16:52:33 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ёде аз бонуи ҳунар Туҳфа Фозилова

Тӯҳфа Фозилова яке аз шаҳсутунҳо ва асосгузорони театри касбии тоҷик буд. Ӯ дар шаҳри Конибодом ба дунё омада, дар муҳити фарҳангу ҳунар ба камол расидааст. Дар шаҳри Тошканд маҳорати худро сайқал дода, соли 1934 ба шаҳри Сталинобод меояд ва дар Театри мусиқии пойтахти тоҷикон фаъолияти эҷодии худро паҳно мебахшад.

1tuhfa 2123554Дар заминаи ҳамин театр соли 1940 Театри опера ва балети тоҷик таъсис меёбад, ки Тӯҳфа Фозилова ба ҳайси яке аз асосгузорони он то соли 1949 дар саҳнаи он беҳтарин нақшҳоро офарида, бо садои дилнишини худ сурудҳои машҳури «Мепарварам», «Бихандад лола бар саҳро», «Алла», «Сари кӯҳи баланд», «Шиканҷи зулф» ва ғайраҳоро иҷро кардааст.

Аз соли 1949 ба Театри давлатии академии драмаи ба номи А.Лоҳутӣ ба кор гузашта, то охири умри пурбаракати худ дар саҳнаи он даҳҳо нақшҳо ва образҳои барҷаста офаридааст. Вижагии ҳунару истеъдоди ӯ дар он зоҳир мегардад, ки ҳам дар санъати сарояндагӣ ва ҳам дар нақшофарӣ басо мумтоз буд.

Истеъдоди табиӣ тавъам бо ҳусну ҷамоли зебо ва қомати расои саҳназеб ӯро хеле барвақт машҳуру маъруф гардонида, дар овони шукуфоии умр (40-солагиаш) ба дарёфти унвони олии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудааст. 

Тақдир маро ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиям бо ин ҳунарманди тавонои театру синамои тоҷик рӯ ба рӯ гардонида буд. Тобистони соли 1976 роҳбари онвақтаи театри Лоҳутӣ Обид Ҳомидов мо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи санъатро барои иҷрои барномаи консертӣ интихоб намуда, ҳамроҳи ҳунармандони театр ба шаҳру вилояти Бухорои ҶШС Ӯзбекистон ба сафари ҳунарӣ бурд.

Роҳбарии ин сафари таърихиву хотирмонро устод Тӯҳфа Фозилова ба ӯҳда дошт.

Дар вокзали шаҳри Когон ҳайати эҷодии театри овозадори тоҷикро бо меҳру эҳтиром ва шукӯҳу азамати хоса истиқбол гирифтанд. Ман бори аввал мушоҳида кардам, ки ситораҳои саҳнаи тоҷик Тӯҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва дигарон дар ҷомеа чӣ нуфузу обрӯе доранд.

2tuhfa 2165988

Ҳунармандони театр дар шаҳри Бухоро ва навоҳии атрофи он намоишҳои ҷолиби худро нишон медоданд. Мо донишҷӯён бо барномаи консертӣ аз дурдастарин ноҳияи вилояти Бухоро шурӯъ карда, бо суруду таронаҳо дар назди мардум баромад мекардему таҷрибаи эҷодӣ меандӯхтем. Барномаҳо асосан шомгоҳон иҷро мешуданд. Рӯзонаҳо бошад мо аз тамошои шаҳри бостонии тоҷикон Бухорои шариф баҳра мебурдему ҳамзамон аз дидору сӯҳбатҳои устодони саҳна бархурдор мегаштем.

Тӯҳфа Фозилова бо вуҷуди ҳунарманди машҳуру маъруф буданаш зани бисёр хоксору меҳрубон, дарёдилу шӯхтабиате буд ва хислату одатҳои аҷибе дошт.

Бо ҷавонон сӯҳбат оростан, хотираву лаҳзаҳои рангини айёми ҷавониҳои худро ба ёд овардану китоби рӯзгору сарнавишти хешро чун дастуру сабақи ҳаёт ба ҷавонон саҳифагардон кардан аз одату фазилатҳои наҷиби Тӯҳфаойтӣ буд. (Ҳамагон ӯро ҳамин тавр Тӯҳфаойтӣ меномиданд.) Аз ба ёд овардани лаҳзаҳову саргузаштҳои аҷиби наврасиву ҷавониҳояш лаззату кайфияти гуворое ҳосил менамуду ба мо талқин мекард, ки рӯзгори ҷавониро беҳуда нагузаронем, барои ояндаи худ заминаҳои устувору боэътимод бунёд гузорем.

Зимни сӯҳбатҳо аз устодону ҳампешагони собиқаш ва аз чеҳраҳои бузурги олами фарҳангу адаб, ашхоси маъруфи сиёсиву давлатӣ ёдовар мешуд…

Устодон Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон Ғафурову даҳҳо адибону олимони забардаст аз ҷумлаи мухлисону ҳаводорони ҳунари ӯ буданд.

Тӯҳфаойтӣ дар меҳмонсарои «Зарафшон»-и Бухоро ва баъдан дар бисёр нишасту сӯҳбатҳо аз дӯстони самими худ, арбоби намоёни сиёсиву давлатӣ Турсун Ӯлҷабоев ва раиси номдору деҳқони асил, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ҳамеша ба некӣ ёд мекарду аз рӯзгори эшон ва хислату рафторҳои аҷиби онҳо қиссаҳои ҷолиберо нақл менамуд. Он бузургмардон низ ошиқу шайдои Тӯҳфабонуву ҳунари волояш буданд…

Ба гуфтаи Тӯҳфаойтӣ ва бисёр собиқадорони саҳнаи ҳунар Турсун Ӯлҷабоев аз мухлисони ашадии театри Лоҳутӣ буда, ба ҳамаи намоишҳои он, ҳатто ба тамошои намоишҳои бачагона низ ҳамроҳи фарзандону набераҳояш меомадааст, ки ин барои аҳли ҳунари театр мӯҷиби ифтихору сарбаландӣ ва бешак яке аз омилҳои пешрафти фаъолияти эҷодии эшон будааст...

Дар хусуси С.Ӯрунхоҷаев Тӯҳфаойтӣ қисса мекард, ки ӯ барои роҳбарони сатҳи аввали ҷумҳурӣ чун устоду маслиҳатгар обрӯву мақоми баланд дошт. Аксаран таъиноти кадрӣ дар доираи ноҳияву вазоратҳо бо ҳидояту дастури ӯ амалӣ мегаштаанд. Ба аҳли ҳунару фарҳанг таваҷҷӯҳу меҳри хоса доштааст.

Марди зебопарасту рухбозе будааст, ки ҳангоми сафари ҳунарӣ бо дидани ҳусну ҷамоли зебои Тӯҳфахон барои намоиши театр ба ҷои ҳаштсад ё ҳазор рубл арзиши намоиш бо пардохти то дуним се ҳазор рубл ҳимматбаландӣ мекардааст…

Яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи Тӯҳфаойтӣ махсусан ҳангоми сафарҳои ҳунарии театр ин «Лотобозӣ» буд, ки дохили халтача омезиш дода дастрас кардани рақамҳоро худ иҷро мекард ва ба ҳар рақаме ҳазломез як ном ё рамзи хосае гузошта буд, ки боиси хандаву шодии ҳампешагон мегардид.

3tuhfa 2123554

Масалан, агар аз дохили халта рақами 1 мебаромад, Тӯҳфаойтӣ «Ҳайдарака» гӯён нидо мекард. Ҳунарманди хуби театри Лоҳутӣ Ҳайдар Шоймардонов чунон лоғар буд, ки шакли рақами «як»-ро дошт. Ё рақами 7-ро «бинии Эсоҷон» меномид, ки ин рақам шаклан ба бинии Исо Абдурашидов хеле шабеҳ аст.

Ҳамин тавр дар ҳар маврид, хусусан ҳангоми сафарҳои ҳунарӣ чӣ дар мошин ё дар меҳмонхона ҳамкорону ҳампешагон аз ҳузури Тӯҳфаойтӣ меболиданду хурсандӣ мекарданд ва хастагии роҳу иҷрои намоишҳо эҳсос намешуд…

Дар ҳамон сафари ҳунарие, ки зикраш рафт ҳар рӯз аз ҷониби роҳбарияти шаҳру вилоят ва ноҳияҳои атрофи Бухоро ба ҳунармандони театр ва гурӯҳи консертии мо донишҷӯён таваҷҷӯҳу меҳрубонии зиёде зоҳир мегардид, ки албатта он ҳама аз баракати обрӯву мақоми бузургоне чун Тӯҳфа Фозилова буд…

Дар анҷоми сафари ҳунарӣ, ки як моҳ идома ёфта буд, котиби аввали ҳизбии вилоят дар бӯстонсарои ҳукуматӣ барои аҳли ҳунар ва кормандони театр пазироиву зиёфати шоҳонае оросту ҳунармандони Театри назди ҳавзи Девонбегии Бухоро бо суруду рақсу навоҳои дилошӯб хотири меҳмононро болидатар сохтанд.

Дар ҷараёни маҳфил марди ғӯлаи қадпасте, ки шиками барҷастае дошт, гоҳ-гоҳе ба назди меҳмонони олиқадр, ки дар долони зебои кандакоришудаи болои оби равон нишаста буданд, омада ягон ҳазлу зарофате (аскиягӯӣ) мекарду баъди нӯшидани ҷуръае «Ман хурӯс!» гӯён бо ҳавои мусиқӣ ба рақс медаромад.

Ба яке аз шӯхиҳои навбатию «Ман хурӯс!» гуфтани он марди кулӯлаандом, ки сарошпази бӯстонсаро будааст, Тӯҳфаойтӣ чунон посухи обдоре дод, ки фазоро таркиши ханда фаро гирифту бо ҳамин он «Хурӯс» майдони ҳазлу шӯхиву маҳфили пазироиро бебозгашт тарк гуфт.

Мо гурӯҳи донишҷӯён, ки дуртар нишаста будем, ноогоҳона ҳамроҳи ҷамъият хандидему вале баъди фаҳмидани асли воқеа боз бештар хандидем.

Аз ҷумлаи меҳмонони олиқадре, ки дар мизи котиби обком  (котиби ҳизбии вилоят) нишаста буданд, (Аслӣ Бурҳонов, Обид Ҳомидов ва дигарон) устод Ҳоҷигул Раҳматуллоев марди бисёр солору ботамкине буд ва ҳар гуна ҳазлу шӯхиҳои хасакию омиёна писандаш намеомад. Аз ин рӯ аз Тӯҳфаойтӣ, ки дар шафаташ нишаста буд, хоҳиш мекунад, то ба он «хурӯс»-и ошхонаи обком ҷавоби сазовор гардонад.

Тӯҳфаойтӣ, ки дар ҳозирҷавобию ҳазлу мутоиба хеле мумтоз буд, дар посухи «Ман хурӯс!»- гуфтани он мард: «Ҳой, бародар, шумо барин «хурӯс»-ҳоро дар бозори «Баракат»-и Душанбе дар қафояш (кунаш) чӯбча зада, 5 тинӣ мефурӯшанд!» (Манзури Тӯҳфаойтӣ ҳамон хурӯсакқандҳое, буданд, ки он солҳо 5 тин, баъдан 10 тин арзиш доштанд.)

Сафари ҳунарии мо бо ҳамин рӯҳияи баланди завқу шодиву фараҳ ва ифтихороту хотираҳои рангине анҷом пазируфт.  

Баъди хатми Донишкада маро ифтихори бузурге насиб гардид, ки ба Театри Лоҳутӣ ба кор даъват шудаму шарафи ҳамкориву ҳамнишинӣ бо ситораҳои саҳнаи тоҷик ва шинохти бештари эшон муяссарам шуд. Дар миёни ҳамаи бузургони ҳунар Тӯҳфа Фозилова бо бисёр сифатҳои наҷибу накӯяш фарқ мекард. Ӯ пеш аз ҳама як меҳвари меҳру муҳаббат, ихлосу эҳтиром буд, ки ҳама аҳли театрро перомуни худ сарҷамъу муттаҳид карда метавонист. Ҳамаи маҳфилу чорабиниҳои дохилии театр маҳз зери роҳбарии ӯ, бо маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ сурат мегирифтанду дар сатҳи олӣ мегузаштанд.  Ман ки чанд сол роҳбарии ташкилоти ҷавонони театрро ба дӯш доштам, дар баргузории ҳар як маҳфилу таҷлили ҷашнвораҳо дар доираи аҳли кормандони театр ҳамеша ёвари Тӯҳфаойтӣ будам. Зани басо оқилаву кордон, дурандешу соҳибтаҷрибае буд, ки дар ҳар маврид маслиҳату пешниҳодҳояш судманд буданду натиҷаҳои дилхоҳ медоданд.

Ҳамеша ҳузураш, сӯҳбату хотираҳояш, ҳазлу шӯхиҳои намакинаш хушу гуворо буданду байни ҳамкорон меҳру гармӣ эҷод мекарданд.

Аз «буз» қимоб буданаш низ пайваста боиси ҳазлу шӯхиҳои рафиқона қарор мегирифту фазоро пур аз хандаву шодӣ мекард…

Тӯҳфаойтӣ дар гардиши 3-юми кӯчаи «Пионерӣ» дар ҳамсоягии Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Ҳанифа Мавлонова…зиндагӣ мекарду ҳавлии зебову озодае дошт. Писари номдораш Марат Орифов низ бо ӯ мезист.

Дар рӯи ҳавлӣ чойлоби ангур доштанд, ки аз пешгоҳи хона то назди дарвоза тӯл мекашид. Боре ҳангоми баҳорон Тӯҳфаойтӣ аз ҳамкорон мепурсанд, «кӣ ҳунари хомток кардан дорад, зеро чойлоби ангурҳои ҳавлии мо ҷангал шудаанд». Кадом «рӯхунуки бетутуруқ» (таъбири Тӯҳфаойтӣ) мегӯяд, ки ин кор аз дасти Ортиқ меояд.  

Баъди ҷамъомади ҳайати эҷодӣ ойтӣ ба ман муроҷиат карда гуфт, ки: «Ҳой «рӯхунук» мегӯянд зодгоҳи ту макони ангур асту ту худат дар миёни токзорҳо калон шудаӣ, чойлоби ангурҳои ҳавлии маро хомток намекунӣ?!»

Ҳарчанд дар умрам хомток накарда будам, вале ин хоҳиши Тӯҳфаойтиро рад карда натавонистам.

Дар ҳамом либосҳоямро бо баъзе либосҳои кӯҳнаи Маратака иваз намуда, ба кор шурӯъ кардам.

Чойлоб аз пешгоҳ то назди дарвозаи даромад баландтар мешуд. Аз ин рӯ дар қисмати миёнаи он ба нардбони баланди оҳанине ниёз афтод, ки хеле сангин буд.

4tuhfa 2123554Ман онро,  ки дупоя буд, базӯр аз ҷо ба ҷои дигар кашола мекардаму ба болояш баромада бо шавқ токҳои сабзи чойлобро канда ба поён мепартофтам. Як замон Тӯҳфаойтӣ бо ҳайрату надомат фиғон бардошт, ки «Ҳой «рӯйхунук», охир ҳамаи токҳои ангурдорро кандаӣ ку?!» Мани дар ин кор бетаҷриба аввал чӣ гуфтанамро надонистаму баъд сир бой надода посух додам, ки: -«Ойтиҷон, токатон имсол ангури зиёд бастааст, агар ҳамин хел накунем, зӯри ток барои пурра пазондани ҳосил намерасад. Барои ҳамин қисман токҳои ангурдорро кандан айни матлаб аст». Чунин ҷавоби «муттахасис»-и бедипломи соҳаи ангурпарварӣ Тӯҳфаойтии содадилро қонеъ кунонд, ки дигар чизе нагуфта, аз паи кори худ шуд… Кор қариб ба анҷом расида буд, вале душвортар гардид, зеро чойлоб дар назди дарвоза тақрибан 5-метр баландӣ дошту нардбон бошад 2-2,5 метр буд. Дар ҳоле, ки ман дароз шуда, хостам аз навдаи баландтар токеро канда партоям, ногоҳ нардбон аз зери поям канда шуда, ба як канор, ба дохили ҳавзи беоби рӯи ҳавлӣ сарозер афтод. Ман зуд бо дастонам рови оҳанини чойлобро дошта кашол шуда мондам.

Тӯҳфа ойтӣ ҳамроҳи апааш ҳарчанд зӯр заданд, зинаи сангини оҳанинро аз дохили ҳавзи бетонпӯши рӯи ҳавлӣ бардошта натавонистанд. Кампирҳо мурғи посӯхта барин ба чор тараф давида одам мекофтанд, ки зинаро бардошта, маро наҷот диҳанд. Ман, ки баъди адои хизмати Артиши шӯравӣ каме обутоби ҷисмонӣ ёфта будам, танамро бо дастон боло кашида пойҳоямро низ ба яке аз ровҳои чойлоб ҳалқа кардам. Агар худамро аз он баландӣ ба поён ба рӯи фарши бетонӣ мепартофтам, яқин ягон ҷоям мешинкаст ва ё сахт лат мехӯрдам. Муттаасифона на дар кӯча, на дар хонаи ҳамсояҳо ягон мард пайдо нашуд. Дар хонаи Қосимовҳо на Фаррух буду на Хуррам. Доду фиғони ду кампир фазоро фаро гирифта буд.

Хушбахтона баъди чанд лаҳза Марат Орифов бо «газ-24»-и худ аз кор ба хона омаду аз мошин фаромада бо дидани он манзараи ғариби хатарнок шикамашро дошта ба ханда даромад. Кампирҳо бо маломат ӯро маҷбур сохтанд, ки нардбонро зудтар бардошта дар зери чойлоб, дар он ҷое, ки ман овезон будам, бо ду пояш рост монанд. Маратака бо ёрии кампирҳо нардбонро ба ҷояш устувор карду мани бо охирин қувваи дасту пойҳо овезонбударо наҷот дод… Бо амри Тӯҳфаойтӣ дигар хомтоккуниро қатъ намуда, либосҳои кориро бадар намуда, дар ҳамомашон оббозӣ кардаму ба сари дастархони пурнозу неъмати Патибону (апаи Тӯҳфаойтӣ, ки кадбонуи беҳтарин буд) нишастем.

«-Хуб моҳона тарсондӣ, рӯйхунук»-гӯён Тӯҳфа ойтӣ ба ҷомҳо «доруи» рафъкунандаи тарсро рехт. «Доруи тарс» чунон иштиҳобарангез буд, ки палови хушлаззати баргитокии Патибону пухтаро то биринҷи охирин тановул кардем…

Чанд муддат байни дӯстону ҳамкорон қиссаи хомтоккунии ман мавриди шӯхиву ҳазлу ханда қарор гирифта буд…

Албатта ин қиссаҳо шаммае аз китоби рӯзгори Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди  шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова буданду аз хоксориву одамияти ӯ гувоҳӣ медоданд. Аммо бузургии ӯ дар ҳунару истеъдод, нақшҳову образҳои офаридаи ӯ дар саҳнаи тоҷик зоҳир ёфтааст.

Бо мақому эътибор ва обрӯву нуфузе, ки дар ҷомеа, махсусан дар сатҳи мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбу давлат дошт, меҳри дили ӯ, кӯмаку дастгирии ӯ ба бисёр ниёзмандону мӯҳтоҷон расидааст. Аз ҷумла баъди саргардониву иҷоранишиниҳои пурмашаққат ниҳоят соҳиби манзили зист гаштани Убайдулло Раҷабов маҳз бо шарофати дарёдиливу хайрхоҳиҳои Тӯҳфа Фозилова амалӣ гардидааст.

Убайдулло Раҷабов пайваста бо Тӯҳфаойтии меҳрубону содадил шӯхиҳои хосае мекард. Маҳз дар асари ҳамин гуна шӯхиҳои Убайдулло Тӯҳфаойти дар намоиши «Рӯдакӣ» (нақши маликаро мебозид) ба ҷои «Ҳа, Маҷи хаттот» гуфтан «Ҳа, Хатти маҷҷоҷ!» гуфта буд. «Ҳамин рӯхунуки Убайдулло калема гиҷ карду саҳнаба ҳамин хел гуфта мондиям»-мегуфт Тӯҳфаойтиву модарвор Убайдуллоро «коҳиш» мекард.

Ато Муҳаммадҷонов, Бурҳон Раҷабов, Маҳмуд Тоҳирӣ ва бисёр ҳунармандони номдори театр бо Тӯҳфа Фозиловаи дарёдилу шӯхтабиат ҳазлу шӯхиҳои хоси худро доштанду ӯро фарзандвор дӯст медоштанд.

Фарзанди ягонаи Тӯҳфа Фозилова ҳунарманди маъруфи синамои тоҷик Марат Орифов ифтихори санъати тоҷик ва мероси пурқиммати Тӯҳфаойтӣ мебошад, ки умраш зиёда бод! Рӯҳи модари бузургвораш аз ӯву ҳама ворисону пайвандонаш, аз ҳама аҳли ҳунару шогирдонаш шоду хушнуд бод!

Ортиқи Қодир,

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi