17:10:39 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Муҳтарам Ҳотам: Зиҳӣ, Ҳисори Шодмон!

Силсилаи ашъор ба ифтихори Ҷашнвораи 3-ҳазорсолагии Ҳисор

 muhtaram-hotam_89457845.jpg

Ҳисори Шодмон

Остон то бостон дорад Ҳисори Шодмон,

Достони ростон дорад Ҳисори Шодмон.

Розҳои офариниш дорад ӯ андар канор,

Бегумон, бошад масал аз бомдоди рӯзгор.

Буд нахустинмеҳани аҳли башар дар доманаш,

Низ маҳду меҳани аҳли назар дар доманаш.

Ёдгор аз номи ӯ бошад алифбову савод,

Номи худро дар алифбои куҳан дорад ба ёд.

Сарзамини мардуми озодаву некусиришт,

Баҳри тафреҳ омада бар боғи ӯ аҳли биҳишт.

                Роҳи Абрешим кашида сӯ ба сӯ аз доманаш,

Мисли абрешим танида сӯ ба сӯ аз доманаш.

Шоҳроҳи Ҳинду Эрон, Русу Мисру Чин буда,

Шоҳроҳе аз билоди Рум то Мочин буда.

Кишвари Ҳомоваронро шоҳ буда Шамбарон,

                Буда дар аҳди куҳан аз ҷумлаи номоварон.

Соли фарҳанги Ҳисор омад ба даврон шаш ҳазор,

Нест фарҳанги дигар ҳамсанги фарҳанги Ҳисор.

Давлати тоҷик чу аз бедавлатӣ бунёд шуд,

Мулки Сомонӣ ба сомон омаду обод шуд.

Аз  Ҳисори Шодмон бар тоҷикон омад навид:

Пойтахти тоҷиконро дар дили худ офарид.

Дар Душанбе тоҷик эъҷози наве эҷод кард,

Ӯ Самарқанду Бухорои дигар бунёд кард.

Чун ба кишвар назҳати Сомонии сонӣ расид,

Кишвари моро шукуҳи даври Сомонӣ расид.

 

Ҳисор

Диёри ориёни бостони мо, Ҳисор,

Таронаву суруду достони мо, Ҳисор.

Ту ҳастӣ осмону остони мо, Ҳисор,

Диёри гулнисору бӯстони мо, Ҳисор!

Аё, Ҳисори Шодмон, ануша, шод мон,

Зиҳӣ, ҳамеша - ҷовидон, Ҳисори Шодмон.

Ба бахт бас ҷавониву ба сол бас куҳан,

Кумоду Шамбарониву Чағониву Суман,

Ба сарфароз мардумат ҳама – чи марду зан,

Шукуфтаӣ чу боғи навбаҳор дар чаман.

Аё, Ҳисори Шодмон, ануша, шод мон,

Зиҳӣ, ҳамеша - ҷовидон, Ҳисори Шодмон.

Ҳисори гулнигори мо, Ҳисори гулнисор,

Диёри зарфишони мо, диёри зарнигор,

Ту ҳастӣ аз ниёи мо ба мо чу ёдгор,

Зи номи ту ба номаҳо бувад ду се ҳазор,

Аё, Ҳисори Шодмон, ануша, шод мон,

Зиҳӣ, ҳамеша - ҷовидон, Ҳисори Шодмон.

 

Душанбе

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ!

                              Устод Рӯдакӣ

 

Эй Душанбе, дер зиву шод бош,

То абад фархундаву озод бош,

Тоҷиконро хонаи обод бош,

Эй Душанбе, дар дилу дар ёд бош!

Эй ягона пойтахти тоҷикон,

Пойтахти тоҷу тахти тоҷикон,

Бо ту бошад рахту бахти тоҷикон,

Эй Душанбе, то абад обод бош!

Эй мақоми лафзи ширини дарӣ,

Номбардори каломи модарӣ,

Ақлу ҳушу чашму гӯши кишварӣ,

Эй Душанбе, маҳди истеъдод бош!

Шаҳри мо, эй шаҳри ному нанги мо,

Ақли мо, идроки мо, фарҳанги мо,

Дар мизони нанги миллат санги мо,

Эй Душанбе, шаҳри адлу дод бош!

Аз падарҳо ёдгори ҷовидон,

Эй умеди тоҷики рӯи ҷаҳон,

Шаҳсутуни хонадони тоҷикон,

Эй Душанбе, суннати аҷдод бош.

Баҳри тоҷик зери чархи чанбарӣ

Кай бувад осон Бухороофарӣ? -

Ту Бухорои шарифи дигарӣ,

Эй Душанбе, мазҳари эҷод бош!

Саргузашту сарнавишти мо туӣ,

Тору пуде дар сиришти мо туӣ,

Андар ин олам биҳишти мо туӣ,

Эй Душанбе, дер зиву шод бош!

 

Шеъри Турсунзода

Кӣ надонад дар Ҳисори шод

Шеъри Турсунзодаро аз ёд?

Обу хокаш парваридаш бас,

Миннате бар обу хокаш бод.

Гашта  дилбанди Ҳисори хеш,

То ҳисори шеърро бикшод.

Шуд ба ҳар ирқу насаб ҳамдил,

Бо ҳама аҳли башар ҳамзод.

Гарчи шеъраш бандҳо бикшуд,

Банда шуд худ бар дили озод.

Дар ғами зангии ноозод,

Дар ғами ҳиндуи нообод,

Бурда буд аз сина осоиш,

Бурда буд ҳам хобро аз ёд.

Шоири сулҳи ҷаҳон ӯ буд,

Сулҳи дунёро нидо медод.

Ҳайкали ӯро чӣ меҷӯӣ,

Ҳайкалашро шеъри ӯ бинҳод.

Шукри шеъри хубу шевояш,

Раҳмате бар руҳи покаш бод!

 

Кофарниҳон

Кофарниҳон, Кофарниҳон, эй руди пуртуғёни ман,

Ҳамсуҳбату ҳамрози ман, ҳамшӯру ҳамшарёни ман.

О, ромишу оромишам, о, хоҳишу осоишам,

Печида «чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман».

Эй атрбӯ, эй атрруд, эй мушкбӯ, эй мушкруд,

Эй нагҳати ёсу суман, эй сумбулу райҳони ман.

Кофарниҳон, кофурниҳон,офарнигони ростон,

Дар чашми ман пайдошуда, пинҳоншуда дар ҷони ман.

Варзоб дасти ёварат, Элок шуд ҳамоварат,

Алмосиву руди Суман, эй ҷумлаи ёрони ман.

Бас шодмонӣ аз ту буд дар водии сабзу кабуд,

Зеби Ҳисори Шодмон, эй файзи дастурхони ман.

Ҳафтод пуштат руд буд, руде туӣ аз Ҳафтруд,

Эй тори руду арғунун, эй қиссаву дастони ман…

 

Дараи Алмосӣ

Нури алмос физояд дараи Алмосӣ,

Накҳати ёс кушояд дараи Алмосӣ.

Ҳусни аржанг бувад манзараи Алмосӣ,

Акси хушранг бувад шаршараи Алмосӣ.

Руди алмосии ӯ мавҷи тилоӣ дорад,

Нагҳати ёсии ӯ атри ҳиноӣ дорад,

Сабз дар сабз ҳаме бешаи коҷу бурсаш,

Сабз дар сабз ҳаме решаи коҷу бурсаш.

Ӯ дар ангуштари қулла чу нигин тобида,

Моҳ дар домани ӯ то ба саҳар хобида,

Осмон дида рухи хеш дар ин оина,

Давр гардида пасу пеш дар ин оина.

Боғи фирдавс бувад боду ҳавои покаш,

Даст бар гардани ҳам - боғи биҳиву токаш.

Ҳама файзе, ки Худо дид раво бар олам,

Ба гумонам, ки биафшонд ба обу хокаш.

 

Баҳори Ҳисор

Баҳор мерасад гулафшон, баҳори Ҳисор,

Сапеду сурху сабз шуд куҳсори Ҳисор.

Ба боғҳо паёми боди саҳар чу расад,

Ҳама бисоти хеш созад нисори Ҳисор.

Ба Искичу ба Лолагиву ба Шаҳринаваш

Тавон шинохт марҳамати диёри Ҳисор.

Ҳазор дар чаман чу пайки ҳазора диҳад,

Биё, бигӯ таронаҳои ҳазори Ҳисор.

Агар ба кунҷи узлати худ ба банд шудӣ.

Раҳо намо ту хешро дар ҳисори Ҳисор.

Куҷо бувад чу шаҳди ангури ӯ ба ҷаҳон,

Чу себу туту биҳии шаҳдбори Ҳисор.

Муҳаббату саломи гарми маро бирасон

Ба халқи сарбаланди меҳнатшиори Ҳисор.

 

Қалъа

Қалъае бас фусурдаву куҳна

Дорад андар ниҳоди худ асрор,

Як замон сарфароз буд аммо

Шуд сарафканда дар буни девор.

Эй басо бо ғурури хашминаш

Рафта овозааш ба баҳру бар,

Бим афканда дар дили душман,

Ку дигар он замона, ку дигар?

Гашта аз хашми боду боронҳо

Бас харобу наҳифу афсурда,

Вақт бо зарбаҳои мардафкан

Аз вуҷудаш тавони ӯ бурда.

Тиркашҳо ба зер афтода

Хишт бар хишту санг бар сангаш,

Аз фарангиву чингизии давр

Хок гардида тоҷу аврангаш.

Гуфтаанд, ин ки дар фалон мавзеъ

Қалъае буда аз Фаросиёб,

Чор ҷӯ буда андар он ҷорӣ -

Аз маю ангубину ширу об.

Лек аз он намонда осоре,

Ҷуз ҳамоне ки Канг буд номаш,

Гарчи буда биҳишти ин дунё

Гашта хоки замин ба фарҷомаш.

В-он якеро ҳазорсолаи зиёд

Баски бар коми нобудӣ ҳишташ,

Ба ҷуз аз ном як нишонаш нест,

Дар назар нест балки як хишташ.

Бар ҳисори Ҳисор мебинам,

Қуллае бо манораи хокӣ,

Гарчи  хок аст бурҷу девораш,

Лек дорад шукуҳи афлокӣ.

Монда боқӣ ба ҳастии нармаш

Пеши зарби замонаҳо чандин,

Нест бимаш зи гардиши айём,

Хоксорист - дорадаш эмин.

Бигзарад рӯзгори аз ин баъд

Эй басо кохҳо фурӯ резад.

Бораву қасру манораву гунбад -

Вақт то хоки ҷумларо безад.

Бегазанд аст то абад аммо

Бораи «Шоҳнома»-и шоҳӣ -

Калъаи худшиносии миллат, 

Худшиносониву худогоҳӣ.

Бегазандаст руҳи Кай Хусрав

Ному нанги Гударзи олишон,

Монад андар замона ҷовидон.

Қалъаи руҳи Рустами Дастон.

Пас аз ин кохи нанг бояд сохт

Ҳамчу Испитамону Деваштиз,

Ҳамчу Сомонии Бухороӣ,

Мисли руҳи Имоми Аъзам низ…

Амни миллат гар орзу дорӣ,

Рушди ин сарзамин чу мехоҳӣ,

Кох бояд зи худшиносӣ сохт

Қалъае низ аз худогоҳӣ.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi