02:57:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

СИТОРАҲОИ ҲУНАРИ ФОРСИЗАБОН ДАР ДУШАНБЕ

Шоми 5-уми декабр дар саҳнаи Кохи Борбади шаҳри Душанбе якбора чаҳор овозхони мусиқии попи тоҷикиву афғониву эрониву ӯзбакӣ дар барномаи ҳунарии таҳти унвони “Мусиқии бидуни марз” ҳунарнамоӣ карданд. 

Бар тибқи огаҳии қаблӣ қарор буд дар консерт овозхонҳо Афшин, Фирӯза Ҳафизова ва Севинч Мӯъминова оҳангҳои беҳтарини худро намоиш диҳанд, вале тавре хабарнигори Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа аз дохили консерт гузориш дод, ташаббускорон – ширкатҳои “Ориён-Медиа” ва “Қиём интертейнмент” ба таври ғайримунтазира ҳамчунин овозхони афғон Ҷовид Каримиро барои ширкат дар ин барнома даъват карданд. Ӯ се таронаи худро тақдими ҳаводорони тоҷикистониаш кард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар Душанбе дар як саҳнаи ҳунарӣ якбора намояндаҳои ин чаҳор кишвар гирдиҳам меоянд. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, толори консертии Борбад, ки тавони гунҷоиши ҳудудан се ҳазор тамошобинро дорад, пур аз ҳаводорон буд ва бархе маҷбур буданд ҳунарнамоии овозхонҳои маҳбуби худро рост истода тамошо кунанд.

 

“Бархе тамошобинон шикоят мекарданд, ки ҳарчанд барои харидории билети консерт аз 100 то 200 сомонӣ маблағ пардохт карданд, вале курсии онҳо ба дигарон бо билетҳои “қочоқӣ” фурӯхта шуда буд”, гуфт Шаҳлои Гулхоҷа.

 

Ҳунарнамоии Афшин, овозхони эрониасли ғарбӣ, ки дар миёни ҳаводорони поп хеле маъруф аст, дар Тоҷикистон барои нахустин бор сурат мегирад. Севинч Мӯъминова, ҳунарманди ӯзбакистонӣ, ки барои ҳаводорони тоҷикаш солҳои зиёд тавассути оҳангу суруд ва ҳамчунин нақшҳои ҳунариаш дар синамои имрӯзаи Ӯзбакистон хуб ошност, аз ин пеш дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда буд. Фирӯза Ҳафизоваро мусиқишиносон ситораи нави саҳнаи попи тоҷик мегӯянд, ки бо оҳангҳои “Каҷакабрӯ” ва “Бачаи нодоне” ба дили мухлисонаш роҳ ёфтааст. 

Хиромон Бақозода, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi