04:44:43 04-уми Июни 2025 сол

Базми шеъру суруди Хайрандешу Қурбоналӣ

Дар Хонаи адибони ба номи устод Мирзо Турсунзода дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳо ба муносибати иди Наврӯз базми шеъру суруди шоири маъруфи кишвар Хайрандеш ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон  Қурбоналӣ Раҳмон  баргузор гардид.  

1_khayrandesh-qurbonali-201.jpg

Хайрандеш дар ин маҳфил асосан ашъори ба тозагӣ эҷодкардаи хешро пешкаши аҳли толор кард ва гарм истиқбол шуд. Таронаҳои бар ашъори Хайрандеш сурудаи Қурбоналӣ ва ҳамкоронаш аз ансамбли  ҳунарии «Сомон» бахши аъзами барномаи консертии ин маҳфилро ташкил медод.

2_khayrandesh-qurbonali-201.jpg

Мизбонон ва ширкаткунадагони ин маҳфили бошукӯҳро Шоири Халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, шоираи хушкаломи тоҷик Ҳадиса Қурбонова бо қироати чанд порча аз ашъори худ табрик гуфтанд.

3_khayrandesh-qurbonali-201.jpg

Олим ва ҳунарманди машҳури кишвар Ҷӯрабек Назрӣ, ки ба Қурбоналӣ Раҳмон ҳаққи устодӣ дорад, бо хоҳиши аҳли толор таронаеро  баъди солҳо дур аз саҳна будан  бо лаҳни ба худ хоси зебояш замзама намуд. Базми шеъру суруд бо ширкати дигар шоирону овозхонҳои кишвар бахшида ба иди Наврӯз дар ҷумҳурӣ идома дорад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854