03:41:38 03-уми Июни 2025 сол

Маҳфил ба ифтихори 70-солагии зодрӯзи Сафармуҳаммади Айюбӣ

Дар толори Хонаи адибони Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии зодрӯзи шоири маъруфи кишвар, драматург шодравон Сафармуҳаммади Айюбӣ маҳфили шеъру тарона баргузор гардид.

s.ayubi_45874451212.jpgРаиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, адиби маъруфи кишвар Абдураҳмон Абдуманнонов дар бораи аҳвол ва осори Сафармуҳаммади Аюбӣ ба ҳозирин қиссаҳои ҷолиб карданд.

Ҳунармандони Театри давлатии  академикӣ-драмавии  ба номи устод Лоҳутӣ порчаеро аз намоишномаи «Ориёӣ», ки муаллифи пиесаи он Сафармуҳаммади Айюбӣ мебошад, манзури тамошобинон намуданд.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов ваҲофизи халқии ҷумҳурӣ Файзалӣ Ҳасанов чанд таронаи бар ашъори Сафармуҳаммади Айюбӣ эҷоднамудаи худро  дар ин маҳфил пешкаши ҳаводорони мусиқӣ карданд.

Хабарнигори ҳафтаномаи «Рӯзгор» аз ин маҳфил чанд аксеро дар ин ҷо тақдими Шумо муштариёни гиромӣ мекунад.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854