Луғатшиноси маъруф дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт
Амон Нуров – яке аз донишмандони маъруф ва луғатшиноси варзида дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт. Мавсуф аз ҷумлаи пуркортарин олимони кишвар буд, ки беҳтарин луғатномаҳоро барои насли имрӯз таҳия кардааст. Бахусус, асарҳои безаволе чун "Чароги ҳидоят" ва "Бурҳони қотеъ" ганҷинаи маърифатанд ва бо хати имрӯзиён баргардон кардани онҳо заҳмати хорошикане буд, ки Нуров ба уҳда гирифт.
Амон Нуров 23 феврали 1938 дар деҳаи Виткони ноҳияи Масчо ба дунё омад. Дар 6 - солагӣ аз падар ятим монд. Аз 6 - солагӣ хонишро дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Камодон оғоз намуд. Пас дар сағирахонаи деҳаи Мадрушкати ноҳияи Масчо ва ду соли охир хонишро дар сағирахонаи Шаҳринави ноҳияи Ҳисор давом дод.
Пас аз хатми мактаб дар соли 1954 ба факултети филогияи УДТ дохил шуда, онро дар соли 1959 бо баҳои аъло хатм намуд. Солҳои 1959-1966 ходими илмии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон, дар як вакт наттоқи теливизиони навбунёди тоҷик буд.
Аз 1966 то 1969 муаллими мактаби миёнаи рақами 6 ноҳияи Масчо. Аз сентябри соли 1969 муҳаррири калони илмии Сарредаксияи илмии ЭСТ буд.
Амон Нуров дар таҳияи илмии"Фарҳанги забони тоҷикӣ" (ҷ1-2 М.,1969) ба сифати яке аз тартибдиҳандагон иштирок карда, дар луғатсозӣ таҷрибаи зиёд андӯхт.
Сипас асари ӯ "Фарҳанги осори Ҷомӣ"(ҷилди 1 Душанбе 1983, ч.2 1984) ба табъ расид. "Фарҳанги осори Рӯдакӣ" дар таҳияи ӯ чоп шуд.
Бо сайъу кушиши ӯ матни 3 - чилдаи "Ғиёс-ул-луғот" бо ҳуруфи имрӯзаи тоҷикӣ ба нашр расид.
Инчунин "Чароги ҳидоят"ва "Бурҳони қотеъ" дар 3 ҷилд бо пешгуфтор, мулҳакоту, тавзеҳот чоп гаштанд.
Ӯ муаллифи силсиламаколаҳои илимӣ дар ҷилдҳои ЭСТ мебошад.
Нуров иштирокчии Даҳаи адабиёти тоҷик дар ш. Москав (1957) аст. Аз соли 1979 узви Иттифоқи журналистони СССР буд. Бо медали "Ветерани мехнат" ва Ифтихорномаи Призидуми Совети Олии РСС Точикистон мукофонда шудааст.
Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1988), Аълочии матбуоти СССР буд.
Дар соли 1990 соҳиби ҷоизаи Давлатии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шуд.
Ёди олим ва донишманди маъруф ба хайр!
«Рӯзгор»