16:53:02 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Зиёрати мақбараи устод Айнӣ ва дигар бузургони миллат

Баъди азнавсозӣ дар як маросими тантанавӣ дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ имрӯзҳо он ба ҷои дӯстдоштаи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт табдил шудааст.

ustod-ayni-655656566

Ҳаррӯза мардуми зиёде ба ин муассисаи фарҳангиву истироҳатӣ ташриф оварда дар баробари зиёрати марқади Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ аз дидани манзараҳои зебои боғ ҳаловат мебаранд ва дар ҷойҳои таърихиву хушманзари он барои хотира аксбардорӣ менамоянд. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар қатори дигарон чанде пеш аз Боғи фарҳанг ва фароғатии устод Айнӣ ва Оромгоҳи шахсиятҳои шинохта дар мавзеи Лучоб дидан карда чанд нуктаҳои гуфтанӣ ва лаҳзаҳои диданиеро барои муштариёни сомона ба армуғон овардааст.

Вале нахуст ёдовар мешавем, ки дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидаанд. Интиқоли марқадҳои бузургони миллат аз қабили Аллома Бобоҷон Ғафуров,  собиқ раҳбари ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов, академик Муҳаммадҷон Осимӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон  устод Боқӣ Раҳимзода аз ин мавзеъ ба Оромгоҳи шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ба минтақаи Лучоб кори дигари хайру савоби ҳамин давраи шаҳрдории Душанбе ва ҳукумати кишвар буд.

Бояд гуфт, ки расо 12 сол қабл хабарнигори сомона мақбараи устод Айнӣ ва дигар марқадҳои бузургонеро, ки зикри номашон рафт, дар ин боғ аксбардорӣ намудааст ва он аксҳоро дар поёни ин гузориш хоҳед дид. Шумо инчунин метавонед аксҳои марқадҳои ин бузургонро дар Оромгоҳи Лучоб, ки ба тозагӣ эъмор шудаанд, низ бубинед, ва мутамаин хоҳед шуд, ки чи гуна кори хубе анҷом гирифтааст. Воқеан, яке аз зиёраткунандагони ин Оромгоҳ Хуршедҷон Зиёев, корманди Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаи худро ба хабарнигори мо дар робита бо интиқоли марқадҳои ин бузургон ба мавзуи хушманзари Лучоб чунин иброз доштааст:

Хуршедҷон Зиёев: «Чуноне, ки мо медонем, дар Боғи ба номи устод Айнӣ як гуруҳ фарҳехтагони миллат мазор доштанд. Ба сабаби он ки дар он ҷо азнавсозӣ шуд, мазори онҳо бо риояи тамоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо риояи тамоми суннатҳои исломӣ ба ҷои дигар интиқол дода шуданд. Ин ҷое, ки мазори онҳо интиқол ёфтанд, дар як ҷои хеле хушмнзаре воқеъ аст, ки бо номи Лучоб машҳур аст ва дар ин ҷо дигар фарҳехтагони мо низ мазор доранд.

Бинобар ин ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорам, ки дар як ҷои хеле ба роҳат барои руҳи рафтагон ҷамъ овардани ин гузаштагони мо як кори хеле хайр аст. Аз нуқтаи назари ман ин кори хеле хайре буд, ки аз тарафи ҳукумати шаҳр ва ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардид ва мо ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи ин бузургони худ дуъо мекунем, ки ҷояшон ҷаннат ва руҳашон ҳамеша шод бошад».

Мо низ, якҷо бо Шумо муштариёни азиз, дуъо мекунем, ки Худованди бузург ин ва дигар гузаштагони моро ғарқи раҳмату шоистаи ҷаннат кунад ва руҳашон ҳамеша аз мо шоду хонаи охираташон обод бошад! Омин!

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Аксҳоро аз ин нишониҳо пайдо карда метавонед:

Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ бо ширкат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  (Аксҳои АМИТ «Ховар»)

Боғи Айнӣ. Аксҳои соли 2005.

Боғи Айнӣ ва Оромгоҳи Лучоб. Аксҳои соли 2017



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi