16:48:53 30-уми Июни 2025 сол

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ

Рӯзҳои 23-27 –уми июн дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ баргузор гардид, ки дар он Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудир аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки мазкур иштирок намуд.

2 ishtiroki hayati tjk 65653221145Санаи 23-юми июн дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ Константин Лимитовский баргузор гардид.

Дар доираи вохурии мазкур байни ҷонибҳо созишномаи грантӣ дар маблағи 2,04 млн доллари ИМА барои дастгирии фаъолиятҳои иҷтимоии лоиҳаи “Сохтмони роҳи Обигарм - Нуробод” ба имзо расонида шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ санаи 26уми июн, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мудири тоҷикистонӣ дар Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ, Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки мазкур интихоб гардид, ки ин рӯйдоди муҳим бозгӯи нуфузи афзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва талошҳои пайвастаи кишвар дар самти тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ мебошад.

Ҳамзамон, дар як қатор ҷаласаҳои муҳокимавии маҷлиси солонаи Бонки Осиёии Сармоягузорҳои Инфрасохторӣ, аз ҷумла ҷаласаҳо дар мавзӯи «Тарғиби инфрасохтори босифати фаромарзӣ: таҷриба ва сабақҳо аз амалияи ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ» ва «Мизи гирди тиҷоратии мудирон», раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ба ҳайси панелист (баромадчӣ) иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд қайд кард, ки маблағгузории Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт равона гардида, ба рушди устувор ва беҳсозии инфрасохтори кишвар мусоидат менамоянд.

Ба ҳолати 1-уми майи соли 2025 Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 410,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намудааст.

 Аз ҷумла, дар моҳи декабри соли 2024 барои лоиҳаи сохтмони НБО Роғун аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 270 млн доллари ИМА маблағҳои қарзӣ ҷудо гардидааст.

www.investcom.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ