14:16:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сессияи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80 – солагии зодрӯзи академик Хуршед Ҳилолович Каримов

Дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сессияи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80 – солагии зодрӯзи доктори илмҳои биологӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, академики АИ ҶТ ХуршедҲилолович Каримов баргузор гардид.

1_akademiya-54784545.jpg

Ҷамъомадро ба ин муносибат ноиби президенти АИ ҶТ, академик Муҳиба Яқубова ифтитоҳ бахшид. Сипас узви вобастаи АИ ҶТ Ҳомидҷон Абдуллоев дар мавзӯи “Ҳаёт ва фаъолияти илмию ташкилии академик Хуршед Ҳилолович Каримов” маъруза намуд.

Хуршед Ҳилолович Каримов чун олими шинохта ва намоёни соҳаи илми биологӣ, роҳбар ва ташкилотчии моҳиру оқил дар тӯли умри пурфайзу бобаракаташон тавонистанд, ки бо хиради воло дар соҳаи илмҳои биологӣ, алалхусус, физиология ва биохимияи растаниҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд.

Хуршед Ҳилолович Каримов 10 – уми декабри соли 1935 дар оилаи зиёӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд таваллуд шудааст. Падари номбурда муаллифи китоби “Алифбо” - Ҳилол Каримов мебошад, ки зиёда аз 50 сол мардуми тоҷик ҳарфу ҳиҷоҳоро аз бар намуда соҳибсавод гаштаанд.

Хуршед Ҳилолович Каримов соли 1953 баъд аз хатми мактаби миёна ба факултети биология ва хокшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов дохил шуда, онро соли 1958 бомувваффақият хатм карда аст. Худи ҳамон сол аз рӯи ихтисоси “Физиологияи растанӣ” ба аспирантура дохил шуда, таҳти роҳбарии олими фитофизиолог ва биохимики варзидаи шӯравӣ, профессор А.А.Прокофев соли 1962 дар мавзӯи “Оромии тобистонаи растаниҳо” рисолаи номзадиро дифоъ намудаанд.

2_akademiya-54784545.jpg

Хуршед Ҳилолович Каримов соли 1974 дар мавзӯи “Рушду нумӯи зимистона ва оромии тобистонаи растаниҳо дар минтақаҳои хушки Тоҷикистон” рисолаи докториро дифоъ карда, соли 1981 узви вобастаи АИ ҶТ, соли 1985 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб гардида, соли 1989 ба унвони профессор сазовор гардидааст. Академик Хуршед Ҳилолович Каримов солҳои 1987 – 2014 ҳамчун раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ихтисоси физиология ва биохимияи растаниҳо фаъолият намуда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи биология саҳми босазо гузоштааст.

Хуршед Ҳилолович Каримов ҳамчун олими шинохта, на танҳо дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ, инчунин, дар чандин симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Олмон (1977), Австрия (1990 – 1991), Эрон (1994 – 2001), Украина (1995), Қазоқистон (1996), Туркия (2002), Исроил (2002), Россия (2002), Мексика (2003) ва ғайраҳо ширкат варзида, дастовардҳои илми биологияи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Заҳматҳои шоёни Хуршед Ҳилолович Каримов аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо медалу орденҳо ва ифтихорномаю раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуда аст. Академики шинохта Хуршед Ҳилолович Каримов муаллифи зиёда аз 430 мақолаи илмӣ, 8 монография аст. Таҳти роҳбарии Хуршед Ҳилолович Каримов 12 нафар рисолаҳои илмӣдифоъ гардидааст.   

3_akademiya-54784545.jpg

Дар анҷоми ҷамъомад ҳамкорон, дӯстон,ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандони шодравон аз рӯзгори ибратомӯзи фидоии роҳи илм, мутахассиси шинохтаи соҳаи физиология ва биохимияи рустаниҳо академик Хуршед Ҳилолович Каримов хотироти худро иброз доштанд.

Иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳод карданд, ки барои абади нигоҳ доштани хотираи академик Хуршед Ҳилолович Каримов утоқи кории ин олим дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ таъсис дода шавад ва ҳамзамон маҷмӯаи дастаҷамъӣ саршор аз хотироти шогирдон, хамкорон ва пайвандону ҳамкасбони устод таҳия ва интишор гардад.

Дар ин бора хабарнигори хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин баwww.ruzgor.tj хабар дод.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi