15:10:40 15-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ёде аз Аброр Зоҳир

АброрЗоҳир: «Хонандаиимрӯзроҳатто «РобинзонКрузо» бахудҷалбнамекунад»…

Аз вафоти нависандаи маъруфи кишвар Аброри Зоҳир муддати зиёде сипарӣ нашудааст. Вале камбуди ин нависандаи сермаҳсул, адами ӯ махсусан дар матбуоти даврӣ, ки бо он ҳамкории зич дошт, бараъло эҳсос мешавад. Ҳафтаномаи адабӣ-фарҳангии «Рӯзгор» дар тӯли фаъолияти на чандон тӯлонии худ бо Аброри Зоҳир мусоҳибае доир карда буд, ки ба хотири шод кардани равони ин марди шариф онро пешкаши муштариёни сомонаи «Рӯзгор» мекунем. Илоҳо хонаи охираташ ободу руҳаш аз мо шод бодо!

abrori-zohir-8954542121.jpgАброр Зоҳир соли 1965-ум дар шаҳри Сарбанд ба дунё омада, соли 1972-юм мактаби миёна ва соли 1987-ум факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияташро дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва фарҳанги ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», сармуҳаррири ҳафтавори «Ҷаҳони паём», Директори Телевизиони Тоҷикистон, Директори киностудияи «Тоҷикфилм», сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳоло вазифаи директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»- и Душанберо ба уҳда дорад.

Аз сермаҳсултарин нависандагони муосири тоҷик маҳсуб меёбад. Давоми бист соли ахир ҳудуди чил асараш мунташир шудааст.

Хабарнигори «Рӯзгор» Шаҳриёр бо Аброри Зоҳир дар мавриди фаъолияти эҷодияш ва дар маҷмуъ перомуни вазъи имрӯзи насри тоҷик суҳбате анҷом дод, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Устод, дар мавриди вазъи адабиёт, махсусан наср дар кишвар чӣ андеша доред?

-Адабиёти имрӯзи мо сифатан пешрав аст. Махсусан ҳавзаи адабии Хуҷанд дар ин чанд соли охир қаламкашони тозагуфторро рӯйи кор овардааст. Агар дар замони Шӯравӣ дар ин минтақа Раҳим Ҷалил гули сари сабад буду бо «Шӯроб» ва «Одамони ҷовид» номаш вирди забонҳо, имрӯз Аҳмадҷони Раҳматзод, Фарзона, Адибаи Хуҷандӣ, Нарзуллои Азиз, Сурӯш, Нуралии Нурзод бори адабиётро бар дӯш доранд. Дар ҳавзаи адабии Хатлон Ҳақназар Ғоиб, Озару Рустами Хомарахш тозагӯи доранд. Албатта дигарон ҳам ҳастанд. Дар Душанбе ҷамъомадани адибон аз минтақаҳо мушоҳида мешавад. Мо ба ин хотир маҷаллаи адабӣ-бадеиеро бо номи «Душанбе» таъсис додем, ки ҳам осори эшонро ба табъ расонем, ҳам дар назди ин маҷалла маркази адабиеро ба вуҷуд оварем, чун дар пойтахт шуъбаи Иттифоқи нависандагон амал намекунад. Дар ҳоле ки имрӯз дар пойтахт беш аз ҳафтод дарсади адибон кору фаъолият доранд. Боз як нуктаи дигар ҳаст, ки адибони пойтахт ҳам ҳанӯз ба таври бояду шояд дар кишвар муаррифӣ нашудаанд. Чун теъдоди осоре, ки аз онҳо мунташир мешавад, аз 1000 нусха бештар набуда, ҳамин миқдори ками китобҳо ҳам солҳо дар анборҳои нашриётҳо хобанд.

- Чӣ боис шуда, ки мо хонандаи адабиётамонро аз даст додаем?

-Албатта, ин нигаронкунанда аст. Аҳолии Тоҷикистон ба ҳашт миллион нафар расида, аммо мо адибон аққалан ҳазор нафар хонанда надорем. Ҳатто муаллимони забону адабиёт китоби бадеӣ намехонанд. Дар ҷумҳурӣ агар се ҳазор мактаб вуҷуд дошта бошад, пас се ҳазор китобхонаи наздимактабӣ ҳаст, аммо ин китобхонаҳо китобҳои ба тозагӣ нашршудаи адибонро харидорӣ намекунад. Бедор кардани завқи адабиётдӯстии наврасон аз мактаб оғоз меёбад, аз ин рӯ муаллими мактаби миёнаро зарур аст, ки ҳар соли хониш аққалан аз хонанда мутолиаи ду ё се китоби бадеиро талаб кунад. Хонанда чун ду се китобро хонд, дигар касе пеши роҳи ӯро гирифта наметавонад. Худаш китоби мақбулашро пайдо мекунад ва китобхонӣ шуғли дӯстдоштааш мешавад. Вазъи адабиёт аз хонанда ҳам вобаста аст. Агар хонанда надорем, ба назму  наср баҳои куллӣ дода наметавонем. Имрӯз носирони тоҷик анъанаҳои навсандагони даврони шӯравиро идома медиҳанд. Навгӯӣ дар эҷодиёти қаламкашони имрӯз эҳсос мешавад, аммо онро танҳо як гуруҳи одамон эҳсос мекунанд, ки дастраси онҳост. Асарро адиб барои рафи китоб наменависад, мо бояд хонандаи худро дубора пайдо кунем.

-Оё имрӯз дар насри мо ҳастанд асарҳое, ки муаррифгари адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ шуда тавонанд?

-Ҳастанд, агар муқоиса кунем ба он асарҳое ки ба забони русӣ тарҷума шудаанду ба мо дастрас мешаванд ва мо онҳоро мехонем. Адабиёти моро мебояд муаррифӣ кард ва ин кори Иттифоқи нависандагон аст, ки бояд асарҳои арзандаро муайян ва онҳоро ба тарҷума тавсия намояд. Асарҳои моро ҳатто ҳамзабононамон хеле кам нашр мекунанд. Романи «Душанбе»-и маро, ки нашриёти «Адиб» соли 2008 ба нашр расонида буд, Томас Лой аз Донишгоҳи Гумболд ба олмонӣ тарҷума намуд. Дар ин бора худи ӯ ҳангоми сафараш ба Душанбе ба ман хабар дод, аммо аз чӣ бошад, ки то ҳол ин китобро ба забони олмонӣ надидем. Ин тарҷумони олмонӣ ҳангоми рафтан китобҳои Баҳманёрро бо худ бурд, то ба забони олмонӣ тарҷума кунад. Яъне, ба ҳар сурат дар адабиёти мо ҳастанд асарҳое, ки метавонанд дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шаванд, танҳо онҳоро муаррифӣ ва таблиғ бояд кард.

-Устод Аброр Зоҳир барои чӣ менависад? Кай навиштанро шуруъ карда ва аввалин устодонаш киҳо будаанд?

-Навиштанро ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна оғоз карда будам ва ягон-ягон ҳикояҳоямро дар рӯзномаҳо чоп мекардам. Давраи донишҷӯӣ низ ба навиштан машғул будам, аммо навиштаҳоямро чоп намекардам. Танҳо ибтидои солҳои навадум онҳоро ба устод Раҳмон Остон додам, ки мутолиа карда, фикрҳояшонро гӯянд. Баъдтар бо Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар як идора кор мекардему бо коргоҳи эҷодияш ошноӣ доштам ва ӯ низ маслиҳатҳоям медод. Устодон Сорбон, Абдулҳамиди Самад, Ҷонибек Акобир нахустин навиштаҳоямро хонда, тавсияи чоп дода буданд.

-Гоҳ-гоҳе ба забони осори Шумо эрод гирифта мешавад. Ин эродҳоро оё мепазиред ва умуман муносибати Шумо ба нақди навиштаҳоятон чӣ гуна аст?

-Забонро меъёри асари адабӣ медонанд ва ин чизро зуд-зуд дар Иттифоқи нависандагон мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки ин хуб аст. Ва ҳар гоҳ аз навиштаҳои ман ҷузъиётеро дарёфт карда, байрақ месозанд, ки ман то куҷо воқеият доштан ва ё надоштани онҳоро медонам. Аз ин рӯ агар нақд муғризона набошаду бо мақсади нек, минбаъд кӯшиш мекунам, ки он камбудиҳоро дар навиштаҳоям роҳ надиҳам. Аммо агар ғараз аз рӯи бухл сиёҳ кардан аст, ба рӯяшон мекашам бухлашонро. Дар маҳфиле аз навиштаҳои ман, ки қабл аз қабули имлои нави забони тоҷикӣ чоп шудааст, ғалатҳои фаннӣ ёфтаанд. Набояд аз ин ҷузъиёт ёдовар мешуданд. Чун саҳмгузорони ин қазияро медонистам, сари эҳсос гуфтам, ки «бас кунед корҳои ташкилиатонро». Аммо мутасаддиён ҷавоб доданд, ки мо ин ҷавонро зора кардем, ки дар ин мавзуъ баромад кунад. Акнун худатон қазоват кунед.

-Ба фикри Шумо забони насри мо бояд чӣ гуна бошад?

-Ҳар як нависанда аз рӯйи фаҳму диду назари хеш қалам меронад. Забони ҳар адиб хоси худи ӯст. Яке услубгароӣ мекунад, дигареро меъёр насри мусаҷҷаъ аст, сеюмӣ ба воқеанигорӣ иктифо мекунад, чорумӣ чун косиб рӯйи ҳар ҷумла ҳунармандона кор мекунад, ки мо намунаи инро дар осори Куҳзод, Абдулҳамид Самад ва Ҷонибек Акобир мушоҳида мекунем. Нависандаҳои стилисти мо Баҳманёру Юнус Юсуфӣ бо забони хоси худ қаламронӣ мекунанд. Ман дар навиштаҳоям забони зиндаро, ки фаҳмо асту сабук, ба кор мебарам, то як хонандаи одӣ ҳам аз он суд бардошта бошад. Кадом меъёрро адиб дар баёни афокраш истифода мебарад, кори шахсии ӯст.

-Аз рӯйи бисёре аз қиссаву ҳикояҳои Шумо мисли «Муҷассамаи ишқ», «Беназир», «Хокпайванд», «Подош» ва ғайра синамогарони мо филм бардоштаанд. Сабаби таваҷҷуҳи зиёди коргардонҳоро ба осоратон дар чӣ мебинед? Шояд аз оне ки сужаҳои ҷолиб доранд ё…

- Қаблан тамошои филмро дӯст медоштам, аммо ҳоло не. Зеро фазои холии моро филмҳои бегона пур кардаву аксари онҳо хусусияти тарғиботӣ доранд. Масалан дар аксар филмҳои ҳиндӣ манзараеро намебинем, ки воқеан ба ҳаёти иҷтимоъ дахл карда бошад. Филмҳои ғарбӣ ба ҳама маълум, ки хусусияти зӯроварӣ доранд. Ман ҷонибдори онам, ки филм воқеӣ офарида шавад ва инъикосгари рӯзгоре бошад, ки дар он ба сар мебарем. Ман ҳамин чизро ба коргардонҳо тавсия медиҳам. Дар «Муҷассамаи ишқ», «Подош», «Моҷарои хурд дар шаҳри калон», «Хокпайванд», «Чарх», «Беназир» маҳз ба ҳамин паҳлӯи зиндагӣ дахл кардаам. Як чизи дигарро бояд гӯям, ки коргардонҳои зиёд ба ман муроҷиат кардаанд ва баъди гирифтани филмнома ғайб задаанд. Шояд сабабаш дар он бошад, ки барои рӯйи навор овардан маблағ наёфтаанд.

-Ҳамаи он филмҳое, ки коргардонҳои тоҷик бар асоси навиштаҳои Шумо рӯйи навор овардаанд, Шуморо ҳамчун муаллифи асар қонеъ мекунанд ё мавриде ҳам буда, ки аз филме изҳори норозигӣ карда бошед?

- Норозӣ мешудам, вале боз худро тасалло медодам, ки бигзор чунин бошад, зеро аз рӯйи як сенария якчанд коргардон мувофиқ ба диди худ метавонад филм бардорад. Филм моли коргардон аст, чун сенарияро ӯ зинда мекунад, ҳаракат медиҳад ва ё иловатан ҷузъиёте илова месозад.

Баъзе коргардонҳо бо дохил кардани як ҷузъиёт аз ман напурсида, худро ҳаммуаллиф нишон медиҳанд, ба ҳосили зеҳни ман даст дароз мекунанд. Чунин воқеаҳо боиси бигӯ-магуҳое ҳам шуда буд, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳоро ба суд надодаам. Ҳатто баъзеяшон як ҳарфи «у»-ро «ӯ» карда, худро на муҳаррир, балки ҳаммуаллиф меҳисобанд.

-Нависандаи маъруфи мо устод Саттор Турсун дар як суҳбате дар рӯзномаи «Рӯзгор» гуфта буд, ки агар як романи хуб навиштан хоҳед, бояд ҳеҷ набошад, панҷ сол нависед. Аммо дар ин чанд соли ахир Шумо чандин роман мунташир кардед? Ин гунна сермаҳсулиро чӣ гуна таъбир мекунед? Ва дар як рӯз умуман чанд соат менависед?

-Ба ҳисоб кардан меарзад, аммо муҳим ин аст, ки хонанда чӣ гуна қабул мекунад. Боре дар як ҷаласа ба ман шунавонида мегуфтанд, ки «бояд аввал ҳикоя, баъд повест, сипас роман навишт». Як адиби дигар тавсия дод, ки роман бояд баъд аз панҷоҳсолагӣ эҷод шавад. Ман ҳаргиз ба хотири ба ҳайрат гузоштани дигарон бисёр наменависам. Дар муқоиса ба адибони ғарб бисёрнавис ҳам нестам. Ҳамагӣ ду соат субҳ кори эҷодӣ мекунаму халос. Боқӣ ба корҳои идорӣ машғул ҳастам. Мавзуъҳои зиёде дар мағзам меҷӯшад ва фурсат надорам, ки ҳамаи онҳоро рӯйи коғаз бирезам. Агар имрӯз нависанда бо ҳаққи қалам ва маблағи фурӯши китобаш рӯз бурда метавонист, ман ҳам дар ҷое кор намекардам. Мутаасифона, воқеият дигар аст ва чун хонанда надорем, бозори китоб ҳам гарм нест.

- Имрӯз бояд дар кадом мавзуъ ва чӣ гуна асар навишт, ки хонандаро ба адабиёт ҷалб намояд?

-Мавзуъҳои муҳим зиёд аст, нависандаро танҳо зарур аст, ки онҳоро рӯи коғаз оварад. Хонандаи имрӯзро ҳатто «Робинзон Крузо» ба худ ҷалб намекунад. Зеро мутолиа зеҳнро тақозо дорад. Ба ҳар сурат мардуми мо имрӯз тадриҷан ба зеҳнгароӣ мегараванд. Муҳим он аст, ки фазои мавҷударо холӣ нагузорем. «Марги судхӯр», «Духтари оташ», «Восеъ», «Шӯроб», «Вафо» ва «Дар он дунё» дар мавзуъоти гуногун навишта шудаанд ва мо онҳоро бо шавқ мехондему мехонем. Ин асарҳо баъди садсолаҳо ҳам хонандаи худро хоҳанд ёфт. Мо низ бояд чунин нависем.

-Сипос бар суҳбати самимӣ.

Суҳбати Шаҳриёр, «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi