15:12:00 15-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

8-уми январи соли 2016 Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷабборӣ, сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Давлатзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирбобоев, раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода, аъзоёни АИ ҶТ, директорон ва муовинони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, котибони илмӣ ва ходимони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

IMG_4409.jpg

Бино ба иттилои котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин, дар Маҷлиси умумии солона бо гузориш “Оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли 2016”президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуд.  

Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки фаъолияти Академияи илмҳо дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва 9 барномаи давлатии илмӣ-техникӣ, такмили сохтории муассисаҳои илмӣ, ҳамчунин ба беҳтар кардани ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҷустуҷӯ ва истифодаи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва равнақ додани робитаҳои илмии байналмилалӣ равона шуда буд.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 65 мавзӯи илмиву таҳқиқотии бунёдӣ ва 40 мавзӯи амалӣ таҳқиқот анҷом доданд.

Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот қариб 30 коркарди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Маблағгузории буҷетӣ барои фаъолияти АИ ҶТ дар соли 2015  38 002 110 сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми умумии маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки дар соли 2015 аз тарафи ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ва хориҷӣ ба намуди грантҳо барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, конференсияю семинарҳо, ҳамчунин барои иштироки кормандони АИ ҶТ дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ, таҳқиқоти муштарак, коромӯзӣ ва вохӯриҳои корӣ бо роҳбарони марказҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар ҷудо гардидаанд, 1136493 доллари амрикоӣ, 52500 евро ва 24000 сомониро  ташкил дод. Аз онҳо то 01 декабри соли 2015 ба муассисаҳои АИ ҶТ 419763 доллари амрикоӣ, 39073 евро ва 12000 сомонӣ ворид гардид, ки ин ҳамагӣ 3 262925 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар соли 2015 ҳаҷми умумии маблағҳои ғайрибуҷетӣ, маблағҳои илова ба буҷети АИ ҶТ бо таъйиноти мақсаднок ҷудогардида ва маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагидории муассисаҳои илмии АИ ҶТ бадастомада 6 773272 сомониро ташкил дод.

IMG_4522.jpg

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1475 корҳои илмӣ, аз ҷумла 133 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 1342 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 944 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 166 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 63 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расонида шуда, 14 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 2 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 3 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба сабти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуд.

Аз тарафи муассисаҳои АИ ҶТ 58 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 3 симпозиуми байналмилалӣ, 13 конференсияи байналмилалӣ, 27 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 15 семинар, тренинг ва чорабиниҳои дигари байналмилалию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд.

Дар соли 2015 дар 23 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 353 рисола, аз ҷумла 40 рисолаи докторӣ ва 313 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 5 шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 69 рисола, аз ҷумла 6 рисолаи докторӣ ва 63 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Аз шумораи дифоъкардагон 15 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар ин давра аз кормандони АИ ҶТ ҳамагӣ 23 рисола дифоъ карда шудааст, аз ҷумла 3 рисолаи докторӣ ва 20 рисолаи номзадӣ.

Дар соли 2015 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум байни Корпоратсияи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба сейсмология (Консорсиуми IRIS) ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи Федералии давлатии таҳсилоти олии касбӣ “Донишгоҳи давлатии ба номи Ф.М.Достоевский” (ш. Омск) ва  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд. Зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (ноябри соли 2015) Барномаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқотии илмӣ ва саноатии Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба “Истифодабарии растаниҳои таҳҷоӣ ва ғайритаҳҷоии давоӣ барои тайёр намудани доруҳои гиёҳӣ” ва Барномаи ҳамкорӣ оиди ҳамкории илмӣ байни Осорхонаи таърихи табиати Покистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ ба имзо расонида шуданд.  Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маъқул донистани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта омода шуда, дар расмиёти дохилидавлатӣ  қарор дорад.

IMG_4447.jpg

Олимони АИ ҶТ дар омодагӣ ва баргузор намудани Симпозиуми байналмилалии илмии “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ” бахшида ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Симпозиуми байналмилалии илмии “Нақши Ҳисор дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ” бахшида ба 3000-солагии Ҳисор, Симпозиуми 1-уми Тоҷикистону Ҷопон оид ба илм, технология ва инноватсия, Конференсияи илмӣ - амалии байналмилалии “Масъалаҳои нигоҳдории пиряхҳо дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим”, Конференсияи байналмилалии илмии “Проблемаҳои муосири таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ”, Конференсияи VI-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ”, Конференсияи илмии байналмилалии  “Ҷойгоҳи Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тоҷик” бахшида ба 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва ғайра фаъолона ширкат варзиданд.

Соли 2015 аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии астрономҳо сертификати як сайёраи хурд, ки қаблан барои саҳми арзандаи олимони соҳаи астрофизикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ, аз ҷумла астероидҳо ва метеоридҳо “Тоҷикистон” номгузорӣ шуда буд, дода шуд.

Академик Талбак Назаров, узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, ходими барҷастаи илм ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” дар бахши илм, фарҳанг ва маориф гардид. Академик Мирганд Шабозов, доктори илмҳои физикаю математика, аз тарафи нашриётиSpringer (Олмон) ва Маркази миллии иттилооти илмӣ-техникии Ҷумҳурии Қазоқистон барои чопи миқдори зиёдтарини мақолаҳои илмӣ дар соҳаи математика (бештар аз 40 мақола бо забони англисӣ) дар байни олимони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон бо Ҷоизаи байналмилалии “Top Springer author-2015” сарфароз  гардонида шуд. Академик Мамадшо Илолов бо медали ҷашни “80-солагии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ” барои саҳм дар рушди ин донишгоҳ қадрдонӣ карда шуд. Узви вобастаи АИ ҶТ Файзиев Абдулҳақ Раҷабович узви фахрии Ҷамъияти минерологҳои Россия интихоб гардид.

Доктори илми химия, академики АИ ҶТ Ғаниев Изатулло Наврӯзович соҳиби Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.У.Умаров дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Тошпулод Гулмуродов соҳиби Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Е.Н.Павловский дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ ва доктори илми ҳуқуқ, сарходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ  Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир соҳиби Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи  М.С. Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ гардиданд.

Сарходими илмии лабораторияи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ А.Ҳ.Қодировбо медали тиллоии Ташкилоти байналмилалии моликияти зеҳнӣ (ТБМЗ-ВОИС) мукофотонида шуд. Номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии лабораторияи масолеҳҳои зиддикоррозионии Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ З.Р.Обидовсоҳиби Ҷоизаи байналмилалии озмуни “Олими беҳтарини Евразия” гардид.

Бештар аз 50 нафар кормандони АИ ҶТ бо “Ифтихорномаи АИ ҶТ” сарфароз гардонида шуданд.

IMG_4601.jpg

Дар давраи ҳисоботӣ 3 Маҷлиси умумии АИ ҶТ, 3 ҷаласаи васеи Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 ҷаласаи Раёсати АИ ҶТ доир шуд, ки дар онҳо 125 қарор ва 440 амри мансуб ба фаъолияти АИ ҶТ қабул гардиданд. Қарори Маҷлиси умумии солонаи АИ ҶТ, ки 9 январи 2015 қабул гардида буд, асосан ба иҷро расид.

Дар айни замон Маҷлиси умумӣ қайд мекунад, ки муассисаҳои илмии АИ ҶТ монанди солҳои пешин ба душвориҳо дучор гардиданд, ки асосан ба кам будани маоши кормандон, норасоии маблағ барои харидани лавозимоти зарурии илмӣ, таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи химиявӣ, китобу маҷаллаҳои илмӣ, ташкили сафарҳои илмӣ ва ғайра вобастаанд. Дар иқтисодиёти кишвар коркардҳои илмии олимони АИ ҶТ ба сабаби набудани дархосту фармоишҳо хеле кам татбиқ мешаванд. Заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ҷавобгӯи талаботи замон намебошад. Ҷалби мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони мактабҳои олӣ ба муассисаҳои АИ ҶТ ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ бо вуҷуди он, ки дар соли 2015 нисбатан беҳтар гардид, боз ҳам беҳбудӣ мехоҳад.

Дар маҷлис муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷабборӣ, академикҳо М.Илолов, Л.Г. Михайлов ва Н.Ю.Салимов, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Алиев суханронӣ намуданд. Пас аз муҳокимаи маърӯзаи президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ қарори Маҷлиси умумии солонаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо дар соли 2016”тасдиқ карда шуд.Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба 5 нафар олимони ҷавони зерин, ки соҳиби “Ҷоизаҳои АИ ҶТ барои олимони ҷавон” дар соли 2015 гардиданд, низ дипломҳоро бо маблағҳои муқарраргардида супорид. Ҳамчунин барои дастовардҳои назарраси илмӣ ва саҳми арзанда дар ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ бештар аз 30 нафар кормандони АИ ҶТ бо “Ифтихорномаи АИ ҶТ” сарфароз гардонида шуданд.

Дар охири маҷлис Шартномаи ҳамкорӣ байни АИ ҶТ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ аз тарафи президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Ҳ. Одинаев ба имзо расонида шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi