16:45:24 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳафтод соли устод Назри Яздонӣ

18 августи соли равон Назри Яздонӣ – Шоири халқии Тоҷикистон қадам ба 70 ниҳод. Назри Яздонӣ шахсияти шинохтаест, ки шояд ҳоҷат ба муаррифӣ надошта бошад. Олими маъруфаст, ки дар муҳимтарин мавзуъҳо корҳои пажӯҳишӣ анҷом додааст. Вай соли 1981 дар Алмаато дар мавзӯи «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Ва минбаъд корҳои илмии худро барои шинохти классикони адабиёти тоҷик идома додааст. Барои ошноии бештар бо гузаштаву имрӯзи олим ва шоири барӯманд, ин навиштаро дар сомонаи Иттифоқи нависандагони кишвар мурур кардем.

2 nazri-yazdon 45451212Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Назрулло) 18 августи соли 1949 дар ноҳияи Сангвори Вахё (ҳозира Тавилдара) таваллуд шудааст. Хонадонашон соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод (Рӯдакии ҳозира) кӯчида, дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар ҳамин ҷой (деҳаи Маҳмадшоҳи колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Рӯдакӣ) ба фарҷом расондааст. Соли 1967 ба шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дохил шуда, соли 1971 хатмаш намудааст. Аввалин шеъру мақолаи илмиаш дар даврони донишҷӯйӣ ба чоп расидаанд.

Баъди хатми донишгоҳ дар бахши таърихи фалсафаи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохта, соли 1981 дар Алмаато дар мавзӯи «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

1 nazri-yazdon 45451212Соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ даъват шуда, дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият будааст. Солҳои 1991-1999 мудирии шуъбаи назорат ва ҳамоҳангсозии Кумитаи оид ба корҳои дин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Баъдан ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор омадааст.

Ашъораш дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба чоп расида, иддае аз онҳо ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, олмонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Аз забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, урду, украинӣ тарҷума мекунад. Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳои алоҳидаи А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ.Байрон, А. Ҷафрӣ, роману қиссаҳои ҷудогонаи Л. Каррол, З. Бистритская ва дигар адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Синоро (дар ҳамқаламии М. Диноршоев ва Т. Мардонов) аз арабӣ ба русӣ гардондааст.

Аввалин шоири тоҷик аст, ки бевосита аз инглисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст. Тарҷумаи «Ишорот» ҳам дар таърихи тарҷумаи илмии тоҷик аввалин намунаи баргардони бевоситаи арабӣ-русист.

Чандин баёзи манзуму мансур ва фолклорӣ таҳия ва тавзеҳ намудааст, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тифлис, Ҳаной, Прага, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон чоп шудаанд.

Осори зиёди публитсистӣ дорад. Китоби эссеҳои фалсафиву адабиаш «Ҳикмати озодагон» ба таҳқиқи тақдиру вижагиҳои ҳувийяти миллӣ ва фарҳанги имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст.

Дар сабти комили аудиоии «Шоҳнома» ширкат варзидааст.

Ба силсилаи ашъораш устодони суруди тоҷикӣ оҳанг бастаанду месароянд. Зиёда аз 30 сурудаш дар хазинаи тилоии Радиои тоҷик нигаҳдорӣ мешавад.

3 nazri-yazdon 45451212Тадқиқоти илмӣ дар китоби «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорат ва танбеҳот», мақолоти зиёдаш ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар Душанбе, Маскав, Тошканд ва Алмаато ба табъ расидаанд.

Феълан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси сардори «Маркази тоҷикшиносӣ» фаъолият дошта, дар болобурди савияи маърифату хештаншиносӣ камолоти ҷаҳонбинии вижаи миллӣ, таҳия ва нашри силсилаи «Тоҷнома», ки саҳми миллатамонро дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ бо нашри манбаъҳои бостонӣ ва осори фарҳангии дараҷаи аввал собит месозад, ҳиссаи сазовор мегузорад.

Бо ордени «Шараф» (2011) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Устодро ба муносибати 70-умин солгарди умрашон самимона муборакбод мекунем, барояшон беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорем.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi