заъфарони беҳтарин буд, як навъи гиёҳе, ки имрӯз дар бозори байналмилалӣ талаботи зиёд дорад.

Инчунин, навъҳои гуногуни меваҷот, хусусан беҳтарин навъҳои ангур, себ, гелос дар ин водӣ парвариш мегарданд. Аз ин рӯ, водии Ҳисорро мардум дар саҳифаҳои таърих вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати файзбахшаш  водии зарнисор ва зархез гуфтаанд, зеро агар соле боду ҳаво номусоид ҳам ояд, аз ин водӣ боз як чиз бармехезад.

Ватани сулолаи Сомониён водии Ҳисор аст

-Ватани сулолаи Сомониён водии Ҳисор аст. Хусусан Сомоншаҳр, ки дар Тирмизи қадима воқеъ буд, ба водии Ҳисор дохил мегардид. Сари Ҳисор аз Тирмиз оғоз ёфта, пояш то Файзобод мерасид. Аввалин бӯстонсаройҳои беруназшаҳрӣ дар аҳди Сомониён маҳз дар водии Ҳисор сохта шудаанд. Масалан, «Чилдухтарон» дар Ҳисор бунёд гардидааст, ки расмҳои харобаҳояш дар китоби мусаввар оварда шудаанд. Харобаҳои «Чилдухтарон» баъдан аз ҷониби муҳаққиқон навсозӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки шаҷараи Сомониён ҳамчун як империяи бузурги тоҷикон дар таърих нақши муассир ва арзишманд дошт. Маҳз тоҷикон дар замони Сомониён ҳамчун миллати воҳид ташаккул ёфтанд, яъне ин чиз рабт дорад ба водии Ҳисор, ки як хонадони бузурги ниёкони мо, ки Сомониён аз водии Ҳисор- аз Сомоншаҳр бархестаанд. Дар Бухоро танҳо марқади Исмоили Сомонӣ вуҷуд дорад. Марқади дигар амирони Сомонӣ дар водии Ҳисор воқеъ аст.      

Пантиони Сомониён дар Сомоншаҳр воқеъ аст

Дар Сомоншаҳр /Тирмиз/ марқади (дахма) Султонсаодат ҷой дорад, ки онро пантиони Сомониён ҳам мегӯянд. Дар ин ҷо ҳама дафн карда намешуданд, танҳо шахсиятҳои хонадони бузург, даҳҳо донишмандону олимон, адибон аз қабили Имом Тирмизӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Мунҷики Тирмизӣ ва дигар шахсиятҳои илмию фарҳангии водии Ҳисор, ки  зодбумашон водии Ҳисор аст ва дар саҳифаҳои таърих ҳамчун ҳисорӣ зикр шудаанд, дафн мешуданд.

Дар китоби «Фарҳанги водии Ҳисор дар ҳамоҳангӣ ба тамаддуни минтақавӣ» аз гуфтаҳои Президенти кишвар иқтибос оварда шудааст, ки Ҳисор, яке аз пойгоҳҳои муҳими тамаддуни  кишварамон маҳсуб мешавад. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ бо тамаддуни водии Ҳисор муаррифӣ шавад.

Ҷашни 3000-солагии Ҳисор барои дурнамои кишвари мо  аҳамияти бузурги таърихӣ дорад ва барои насли ояндаи тоҷик ва тоҷикистониён ҳам бисёр муҳим аст. Ин раванд хотираи таърихии насли навро бедор мекунад, насли наврас масъулияти ватандории худро эҳсос мекунад, дарк менамояд, ки чунин мероси бузурги фарҳангию шаҳрҳои қадимӣ дорем ва онро ҳифз бояд кард, омӯхт ва нисбат ба ин ватан муҳаббат ва садоқат дошт.

Ва ҳамзамон насли замони истиқлол бояд бидонад, ки онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд, дар як водии бузургу шаҳри қадимӣ, ки дар шафаташ пойтахти кишвари мо воқеъ аст. Бояд тазаккур дод, ки худи Душанбе ҳам дар маркази водии Ҳисор қарор дорад ва ин арзиши бузурги таърихист. Душанбе, ки имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон пойтахти давлати мустақили Тоҷикистони муосир аст, дар таърих шаҳр набуд, русто буд ва дар давраҳои қадим дар қаламрави Шумон дохил мешуд. 

Дар тамоми осори таърихӣҲисор ҳамчун Шумон зикр гардидааст ва дар асрҳои миёна ҳамчун Ҳисори шодмон ном гирифт. Яке аз хатҳои шоҳроҳи бузурги Абрешим аз водии Ҳисор мегузашт. Бисёр сайёҳони хориҷӣ, ки аз ин минтақа убур менамуданд, ҳамеша тавсифи Ҳисор ва мардумашро кардаанд, васфи ин водиро намуда, гуфтаанд, ки ин водӣ водии зархез аст.

Дар ин водӣ тамоми навъҳои меваҷот месабзанд, мардумаш дар баробари созанда будан, маърифатпарвару фарҳангдӯстанд. Сайёҳон ва муҳаққиқон, аз ҷумла сайёҳи фаронсавӣ Габриэл Бонвалот, ки ду маротиба дар солҳои 1886-1888 таввасути Ҳисор ба Ҳинду Покистон, Чин ва дигар кишварҳои Осиё сафар кардааст, дар маркази Ҳисори имрӯза- Қалъаи Ҳисор, ки ҷои амирнишин буд, таваққуф намуда, дар расмҳои сиёҳқаламии кашидааш онҳоро тасвир кардааст.

Ва беш аз 27 расми  ба таври сиёҳқаламӣ кашидаи ҷаҳонгарди фаронсавӣ Габриэл Бонвалотро  тавассути як муҳаққиқи фаронсавӣ аз осорхонаи миллии Фаронса- Лувр дастрас намудем, ки дар ин китоб ҷо дода шудаанд. Дар ин тасвирҳо  Қалъаи Ҳисор, мири Ҳисор бо писараш, ҳатто кӯпруки Душанбе дар он давра инъикос гардидааст.        

Воқеан ҷашни 3000-солагии Ҳисор барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар, ки аз таҷлили он пуштибонӣ намуданд, як марҳилаи нав дар таърихи омӯзиши ватани мо, мероси фарҳангии мардумамон, махсусан водии Ҳисор нақши бисёр муассир дорад. Дар маҷмӯъ омодагӣ ба таҷлили 3000- солагии Ҳисор бисёр саҳифаҳои таърихи моро равшан намуд ва масъулияти омӯхтани таърихи ватанамонро барои муҳаққиқон дучанд кард. 

Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi