07:36:48 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сессияи илмӣ бахшида ба 100 – солагии зодрӯзи узви вобастаи АИ ҶТ Носирҷон Маъсумӣ

Дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сессияи илмӣ бахшида ба 100 – солагии зодрӯзи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханшинос ва донишманди фарзонаи тоҷикНосирҷон Маъсумӣ дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ ва саҳми ӯ дар рушду такомули филологияи тоҷик” баргузор гардид.Дар ин бора хабарнигори хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин ба www.ruzgor.tj хабар дод.

nosirjon-masumi_5478154.jpgҶамъомадро ба ин муносибат ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ бахшид. Сипас номбурда дар мавзӯи“Носирҷон Маъсумӣ муҳаққиқи проблемаи ташаккули ҷаҳонбинии нав дар адабиёти тоҷики давраи шӯравӣ”, доктори илмҳои филологияСахидод Раҳматуллозода дар мавзӯи “Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ва ҷамоатчигии Носирҷон Маъсумӣ”, академик Хуршеда Отахонова дар мавзӯи “Саҳми устод Носирҷон Маъсумӣ дар таъсиси бойгонии адибон ва матншиносии адабиёти муосири тоҷик”, профессор Ғаффор Ҷӯраев дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ ва мактаби услубшиносии тоҷик”, номзади илмҳои филологияДилшод Раҳимов дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ муаллифи аввалин китоби дарсӣ оид ба фолклор” ва “Симои Носирҷон Маъсумӣ аз нигоҳи ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандон” – А. Сайфуллоев, Ҷ. Азизқулов, В. Самад, М. Маҳмудов, У. Куҳзод, А. Бобоҷон ва дигарон дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ ва саҳми ӯ дар рушду такомули филологияи тоҷик” маъруза намуданд.

Носирҷон Маъсумӣ аз зумраи он донишмандоне мебошад, ки дар инкишофи илму адаб ва филологияи тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Соҳаҳои фаъолияти ӯ гуногун буда, ҳамчун омӯзгор, шоир, мунаққиди адабию адабиётшинос, забоншинос, фолклоршинос, луғатшинос, инчунин ташкилотчии моҳири корҳои илмию адабӣ ва ҷамъиятӣ шинохта шуда аст.

Носирҷон Маъсумӣ 2 – уми майи соли 1915 дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатии ин олими шинохта баъди хатми курси дусолаи муаллимии шаҳри Самарқанд (соли 1930) оғоз гардида аст.Ӯ аз синни 15 – солагиаш ҳамчун муаллими Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба фаъолият шуруъ намуда, то соли 1936 идома додааст. Сипас, факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи педагогии Душанберо соли 1940 хатмкардааст. Дар ҳамин Донишгоҳ солҳои зиёде ба сифати муаллим, мудири кафедраи забони точикӣ, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ноиби ректори Донишгоҳоид ба илмкоркардааст. Дар мактаби партиявии назди Кумитаи марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон низ аз адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.

Носирҷон Маъсумӣ соли 1954 дар мавзӯи “Забон ва услуби повести “Марги судхӯр” – иСадриддин Айнӣ” рисолаи илмӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илм гардидааст. Ӯ аз соли 1959 то соли 1971 директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳо ва аз соли 1971 то охири умраш (соли 1974) академик – котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятии Академияи фанҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, даррушду нумӯи илмҳои ҷамъиятӣ, махсусан илмҳои филологӣ, хизматҳои шоиста кардааст. Носирҷон Маъсумӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1966) буд. Се дафъа (даъватҳои 6, 7 ва 8) вакили шӯрои Олии Тоҷикистонинтихоб гардидааст.

Фаъолияти адабии Носирҷон Маъсумӣ бо эҷоди шеър шуруъ шудааст. Шеърҳо ва достонҳои ӯ ҳанӯз дар нимаи дуввуми солҳои сиюми қарни гузашта ба табъ расида, ба оммаи хонандагон ва аҳли илму адаб маълум гардидаанд.

Носирҷон Маъсумии шоир тадриҷан ба таҳқиқи илмии забон, адабиёт, фолклор танқиди адабӣ камар мебандад ва бо силсилаи мақолаҳояш оид ба забоншиносӣ ва китобҳояш “Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии точик” (1959), “Забон ва услуби Аҳмади Дониш” (1976) ба як соҳаи басо муҳими филологияи тоҷик услубшиносӣ асос гузоштааст. Китоби ӯ “Фолклори тоҷик” (1952) аввалин китоби дарсии ин соҳа барои мактабҳои олӣ мебошад.

Носирҷон Маъсумӣ таҳлилу таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва дигар шоирону нависандагон, масъалаҳои муҳими эҷодиёти бадеиро инкишоф дода, мавқеъ ва мақоми ин адибонро муайян намудааст. Дар бораи эҷодиёти шоирон Тилло Пулодӣ, Файзулло Ансорӣ, Ғаффор Мирзо низ мақолаҳо навишта, изҳори ақида кардааст. Ӯ аз муаллифони “Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик” мебошад, ки он дар соли 1957 нашр шудааст.

Дар эҷодиёти Носирҷон Маъсумӣ таҳқиқи мероси адабии намояндагони адабиёти асрҳои гузашта, хусусан, классикҳои адабиётамон мавқеи намоён дорад. Дар асарҳои ӯ “Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX” (1962), “Tyғpaл ва муҳити адабии ӯ” (1964), “Забон ва услуби Аҳмади Дониш” (1976) муҳимтарин хусусиятҳо ва равияҳои асосии адабиёти асрҳои XVIII ва XIX, ҷараёни зиндагӣ ва эҷодиёти адибони ин давраҳо ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.

Носирҷон Маъсумӣ, ки барҷастатарин устоди омӯзгорон ба шумор мерафт, дар таълифи китобҳои дарсӣ барои мактабу донишгоҳҳо, дастурҳои методӣ хизмати зиёде кардааст. Вай муаллифи китобҳои “Нишондодҳои методӣ ва супоришҳо аз забони модарӣ” (1949), “Фолклори тоҷик”(1952), яке аз муаллифони китобҳои дарсии “Забони адабии ҳозираи тоҷик” (1973), “Адабиёти советии тоҷик” (Барои синфи 10, бо ҳамқаламии X. Мирзозода ва Ю. Бобоев), “Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат (2005) мебошад, ки борҳо рӯи чопро дидааст. Яке аз беҳтарин китобҳои асри XX “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (иборат аз ду ҷилд) бо роҳбарӣ ва иштироки фаъолонаи Носирҷон Маъсумӣ ба табъ расидааст. Вай ҳамчунин мураттиб ва муҳаррири бисёр китобҳои ашъори шоирони тоҷик намунаҳои эҷодиёти лафзии мардум, маҷмуаҳои мақолаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ низ мебошад.

Симои Носирҷон Маъсумӣ дар дилу дидаи мардум ҳамчун шахси фозилу донишманд, адиб ва муҳаққиқи барҷаста якумр боқӣ мемонад.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi