20:22:32 07-уми Июни 2025 сол

Ҷӯрахон Обидпур ва Фирӯз Ӯлмасов соҳиби ҷоизаи Иттифоқи композиторон шуданд

Ахиран Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи ба номи Борбадро дар соҳаи  мусиқӣ эълон кард. Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом дар расми тантанавии эътои ҷоиза иброз дошт, ки озмуни мазкур моҳи июн эълон гардида буд.

professor12454554Тибқи хулосаи аъзои ҳакамони озмун ва Қарори раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо ҷоизаи мазкур Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҷурахон Обидпур ва мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ Фирӯз Ӯлмасов сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ соли 2004 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир ва инъикоси арзишҳои миллӣ таъсис ёфтааст.

Тибқи оиннома ҷоизаи мазкур ба бастакорон ва мусиқишиносоне дода мешавад, ки дар ду соли охир беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ эҷод намуда, дар масъалаҳои пажӯҳиши таърихию назариявии санъати миллӣ ва такомули методологии санъати касбии миллӣ асар офаридаанд.

«Рӯзгор»

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854