Мулоқот бо Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Муҳаммад Ал-Аттия
23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро баланд арзёбӣ намуда, аз муҳтавои робитаҳо дар сатҳу зинаҳои гуногун, ба хусус дар сатҳи олӣ, изҳори қаноат намуданд.
Муҳаммад Ал-Аттия, пеш аз ҳама, салому дуруди Амири Давлати Қатарро ба Сарвари давлати Тоҷикистон ироа намуда, аз имкони дидор ва баррасии роҳҳои тавсиаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш изҳори хушҳолӣ намуд.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф ва истифодаи зеҳни сунъӣ низ аз роҳҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар номида шуд.
Доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавию ҷаҳонӣ ҳам табодули андеша сурат гирифт.
www.president.tj