19:59:46 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷилди чаҳоруми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба нашр тавсия шуд

1_akademiya-555445.jpg

Дирӯз, 6-уми октябр дар маҷлиси Шӯрои Назорати илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ бо ширкати донишмандони маъруфи мамлакат академикҳо, докторҳои фанҳои мухталифи Тоҷикистон муҳокимаи ҷилди чаҳоруми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, ки ба нашр омода гардидааст, баргузор гардид.

2_akademiya-555445.jpg

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, сармуҳаррири муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар суханронии худ дар бораи корҳое, ки дар иртибот бо ин асар кормандони Сарредаксия анҷом додаанд, маълумоти муфассал дод. Маҷлис қарор қабул кард, ки бо дар назардошти пешниҳоду дархостҳои дар ҷаласа ироашуда ба чопи ҷилди навбатии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик  иҷозат дода шавад. Ҷилди нахустини Энсиклопедияи Миллии Тоҷик соли 2011 ба нашр расида буд, ки он истилоҳотеро дар бар мегирад, ки ҳама бо ҳарфи “А” шурӯъ мешаванд. Ҷилди дуввум (ҳарфҳои “А” ва “Б”) соли 2013, ҷилди сеюм (ҳарфҳои “Б” ва “В”) соли 2014 аз чоп баромадааст. Инак  ҷилди чаҳорум ЭМТ истилоҳотеро дарбар мегирад, ки  бо ҳарфҳои  “В” ва “Г” шурӯъ мешаванд ва қарор аст то охири сол ба дасти хонанда бирасад.

3_akademiya-555445.jpg

Дар баробари таълиф кардани Энсиклопедияи Миллии Тоҷик кормандони ин муассиса ба таҳияи дигар китобҳои илмӣ-оммавӣ ва фаҳангӣ низ машғуланд. Дар Намоишгоҳи панҷуми байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки имсол баргузор гардид, ду китоби дар соли 2015 таҳия намудаи ин муассиса: “Шинохт ва ёдгирӣғолиби озмуни “Беҳтарин китоби бачагона” ва “Таъриху-р-русули ва-л- мулук”-и Табарӣдар озмуни “Беҳтарин китоби илмӣғолиб дониста шуданд.

“Шинохт ва ёдгорӣ” иборат аз панҷ китобчаи ранга аст, ки ҳар кадом бо чаҳор забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ дар мавзӯъҳои алифбо, рангҳо, ҳайвонот, ададҳо, шаклҳо навишта шуда, бо расмҳои хеле ҷолиб музайян гардидаанд. Ҳар кадом китобча ба ҳамроҳаш диске дорад, ки беҳтарин ровиён бо чаҳор забони мазкур он китобҳоро хондаанд. Китобчаҳо барои кӯдакони аз 3-сола боло муайян шудаанд. Ҳадафи ин китобҳо аз бедор кардани завқи кӯдак ба ёдгирӣ ва иҷро ба воситаи машқҳои шавқовари омӯзишӣ, парвариши қобилияти кӯдак барои хондану навиштан иборат аст.

4_akademiya-555445.jpg

“Таъриху-р-русули ва-л- мулук” (маъруф бо номи “Таърихи Табарӣ”) асари 16-ҷилдаи донишманди маъруфи форс-тоҷик Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (850-923) буда, онро Абулқосими Поянда тарҷума кардааст. Ин асари шонздаҳҷилда солҳои 2014-2015 аз сӯйи нашриёти “Эр-Граф” дар ҳашт китоб бо теъдоди ҳазор нусха ба табъ расидааст. Китоб ҳаводиси оламро аз “ибтидои офариниш” то соли 915-милодӣ дар бар мегирад. Дар он тамоми манобеи таърихии ба муаллиф дастрас, ки мутааллиқ ба миллатҳову мардумони гуногун будаанд, сарфи назар аз мухталифии мазоҳибу эътиқодоташон истифода шудаанд.

Кормандони ин муассисаи илмӣ азм доранд, ки то охири соли ҷорӣ аввалин ду ҷилд китоби  бисёрҷилдаи “Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик”-ро ки ба зоти худ дар донишноманависии минтақа бесобиқа будааст, ба табъ бирасонанд.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi