16:49:36 30-уми Июни 2025 сол

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, №565 ҳайати расмии кишвар таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдо – Раиси Кумитаи тадорукот Завқизода Завқӣ Амин, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноат - Комисcари генералии экспозитсияи кишвар Раҷабзода Ҳайдар, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ рӯзи 27 июни соли 2025 дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» ва чорабиниҳои марбут ба Тоҷикистон дар доираи Намоишгоҳ, аз ҷумла Рӯзи миллӣ дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд.

1 tajikistan japan 451215488787Дар доираи «ЭКСПО 2025» Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷашни Ваҳдати миллӣ рост меояд, бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои гуногун ботантана ва шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида шуд. Дар маросими расмии Рӯзи миллӣ Муовини якуми Сарвазир Холиқзода Ҳ. Ҳ. ва Комиссари генералии Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» Коҷи Ҳанеда аз ҷониби Ҷопон суханронӣ намуданд.

Холиқзода Ҳ. Ҳ. дар баромади худ дастоварду имкониятҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ташаббусҳои глобалии муҳтарам Пешвои муаззами миллат, захираҳои обӣ, энергияи сабз, сармоягузорию сайёҳӣ ва маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро қайд намуд.

Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» аз 13 апрел оғоз гардида, то 13 октябри соли 2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон идома меёбад, ки дар он зиёда аз 161 кишвари ҷаҳон ва 9 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Намоишгоҳи байналмилалии мазкур дар панҷ сол як маротиба баргузор гардида, ин навбат ба худ шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо»-ро касб намудааст ва он аз се мавзуи асосӣ, аз қабили «Наҷоти ҳастӣ», «Тақвияти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ», ки дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои иштироккунандаи дунё қарор доранд, иборат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Павилиони Тоҷикистонро бо номи «Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ — барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор» бо тарҳу ороиши зебои миллӣ сохта, онро бо васоити муосири намоишӣ ва айнакҳои виртуалии 3D муҷаҳҳаз гардонидааст.

Дар Павилиони Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии кишвар оид ба ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим, маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклет, QR-код ва бюллетени электронӣ муаррифӣ шуданд. Наворҳои видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ ва дастовардҳои кишвар низ пайваста пахш мегарданд.

Яке аз маҳсулоти асосии Павилион, амсилаи (макети) пиряхи Ванҷях (Федченко) мебошад, ки таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ зиёд ҷалб мекунад.

Қайд гардид, ки пиряхи Ванҷях (Федченко) бузургтарин пиряхи ҷаҳон дар хушкӣ ба шумор меравад, ки 77 километр дарозӣ дошта, дар баландии 6974 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Маҳсулоти дигари диққатҷалбкунандаи ҷониби мо айнакҳои виртуалии 3D мебошад, ки тавассути он тамошобинон метавонанд аз манзараҳои зебои табиии кишвар, аз ҷумла пиряхи Ванҷях (Федченко) дидан намоянд.

Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 25 ҳазор нафар тамошобинон аз Павилиони Тоҷикистон дидан намуда, аз зебоиҳои табиати Тоҷикистон, пиряхҳо ва захираҳои обии кишвар, дастоварду имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ ба ваҷҳ омада, расму видеоҳои хотиравӣ мегиранд.

Тибқи иттилои расмии «ЭКСПО 2025» танҳо дар 76 рӯзи аввал беш аз 9,3 миллион нафар меҳмонон аз Намоишгоҳ боздид намудаанд.

Интизор меравад, ки то охири давраи баргузории «ЭКСПО 2025» зиёда аз 28 миллион нафар тамошобинон аз он боздид намоянд. Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» қадами муҳим барои таблиғу муаррифии имкониятҳои рушди сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон дар назди Павилиони Тоҷикистон сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба фурӯш бароварда шуданд, ки талаботи тамошобинон ба онҳо зиёд аст.

Инчунин рӯзи 25 июни соли 2025 дар шаҳри Токио ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, логистика, рақамисозии иқтисод муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ шуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расонида шуд, ки дар он тадбирҳои мушаххас вобаста ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок дарҷ гардидаанд.

Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» ҳайати расмии кишвар бо роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти шаҳри Осакаи Ҷопон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба вохӯрӣ баргузор намуд.

www.medt.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ