23:39:44 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ХАЧАТУР АБОВЯН ВА «ЗАХМҲОИ АРМАНИСТОН»

Барои ман аз овони дури наврасӣ номи Хачатур Абовян шинос ҳаст. Модари ман бо ҳарорат қисса мекард, ки чи тавр хело пештар аз ба ҷаҳон омадани ман, аз тарси таъқиби пулисҳо дар Алекполе ва ҳангоми кофтукови хонаҳои зисти шаҳрвандон китоби Хачатур Абовян «Захмҳои Арманистон»-ро онҳо оташ задаанд.

Khachatour-Abovyan-House-MuseumМо, бачаҳо аз калонсолон дар бораи ҳаёти Абовян қиссаҳои зиёде шунида будем.Чун мешунидем, ки жандармҳо Абовянро дастгир намуда, дар фойтуни сиёҳ ба Сибир, ба хотири он, ки ӯ миллаташро хело дӯст медошт ва халқашро ба мубориза барои озодӣ даъват мекард, аз қаҳру ғазаб ва нофаҳмӣ онҳо қалбҳои мо лабрез мешуд.

Нақл мекарданд, ки ӯ зинда ҳаст, ӯро дар канораи дурдасти Сибир бо риши сафеди дарози то миёнаш расида ва нигоҳи тезу оташбор дидаанд. Ба суоли он, ки кай ӯ ба Арманистон  бармегардад, гӯё ҷавоб додааст, ки агарчӣ ӯ ба каторгаи якумра бадарға шуда бошад ҳам, лекин итминон дорад, ки то он лаҳзае, ки Арманистонро озод хоҳад дид зинда хоҳад монд.

Номи Абовян барои мо чун рамзи уқоб буд. Мо бо тантана таронаҳои Оғосӣ- қаҳрамони романи Абовянро, ки он давра хело байни мардум маъруфият доштанд, чун: «Равонаи кӯҳу дарё» ва «Оҳ Ватан, ҳаётамро бароят қурбон хоҳам кард»-ро қироат мекардем.Муттаасифона хондани китоби «Захмҳои Арманистон» барои мо муаяссар намегашт. Дар шаҳр кам касон онро доштанд, касоне, ки онро доштанд онро боэҳтиёт пинҳон мекарданд, зеро хондани он мамнӯъ буд.

Барои мо бошад танҳо орзӯ кардан дар бораи романи «Захмҳои Арманистон» мемонд, лекин умеди дидани ин китоби аҷоиб ва дастрас намудани он амри маҳол буд.

Ҳар тобистон ман ба деҳаи Козорапаш мерафтам. Китобхонӣ машғулияти дӯстдоштаи ман буд ва ман барои хондан китобҳоро аз рӯҳонии деҳа мегирифтам. Инҳо китобҳои доири таърих, ҷуғрофия ва ҳамчунин маҷаллаи «Арарат» буданд. Кадом вақте диққати манро китобе бо муқоваи хуб чопгашта ҷалб намуд. Маълум гашт, ки он «Захмҳои Арманистон» будааст! Ман бо чашмонам бовар намекардам.

Бо ҳаяҷон китобро варақ зада, ман дар саҳифаи дуюм хонадам: «Тӯҳфаи доктор Г.Кучарян». Ман ба ҳайрат афтидам. Падари рӯҳонӣ ба ман фаҳмонид, ки хеле солҳо пеш, табиб Кучарян дар  уездҳо гашта, ба ҳар як муаллими деҳотӣ китоби Абовянро тӯҳфа намуда буд, то онҳо мардумро бо қаҳрамонони Оғосӣ шинос намоянд!

Ман китобро ба хона бурдам. Он вақт ман чаҳордаҳсола будам. Ҳама чизро фаромӯш карда, китобро бо ҳаяҷон ва рӯҳияи баланд мутолиъа намудам. Мумкин барои ман, навраси чордаҳсола на ҳама чиз бароям равшан буд, лекин ин ба ман заррае аҳамияте надошт. Китобро хонад, дар ин хусус дар деҳаамон ба рафиқонам нақл кардам. Онҳо мароқи зиёде зоҳир намуданд ва бисёр хоҳиш намуданд, ки ман китобро барояшон қироат намоям, лекин андешаи ман сари дигар масъала гардиш дошт.Ман зиёд мехостам, ки ин китобро ба моликияти шахсии худ бадал  намоям.

Ахиран ҳамроҳи рафиқонам ба назди падари рӯҳонӣ рафта иброз доштем: «Бобои меҳрубон мо мехоҳем, ки ин китоб ҳама вақт бо мо бошад, зеро он асосан барои наврасон навишта шудааст» ва бо ин суханон ӯро бовар кунонидан мехостем.

Пурсидем, зорию итлтимос надем.Падари рӯҳонӣ розӣ шуд ва гуфт: «Ман дар хонаи шумо китоби Инҷилро дида будам, онро ба ҷои таърихи Оғосӣ биёр.Ба бачаҳо нигоҳ карда гуфт, ки ба ман як хӯрҷин моҳӣ биёред, лекин танҳо моҳиҳои калонро доред!Мо барои шикори моҳӣ ба дарёи Ахурян рафта, як хӯрҷин моҳӣ доштем ва онро бо китоби Инҷил ба падари рӯҳонӣ бурда додем.

Китоби қимматбаҳо бошад моли мо шуд.

Гурӯҳи калон ҷамъ гашта, ба саҳро рафта, дар ҷое, ки Анӣ ва деворҳои қалъа намоён буданд менишастем. Мо китобро қироат намуда, ба Анӣ нигоҳ мекардем ва боз онро мехондем….

Чи қадар лаҳзаҳои гуворо!

Мо аз муҳити атроф дар қанотҳои тасвиргаштаи қаҳрамонҳои гузаштаи халқи арманӣ берун мебаромадем, дар пеши назари мо олами номаълуму дурахшони оянда ҳувайдо мегашт….

Моро ҳиссиёти бадбинӣ ва адоват нисбат ба душман, мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ фаро мегирифт. Ҳиссиёти моро табаддулотҳои рӯҳбахши оянда фаро мегирифтанд.

Дар хотираи мо Анӣ бо деворҳои бузурги қалъа, манораҳои азим, бо ҷанговарону лашкаркашони кулоҳдор, бо мардуми диловар наққошӣ мегашт.

Мо дар назари худ Оғосии бебок ва рафиқони диловараш Мусӣ в Қароро зинда тасаввур менамудем. Ба назари мо чунин менамуд, ки аспи Оғосӣ бо суръат ва садои тохташ аз бари мо мегузарад.

Ӯ мепарад, наълҳои ӯ медурахшанд, яроқи Оғосӣ низ медурахшад ва ҷарангос мезанад.

Доири чунин ҳиссиётҳои рӯҳнавоз мо танҳо набудем. Чунин ҳиссиётро хонандагони асри 19 низ баъди хониши ин китоб дар худ пайдо мекарданд. Дарҳақиқат образи қаҳрамононаи Оғосӣ қалби мардуми арманӣ ва ҳамчунин рӯҳияи беҳтарин асарҳои адабиётии асри 19 -ро низ тасхир намуда буд.

Ҳалқи арман, давраҳои асрҳои вазнини ғуломиро аз сар гузаронида, ба асри 19, асри маориф, сӯиқасдҳои инқилобӣ, асри кашфиётҳои гӯшношуниди илмӣ ва соҳаи техникӣ, аз ҳама муҳимаш асри бедории миллӣ ва ҳаракатҳои озодихоҳонаи халқҳои хурд, бе ягон фаҳмиши амиқу возеҳи  вазифаи худ дохил гашта буд.

Аз қаъри маънавиёти мардуми арман лозим буд, ки маорифпарвари бузург зуҳур намояд,то тавонад бо суханҳои шӯълавар, халқро рӯҳбаланд намуда, онро аз хоби ноз бедор намояд, рӯҳияи ӯро дар муборизаи миллӣ бо даъвату суханҳои ҷонофарин мустаҳкам намояд, роҳи ӯро дар  мубориза барои озодӣ ва истиқлолият чун ситораи дурахшон равшан намояд.

Ин шахси барои бедории миллӣ ва ҳаракати озодихоҳии Арманистони азиз иннтихобгашта нависанда Абовян буд!

Дар мавзеъи таърихии Арманистон, дар водии Арарат таваллуд гашта, вай дар дили бузурги худ образи муқаддаси онро ҷойгузин намуд.   

Бисёр чуқур ва даққиқ ба фаҳми таърихи бисёрасраи арманиҳо расид.Фарҳанг, тарзи зист, урфу одати мардум, ҳасрати кабағалон,забони вай, ҷавонмардӣ ва вафодории онро омӯхт. Нависанда оиди миллат худ маълумоти баланди қомусӣ дошт.   

Ҳамаи ин худшиносиҳо Абовянро ба суханвари андешаи зиндаи ҳалқи арманӣ табдил дод.

Халқи мо асрҳои аср дар қалби худ бадбинӣ ва муборизаро ба муқобили золимону аҷнабиён ҷой намуда,ҳамеша сӯи озодӣ гом мениҳод ва ба ояндаи дурахшони худ боварӣ дошт, лекин забонаш бошад баста буд.

Вақте, ки дар  болои сари ӯ аз сари нав шамшерҳои истисморгарон боло гаштанд, миллат аз хашму ғазаб нидо сар дод: «Ба сари, ки шамшер кашида истодаед, чӣ шумо миллати бузурги арманиро намедонед?!». Ин суханро Абовян дар рӯмони «Захмҳои Арманистон»-и худ оварда буд.

«Захмҳои Арманистон» - ин тӯфон аст, тӯфоне, ки аз қалби  оташбор аланга гирифтааст. Ҳамчунон, ки Масиси безабону хомӯш дар соли 1840 бо  алангаи  оташ ояндаро нигоҳ дошт, ҳамчунон Абовян дар ҳамон сол тариқи китоби худ, тӯфони муборизаро ба қалби мардуми арманӣ ҷой карда, мисли раъду барқ, ки пардаи зулматро медарад, роҳи наҷот, роҳи мубориза барои озодии халқ, барои нигоҳ доштани забони онро ба мардум нишон дод.

Дар ин китоб тамоми кишвари арманиҳо бо нишонаи захмҳои бузургаш таҷассум ёфтаанд. Дар он халқи арманӣ бо асотир ва таърихи кӯҳану рӯҳи тавоно, байни вайронаҳои меъмориҳои нодир, ки сари худро дар назди ғоратгарон ва аҷнабиён хам накардаанд таҷассум гаштааст.

Китоби «Захмҳои Арманистон» дар адабиёти арманӣ нақши волотаринеро иҷро намудааст. Вай чун сарчашмаи жанрҳои гуногуни адабиёти мо: эпикӣ, лирикӣ, дедективӣ, публистӣ ва ғайраҳо эътироф мешавад.
Дар он дар ҳамбастагии ҳаҷву лутф ва фолклор ба назар расида, зиёде гирд оварда шудаанд.

Дар китоб муҳити кушодаю фантазияи пурқувват,қалбе, ки оромиро намедонаду дар он  андешаю хотира дар парвоз ҳаст ба тасвир кашида шудааст.Онҷо уқёнуси абадии ҳиссиёти тӯфонӣ ва ахиран бо як қувваи бениҳоят бузург ҷушу хурӯши орзӯҳои асрҳои асри халқ, шавқи мубориза барои озодӣ аз зулму истибдод, аз юғи аҷнабиён сухан меравад.               

Ин ҷӯшу хурӯш чун мавҷи сафеди раъду барқ адабиёти моро равшанӣ ва илҳом мебахшид, сар карда аз Хоренатсӣ, К.Парпетсӣ, Егише,Себеоса ва дигарон.

Ҷамъияти Арманистон бо тантана ва истиқболи гарм 100 солагии ин китоб, ин эҷоди нобиғавиро қайд намуд.

Хачатур Абовян мисли баҳодур Мгерӣ  аз завлона озод гашта, миллати худро ба хотири озодии ватан ба корнамоӣ даъват мекард. Халқ низ бо ҳиссиёти бошууронаи худ рафтор намуда, тахтасанги болои тобут барояш насохт.

Абовян гӯр надорад!

Ӯ ҳамроҳ бо халқи арманӣ мезияд. Миллати арманӣ бошад мисли дигар миллатҳо ҷовидона, абадзинда ҳаст!

Хачатур Аветикович Абовян 15 октября 1809 дар деҳаи Канекари наздикии Ереван таваллулуд шудааст.Санаи  14 апреля 1848 аз хонааш баромада нопадид шудааст. Нависандаи арманӣ, асосгузори адабиёти нави арман, педагог ва мардумшинос. Дар Донишгоҳи Тарту таҳсил кардааст- шарҳи Варқаи Зайниддин.

Аветик Иссаакян, адиби арманӣ

"Избранные сочинения-Проза» том. 2 1956.

Аз русӣ тарҷумаи Варқаи Зайниддин

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi