21:52:09 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХУДШИНОСӢ ДАР ШЕЪРИ ДАВЛАТИ РАҲМОНИЁН

«Калом ҳамчу офтоб аст, ҳамаи одамиён гарму зинда аз ӯянд».

Мавлоно

Давлати Раҳмониён ба ҳайси як андешаманду андешапарвар ва соҳибназари давр бештар бо барномаҳои телевизионии «Сайри маънӣ» ва «Сайди маънӣ» шинохта мешавад. Мазмуну муҳтавои ин барномаҳо хеле рангину ҷаззоб ва диданию шуниданӣ буд.

davlat rahmoniyon 12454554Таровату назокат ва шукӯҳу шаҳомат ва пеш аз ҳама ҳикмати суханро аҳли завқу маърифат аз гуфтору андешаи эшон хеле хуб дар ёд дорад. Ҳар яке аз ин намоишномаҳо ғановати маънавии мардумро меафзуд. Аз ин лиҳоз хизмати устод ба сифати як адиб дар сайқалу ташаккули маънавиёт ва худогоҳию худшиносии афроди ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ шоистаи тақдир ва таҳсин аст, чун дар шароити истиқлол вазифаи аввалиндараҷаи аҳли зиё ва равшанфикрон ин такон бахшидан ба раванди худшиносии миллат ва расонидани миллат ба истиқлолияти фикрӣ мебошад.

Давлати Раҳмониён ба ҳайси як суханварз ва шиор низ дар адабиёти муосири тоҷик мақоми шоистаро касб кардааст. То ба имрӯз маҷмӯаҳои ашъораш бо номҳои «Растохези рӯҳ» (1995), «Найистон» (1996), «Марзи исён» (2002), «Навишта дар пари парвона» (2007), «Қиёми рӯҳ» (2014), «Хайма дар офтоб» (2017) ба нашр расидаанд.

Дар ин навишта фақат ҷойгоҳи масъалаи худшиносии фардӣ ҳамчун зинаи асосии худшиносии ҷомеавӣ дар ашъори Давлати Раҳмониён мухтасар шарҳу баён меёбад. Барои тавзеҳи андеша ончиро гуфтаниям, ки худшиносии фардӣ мавзӯи меҳварии ашъори шоирон аз қадим то ба имрӯз аст. Асолату рисолати ҳар як инсони эҷодкор, бахусус шоирон сангину вазнин аст. Обу ранги маънавии ҳар як навишта ва осору эҷоди ӯ бешак сарчашмаи лаззати маънавӣ ва завқи ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии дигарон мегардад. Нависандаи машҳури рус А.П. Чехов ба ин маънӣ навиштааст: «Қувваи халқ аз зиёиёни ӯст».

Мусаллам аст, ки миллатро эҷодкорони асил ва тавоно ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Бузургони ҷаҳони андеша барои он бузурганд, ки афкори эшон диди дигаронро ба садсолаҳо пеш мебарад, бедор мекунад, дар амалӣ шудани орзуву ормони фард, миллат ва башарият накши муҳим мебозад. Флутин намояндаи фалсафаи навафлотуния мегӯяд: «Ҳар инсон дар саҳнаи зиндагӣ ҳунармандест, ки нақши хоси худро мебозад. Инсони андешаманд ба афкори башарӣ ҳатман чизе зам мекунад».

Нависандаи машҳури рус Л.Н.Толстой менависад: «Агар дар бораи ҳаёту зиндагии як инсон фикр кунем, ё сухан гӯем, лозим аст, дар бораи ҳаёту зиндагии инсоният тафаккур ва андеша намоем».

Ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии ҳар як эҷодкор, аз ҷумла шоиру нависанда аз вусъати андеша дар тасвири воқеият, рангинхаёлӣ, таносуби сухан, обу ранги маънавию бадеӣ ва арзишмандии эстетикию ахлоқии маҳсули эҷодаш шинохта мешавад. Шоир бо тасвири нияту армон ва орзуву омоли хеш дарди ҳамагонро баёнгар аст, ба гуфти Муҳаммад Иқбол «холиқу парвардигори орзуст».

Устоди зиндаёд Худои Шариф дар асари мондагори худ «Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ» дар ин бора гуфтаи ҷолибе дорад: «Сухани шоир ва нависанда бозгӯи ҳунар, маърифату дониш ва маҷмӯан шахсияти вай аст».

Ин падидаи ҳунарӣ аз завқу салиқаи табиӣ ва фардии инсон бармеояд ва аз ҳавсала ва тавони шинохти арзиши воқеиятҳо вобастагии зиёд дорад. Шеъри Раҳмониён дар ҷодаи худшиносӣ аз воқеият сар мезанад. Ӯ хонандаро ба шинохти воқеияте рӯ ба рӯ мекунад, ки ҳикмати зиндагиро дуруст бишиносад ва дарку фаҳм намояд. Фалсафаи худшиносии ашъори ӯ хонандаро дар шинохти ҳикмати зиндагӣ фаъол мегардонад ва нерӯ тавони маънавӣ мебахшад. Аллома Муҳаммад Иқбол ин навъи донишро «ишроқ ва дарунбинӣ» ва «навъи олии ақл» номидааст.

Нахустин шеъре, ки дар ашъори сурудаш то ба имрӯз ба Давлат аз лиҳози фалсафӣ оид ба худшиносӣ шуҳрат овардааст «Паёми кӯчак» ном дорад, ки дар маҷмӯаи аввалинаш-«Растохези рӯҳ» ва пасон дар ҳама маҷмуаҳои ба нашр расондааш ҷой дорад.

Раҳмониён дар ин шеър аз бинишу дониши шоирони классик, яъне шинохти тавҳид бузургтарин ва асоситарин ҷанбаи худшиносӣ илҳом мегирад ва мегӯяд:

Ту огаҳ бош!

Сувардилбастагон кафҳои пурбоданд,

тимсоле сазоворе суҷуде нест.

Ва аз тавҳид зеботар суруде нест…

Аз таърихи адабиёту фарҳанги мо маълум аст, ки баъди интишори дини мубини ислом ҳама ашъори тавҳидшиносии бузургони мо аз Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбари акрам(с) сарчашма мегиранд. Таълимоти гуногунҷабҳаи Қуръон, ки аслан ба шинохти тавҳид ва худшиносии инсон нигаронида шудаааст, орои афкор ва андешаи тамоми донишварону андешамандони мо будааст.

Ҳамзамон зербинои таълимоти худшиносии мутафаккирони гузаштаи моро ин ҳадисҳои Расули Худо(с) – «Ман ъарафа нафсаҳу фақад ъарафа Раббаҳу» (Ҳарки шинохт худро пас ба дурусти ки мешиносад Худояшро) ва «Аллоҳумма аринӣ-л-ашёи камо ҳува» (Худое, чизҳоро ҳамон гуна, ки ҳастанд ба ман бинамой) низ ташкил медиҳад.

Ҳадаф ва мақсади Раҳмониён бо эҷоди ин шеър низ таҳрики инсон ба ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳоншиносӣ, дарку фаҳми мазмун ва моҳияти ҳастиҳо ва падидаву воқеот аст, ки асоси ба худогоҳӣ ва худшиносӣ расидани фард аст. Таъкид кардан зарур аст, ки шоир дар ташхису тадқиқи моҳият ва арзиши ҳастиҳо биниш ва фаҳмиши ҳакимона, яъне фалсафӣ дорад, зеро дар ашъори ӯ маънибахшӣ ва маъноофаринӣ ба он равона мегардад, ки зуҳуроти диалектикии мақулаҳои мазмун ва шакл, сабаб ва натиҷа, фард ва кулл, имконият ва воқеият, зарурат ва тасодуф ва ғайра баёни тозаву рангини шоирона мегиранд, тасвири зебову дилнишин меёбанд ва хулосагирии дурусти мантиқӣ мешаванд.

Ҳанӯз файласуфи машҳури аҳди бостони Юнон Арасту дар асараш «Поэтика» фарқи байни таърихнигор ва шоирро ҳамчун ду шахсияти эҷодкор дар роҳи худшиносии фардӣ ва ҷомеавии афроди ҷомеа чунин қаламдод намудааст: «Таърихнавис воқеаи гузаштаро тасвир менамояд, вале шоир воқеоти ба вуқӯъ наомадаро ба риштаи хаёл мекашад». Аз гуфтаҳои Арасту бармеояд, ки нақши шоир дар бедории фикрӣ ва истиқлолияти фикрии афроди ҷомеа барҷаста аст.

Давлати Раҳмониён ин асолати шеъру шоириро хеле хуб дарк кардааст ва дар ин роҳ гомҳои устувор дорад. Мо ин ҷанбаи вусъати эҷоди ӯро дар шеърҳои ба модар бахшидааш низ бармало мушоҳида мекунем. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар шеъри муосири тоҷик рӯйи ин мавзӯъ касе ба дараҷаи устоди некном Лоиқ Шералӣ пешдастӣ надорад ва банда ин масъаларо дар мақолаҳои ба ӯ бахшидаам бо сароҳат баён намудаам.

Сурудаҳои Раҳмониён оид ба қадршиносӣ ва қадрдонии модар соддаву самимӣ, воқеӣ ва дилнишину дилчаспанд. Шоир ду давраи зиндагии ин сарчашмаи ҳаётбахши инсониро, яке лаззату кайфият, хушҳолӣ ва хушбахтии даврони бо модар будан ва дигаре ғаму андӯҳ ва дарду алами бепоёни баъди марги ӯро дар симои модари хеш ба тасвир меорад. Ба гунаи мисол, лаҳзаҳои бебозгашт ва фараҳафзову рӯҳбахши айёми бо модар буданро ҷиҳати худогоҳию худшиносии хонанда дар ин ғазалаш хеле хонданию хотирмон қаламдод менамояд:

Азизӣ, нозанинӣ, модари ҷон,

Саодатофаринӣ, модари ҷон.

 

Дар ин олам, ки кас ҷуз ғам набинад,

Илоҳо ғам набинӣ, модари ҷон.

 

Қарини дил бувад бисёр, аммо

Ту бар ҷонам қаринӣ, модари ҷон.

 

Бароям меҳтари беҳтар зиёд аст,

Вале ту беҳтаринӣ, модари ҷон.

 

Бузургони дурӯғин кам набошанд,

Бузурги ростинӣ, модари ҷон.

 

Шавам бо офтоби сар мулоқӣ,

Гаҳи дидорбинӣ, модари ҷон.

 

Тулӯи беғурубатро бинозам,

Ту хуршеди заминӣ, модари ҷон.

 

Ба дунёе, ки аслаш ноумедист,

Умеди охиринӣ, модари ҷон.

Баръакс, дар «Ғазали фироқ», «Ду ранг», «Сӯзи ҳамеша» манзараи марги модарро чунон пурсӯзу гудоз ва аламовру ҷонгудоз ба тасвир овардааст, барояи ҳар як инсони соҳибхирад мояи андеша ва тафаккур аст:

Ҳеҷ медонӣ, чи коре баъди модар кардам,

Баъди модар ман ба марги хеш бовар кардаам.

Ва ё ин байт дар ҳамин ғазал:

Сарфарозиҳои ман бо марги модар хатм шуд,

Хешро баъди сари ӯ хокбарсар кардаам.

Ё ки:

Сӯзи модар дар дили ман то ба мурдан тоза аст,

Ман дар ин оташ дили худро самандар кардам.

«Худатро бишинос» нахустин фарзияи худшиносӣ дар таърихи афкору андешаи фалсафӣ маҳсуб аст, ки аз тарафи файласуфи маъруфи атиқаи Юнон Суқрот иброз шудааст. Мафхуми «худӣ»-ро бошад, ҳамчун ҷавҳари бақо ва нерӯи худогоҳию худшиносӣ аломма Муҳаммад Иқбол ба таври илмӣ ба миён гузошт.

Раҳмониён низ дар пайравӣ аз бузургони ҷаҳони андеша шинохти масъалаи «худӣ»-ро чун заминаи асосии огоҳӣ ва бохабарӣ аз ҳувияти фардӣ ва шинохти ҷавҳари инсонии шахсият дар ашъори худ ба ҷилва меорад. Ба гунаи мисол дар ин ғазал:

Суроғе, ки дорам суроғи худ аст,

Суроғи дили доғ-доғи худ аст.

Ҳама умр бозӣ ба оташ марост,

Вале он чи сӯзам, димоғи худ аст.

Мадеҳ дар аёғи касам хуни раз,

Ки дар дастам аз дил аёғи худ аст.

Баҳорошноям, хазондушманам,

Гули хандаам дар фароғи худ аст.

Ҳазори баҳорам, кулоғи даям,

Маро чаҳ-ҷаҳу коғ-коғи худ аст.

Маро чаҳ-ҷаҳу коғ-коғи худ аст.

Ба боғи касон на, ба боғи худ аст.

Раҳам то ба маҳшар аз он равшан аст,

Ки аз чашми ҷонам чароғи худ аст.

Надонам, ки касро суроғи кӣ аст,

Маро то қиёмат суроғи худ аст.

Мақсади шоир дар ин ғазал таърифу тавсифи шахсияти худ нест, балки ҳадафаш он аст, ки ҳар як инсон бояд бидонад ва дарк кунад, ки худшиносии ӯ аз ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳоншиносиаш, маърифати ақлонӣ, фаъолияти босамари зиндагонӣ, соҳибхирадию соҳибназарияш сарчашма мегирад ва вобаста аст. Яъне инсон тамоми имконияти аз қувва ба феъл овардани амвоҷи ҳодисаву воқеот ва падидаву ашёҳоро дорад. Вале ин имконот худ ба худ ба вуҷуд намеояд, барои амалӣ шудани он шинохти ҳаматарафаи нерӯи «худӣ» ва корбасти амиқи боҳунаронаи он лозим аст. Аз тарафи дигар муаллиф вуҷуди шоирро чу фарди дардошно, лабрез аз эҳсоси ғаму шодии зиндагӣ, таҷассумкунандаи розу ниёзи инсонӣ, дилшиносу дилнигор(ба қавли устод Назри Яздонӣ-кардиолог) ба хонанда муаррифӣ месозад.

Суроғ гирифтан аз худ, дили доғ-доғ, бозӣ ба оташ, баҳорошноӣ, хазондушманӣ, чаҳ-чаҳу коғ-коғ, чашми ҷон аз ибораҳои худшиносӣ ба тасвири ҳакимонаи шоирӣ аст, ки дар матлабу мақсади ин ғазал таҷассум ёфтаанд. Шоир бедортарин ва дардошнотарин фарди ҷомеа аст, ки ҳама дарду ранҷ, шодиву ғам, неку бади олам аз риштаи ҷонаш мегузарад ва дар навбати худ, ӯ ин ҳамаро бо каломи нафису сухани тароватнок ба риштаи назм мекашад. Шоир бо баёни сарнавишти худ дар шеър, дарди ҳамагонро ба тасвир меорад, орзуву омол ва арзишҳои барои ҳама дар зиндагӣ муштаракро баёнгар мешавад. Ба гуфти устоди зиндаёд Бозор Собир:

Гӯянд, ки шеър мояи дарду ғам аст,

Шоир нашавад, ҳар он касе бе алам аст.

Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост,

Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст.

Ончиро таъкид кардан зарур аст, ки Раҳмониён дар ашъори худ хонандаро ба таҳдоби ғам намеандозад, ба яъсу ноумедӣ намекашонад, балки чун як ҳакими сухавар бо дарку фаҳми ҳаматарафаи назокату латофати корбасти маъно, таносуби воқеии сухан, хушсуханӣ, ташбеҳоти рангин, навгӯи ва навпардозӣ ба ӯ илҳому рӯҳи тоза мебахшад, дар маърифати воқеият ва арзишҳои зиндагӣ ҷисму ҷон ва нерӯву тавонашро фаъол мегардонад. Шоир бо нишондоди ранҷи ҳамешагӣ, яъне дарду доғи ишқ гуфтанист, ки ҳеҷ дилоромие надорад, вале дили дардошно, ошиқу дилбохтаи зиндагӣ ва лабрезу моломоли муҳаббат ва самимияти инсонӣ дорад. Тасвири чунин намоди худшиносӣ қариб дар ҳама маҷмуаи ашъор ва эҷодиёташ ба мушоҳида мерасад.

Мирзоҳусайни Бадалипур

номзади илмҳои фалсафа, устоди ДМТ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi