01:57:48 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Моҷарои мӯйсафеди куҳистонӣ

Нуруллоҳ Абдуллоҳ, Ҳунарманди Мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, драматург, коргардони кино ва театр имрӯзҳо дар дараи хушманзараи Лучоб ба ҳайси муаллифи филмнома, мушовири коргардон ва ҳунарпеша бо як гуруҳе аз ҳампешагон ва дӯстонаш ба наворбардории филми ҳунарие таҳти унвони шартии “Моҷарои  мӯйсафед” машғул аст.

nurullo-abdullo_54784512.jpgКоргардонии филмро фарзанди ӯ, Неъмат Абдуллоев, хатмкардаи Институти Давлатии Умумируссиягии Киноматография дар шаҳри Маскав ба уҳда дорад. Алоқамандони филмҳои ҳунарии тоҷик шояд бо филмҳои таҳиянамудаи Неъматҷон  “Тангемча ва телефон” ва “Хазонрези баҳорӣ” шинос бошанд. Филми “Моҷарои мӯйсафед” дар асоси намоишномаи “Афсонаҳои мӯйсафед”-и Нуруллоҳ Абдуллоев, ки солҳост дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоиш дода мешавад, рӯйи навор меояд. 

Дар суҳбат бо хабарнигори “Рӯзгор” Нуруллоҳ Абдуллоев дар бораи сюжети филм аз ҷумла чунин гуфт: “Филм зиндагиномаи мӯйсафедест, ки яке аз фарзандонаш ноқобил баромада баъди мусофирати дуру дароз, ба диёр баргаштааст, вале... чун қотил. Ӯро полисон, интерпол ва милиса меҷӯянд. Мӯйсафед пас аз андешаҳои гарон, ки оқибат ӯро бо марг рӯ ба рӯ мекунанд, ба он мерасад, ки шояд ба қотил гаштани писар худи ӯ ҳам сабабгор бошад.

Инчунин дар филм қисмати чор дӯст: Абдулло - човандози ҳисорӣ, Имматпаҳлавони ванҷӣ, Асад - даҳмардаи варзобӣ, ки ҳам санъати гӯштингирию ҳам асптозӣ дорад ва Ҳимматулло аз Вахш, ки марди дастурхондору ҳимматбаланд аст, чун хати сурх мегузарад. Филм омехтаи «филмхои моҷароист» (вестерн ва триллер) ва Худо хоҳад хеле тамошобоб хоҳад буд”. 

Дар филм нақшҳои асосиро худи Нуруллоҳи Абдуллоҳ (нақши мӯйсафед), Ҳунарпешаи Мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева (нақши модар), ҳунарпешаи маъруф Фатҳулло Абдуллоев ва дигарон офаридаанд.

Филм бо маблағи ҶДММ Студия “Кинонур НМ” таҳия шуда истодааст. Агарчи хазинаи филм 350 000 сомонӣ муайян шуда бошад ҳам, вале дар таъмин ин хазина ҳам мо, таҳиякунандагони филм, душвориҳо мекашем, мегӯяд Нуруллоҳ Абдуллоҳ. Аз ин рӯ аз фурсат истифода бурда тавассути сомонаи Шумо ба онҳое, ки хоҳиш ва имкони ба мо кӯмак карданро доранд, муроҷиат карда мегӯем:

Имрӯз мо ба дастгирии андаки шумо ниёз дорем. Зеро ҳудуди наворбардорӣ хеле калон аст (Ҳисор, Варзоб, Вахш, Дарвоз, Ванҷ) ва ҳар ёрию хайре, ки аз дӯстон ва хайрхоҳон ба суратҳисоби зерин ворид мешавад, сабаби пешравии кори филм ва миннатдории гурӯҳи эҷодӣ хоҳад шуд. 
Бародари гиромӣ, саҳмгузорӣ ба филм, бо мадади Худо, номбардори шумо ва мардуми мо гашта метавонад.
Бо пули сомони
ҶДММ Студия «Кинонур НМ»
с/ҳ 2020 2972 700007877000 
БИК 350101626 ҳ/корисп 20402972316264 
ИНН 020045770
Бонк филиали №77 БДА ЧТ «Амонатбонк» дар н. И.Сомонӣ

Инвалюта (доллар)
DEUTSCHE BANK TRUSTCOMPANY
AMERIKANEW YORK, NYUS
SWIFT: BKTRUS33
ЗАО АКБ «НОВИНКОМБАНК»
г. Москва
SWIFT: CNOVRUMM 
STATE SAVINGS BANK OF 
TAJIKISTAN “AMONATBONK”
DUSHANBE, TAJIKISTAN
SWIFT: ASSETJ22
сч - № 30111840700000000019
сч: 2020684070000017770000

Бо эҳтироми бепоён: Нурулло Абдулло, ҳунарпешаи халқии Ҷумхурии Тоҷикистон, драматург, коргардони кино ва театр. Телефонҳо барои тамос 93 776 88 22; 907 82 34 74

Хабарнигори “Рӯзгор” аз ҷараёни филмбардорӣ дар мавзеи Лучоб чанд лаҳзаеро аккосӣ кардааст, ки ҳамакнун хидмати Шумо муштариёни гиромӣ арза медорем.

“Рӯзгор”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi